Главная / Гуногун / ГУНОХ ЧИСТ ва АЗ КИСТ?

ГУНОХ ЧИСТ ва АЗ КИСТ?

Рохи мард пурпечутоб буд, гахе аз биёбону гахе аз пайрахахои талу теппа мегузашт. На аз шамол панох меёфту на аз борон ва на аз нури сузони офтоб чои гурез. Вай инсоне аст, нихоят босабру токат, бахусус, агар сухан аз боби интизориву гуруснагиву ташнаги равад…

«Помпейнинг сунгги куни». К. Брюллов
«Помпейнинг сунгги куни». К. Брюллов

Холо багоят халкаш хушк монда ва соате, ки ба маргзори пахно расид, дар чустучуи катраи обе худро мисли хуруси сарбуридаву пойкушода куркурона ба чор тараф мезад. Окибат баъди чонканихои зиёд кулмакеро бидид. Аз шоди кариб, ки дилкаф шавад. Бо вучуди ин, тавонист рост истода шукр гуяд ва ба зону нишаст, то сери об нушид. Факат пас аз ин дид, ки оби кулмак басо тира, рангаш заб-зард, оби борони эхтимол панч-шашруза аст.

«Нушам ё на? Нушам ё на…»

Як хам шуд, ба машомаш расид, ки об хеле бадбуй хам будааст. Сар бардошт. Вале аз об чашм намеканд.

– Бинуш! Бинуш! Ё аз нушидани оби мурда хазар дори?

Мард ташнагиро аз хотир фаромуш намуда суи овоз нигарист. Дар ру ба руяш гурбаи алои думболоро дид.

– Ё тавба! – гуфту шах шуда монд.

– Дилат намекашад? – боз аз чониби гурба садо баромад.

– Бигу, ту инси ё чинси?

– На ину на онам. Як гурбаяки оддиям.

– Ту чи тавр гап мезани?

– Ба гумонат факат одамон кудрати гуртугуро доранд?

– Бале, вокеан, аник намедонам.

– Ту маро шинохти? – бо ду пой акибноки шиштаву лабонашро лесида пурсид гурба.

Дар хакикат ин гурбаи пашми баданаш сиёху сафед, чашмонаш оташбор ба назари марди рох ошно метофт. Ва хозир у зур зад, ки дар кучо диданашро ба хотир орад…

– Кушишат бехуда аст, ту маро не, авлодони кайхо гузаштаамро дида буди…

Овози гурба мардро аз каъри хаёлу андеша берун кашид. Вай нав аз худ пурсид, ки ин хама дар хоб аст ё бедори? Ба хар хол атрофро аз назар гузаронд. Бовараш комил гашт, ки дар карибихои ин маргзору кулмаки обаш бадбуй чуз худашу гурба дигар касеву чизе нест.

– Кадом гузаштагонатро? – хайрати мард дам ба дам меафзуд.

– Худро ба нодони назан, онхо хар сари вакт дар пеши назарат падид омада ё ба хобат даромада туро безобита мекунанд.

Марди рох дарёфт, ки хак ба чониби гурба аст. Ва сар чунбонд.

– Дуруст мегуи…

– Ёд дори? – пурсид гурба.

– Чиро?

– Айёми ишки нахустинатро.

– Ачиб суоле! Ки ишки нахустинашро фаромуш кардааст?..

– Бале ту ошик буди, дар осмонхо парвоз дошти, дунё ба назарат рангин менамуд, хатто худро намешинохти, ба гайр аз гами махбубаат дигар гам намехурди, аз казову кадар, одаму олам парво намекарди…

– Бале…

– Он  кадар саргарму бехуш буди, ки дили махбубаро ба даст наоварда, бо умеди соати дидор ба хавлиашон рах ёфти, такдиру тасодуф туро ёр буданд.

