Главная / Гуногун / ГУНОҲ ЧИСТ ва АЗ КИСТ?

ГУНОҲ ЧИСТ ва АЗ КИСТ?

Роҳи мард пурпечутоб буд, гаҳе аз биёбону гаҳе аз пайраҳаҳои талу теппа мегузашт. На аз шамол паноҳ меёфту на аз борон ва на аз нури сўзони офтоб ҷои гурез. Вай инсоне аст, ниҳоят босабру тоқат, бахусус, агар сухан аз боби интизориву гуруснагиву ташнагӣ равад…

«Помпейнинг сӯнгги куни». К. Брюллов
«Помпейнинг сӯнгги куни». К. Брюллов

Ҳоло бағоят ҳалқаш хушк монда ва соате, ки ба марғзори паҳно расид, дар ҷустуҷўи қатраи обе худро мисли хурўси сарбуридаву пойкушода кўркўрона ба чор тараф мезад. Оқибат баъди ҷонканиҳои зиёд кўлмакеро бидид. Аз шодӣ қариб, ки дилкаф шавад. Бо вуҷуди ин, тавонист рост истода шукр гўяд ва ба зону нишаст, то серӣ об нўшид. Фақат пас аз ин дид, ки оби кулмак басо тира, рангаш заб-зард, оби борони эҳтимол панҷ-шашрўза аст.

«Нўшам ё на? Нўшам ё на…»

Як хам шуд, ба машомаш расид, ки об хеле бадбўй ҳам будааст. Сар бардошт. Вале аз об чашм намеканд.

– Бинўш! Бинўш! Ё аз нўшидани оби мурда ҳазар дорӣ?

Мард ташнагиро аз хотир фаромўш намуда сўи овоз нигарист. Дар рў ба рўяш гурбаи алои думболоро дид.

– Ё тавба! – гуфту шах шуда монд.

– Дилат намекашад? – боз аз ҷониби гурба садо баромад.

– Бигў, ту инсӣ ё ҷинсӣ?

– На ину на онам. Як гурбаяки оддиям.

– Ту чӣ тавр гап мезанӣ?

– Ба гумонат фақат одамон қудрати гуртугўро доранд?

– Бале, воқеан, аниқ намедонам.

– Ту маро шинохтӣ? – бо ду пой ақибнокӣ шиштаву лабонашро лесида пурсид гурба.

Дар ҳақиқат ин гурбаи пашми баданаш сиёҳу сафед, чашмонаш оташбор ба назари марди роҳ ошно метофт. Ва ҳозир ў зўр зад, ки дар куҷо диданашро ба хотир орад…

– Кўшишат беҳуда аст, ту маро не, авлодони кайҳо гузаштаамро дида будӣ…

Овози гурба мардро аз қаъри хаёлу андеша берун кашид. Вай нав аз худ пурсид, ки ин ҳама дар хоб аст ё бедорӣ? Ба ҳар ҳол атрофро аз назар гузаронд. Бовараш комил гашт, ки дар қарибиҳои ин марғзору кўлмаки обаш бадбўй ҷуз худашу гурба дигар касеву чизе нест.

– Кадом гузаштагонатро? – ҳайрати мард дам ба дам меафзуд.

– Худро ба нодонӣ назан, онҳо ҳар сари вақт дар пеши назарат падид омада ё ба хобат даромада туро безобита мекунанд.

Марди роҳ дарёфт, ки ҳақ ба ҷониби гурба аст. Ва сар ҷунбонд.

– Дуруст мегўӣ…

– Ёд дорӣ? – пурсид гурба.

– Чиро?

– Айёми ишқи нахустинатро.

– Аҷиб суоле! Ки ишқи нахустинашро фаромўш кардааст?..

– Бале ту ошиқ будӣ, дар осмонҳо парвоз доштӣ, дунё ба назарат рангин менамуд, ҳатто худро намешинохтӣ, ба ғайр аз ғами маҳбубаат дигар ғам намехўрдӣ, аз қазову қадар, одаму олам парво намекардӣ…

– Бале…

– Он  қадар саргарму беҳуш будӣ, ки дили маҳбубаро ба даст наоварда, бо умеди соати дидор ба ҳавлиашон раҳ ёфтӣ, тақдиру тасодуф туро ёр буданд.

– Ман самимона мехостам…

– Нону намак мехўрдӣ. Ба хотири дилёбӣ омодаи ҳар амал будӣ