– Ман самимона мехостам…

– Нону намак мехурди. Ба хотири дилёби омодаи хар амал буди. Рузе модари духтар хохиш кард, дар аввал гила намуд, ки гурбаашон бачаи бисёре зоидаасту намедонад чи кор кунад, аз ки мадад талабад… Охир онхо сохиби духтар буданду аз писар махрум. Ёд дори, модар хохиш кард, ки илочи гурбачахоро ёби.

– Ин кариб бист сол пеш ба вукуъ пайваста  буд.

– Бале, гурбачахо се-чоруза, панч-шашто буданд. Ту хар яки онхоро аз гарданашон гирифта даруни шакархалта андохти. Вакте гурбачахоро, ки аксар мисли ман ало буданд, бардошта мерафти, модар таъкид кард: «Мабодо ба об напартоед». Ту гуфти: «Наход ба ин дарача берахм бошам?»

– Ман хакикатан аз ибтидо чунин ният надоштам, – худро сафед кардан хост марди рох.

– Аз хавли берун рафти ва суи махаллаатон кадам зади.

– Андак онсутар ба тарафи сахро гаштам, – илова кард мард.

– Боз мегуи, ки гузаштагони ман дар хотират нестанд. Дигар киссаамро набур. Ту побанди хаёлу орзухо кадам мешумориди. Шамоли сард мевазид. Арафаи фасли зимистон буд охир. Чизе ба ёдат расиду бозистоди, дахони халтаро кушода филхол дарунаш нигаристи.

– Тарсида будам, ки нафасашон гирифта гурбачахо намурда бошанд.

– Не, онхо зинда «мияв-мияв» гуён ларзону харосон мунтазири лахзаи начот сар бардоштанд. Ту боз дахони халтаро гун кардиву ба рохат идома доди. Дар чорсуи сахро чонзоте ба назар наменамуд. Ту лаби захкани чукуре расиди.

– Кариб буд, ки захканро беоб гумон карда гурбачахоро даруни он партоям.

– Хайрият, диди, ки об дошт. Сипас аз болои захкан хез зада гузашти. Он су майдони пахтаи алхол гузапояашро нагундошта тул мекашид. Ту сари замин гурбачахоро, ки хеч аз «мияв-мияв» гуфтан намемонданд, чаппагардон фуру рехти. Онхо мисли чучаякони очамургро гум карда ларзида-ларзида яке ба замин, дигаре ба дуродур, сеюми суи ту нигариста илтичоомез овоз мебароварданд. Вале ту намешуниди, зеро кар буди. Нигохашонро пай набурди, чунки кур буди. Акаллан харфи тасаллобахше нагуфти, азбас гунг буди… Сари замини беканор, лаби захкани обдор танхо гузошта рафти.

– Баъд чи шуд? – кунчкови намуд марди рох.

Гурба таънаомез нигарист, ки магар акнун вакти пурсидан аст.

– Баъд ду-се соат гурбаякон дарун-даруни гузапоя сарсону саргардон гаштанд. Аз зиндаги умедашонро канда буданд, харчанд намедонистанду намефахмиданд, ки мурдан чист. Пас аз нисфирузи гурбачахо, хама чафс шуда пахлу ба пахлу мехобиданд, аввал бузи пирро диданд, баъд рама гузашт ва окибат чупони муйсафед сари онхо пайдо шуд. Чупони муйсафед хам даруни халтааш андохт.

Бегохии он руз гурбачахо шир мехурданд, бо наберагони чупони рама бози мекарданд. Гурба аз сухан бозмонд. Хомушии тулоние ба миён омад.

Марди рох намедонист чи гуяд, ташнагиро бошад, кайхо аз хотир баровардааст. Вай аз оби кулмак чашм канд. Хост суоле дихад, аммо аз гурбаи ало нишоне набуд.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

restrukturizatsiya-kredita-v-vtb

ФАЙЗИ БОЗСОЗИ

ОТАШДИЛ Вай паси миз нишаста ба хайёл рафта буд… Айёми манктабхони зуд–зуд ба завод меомад. …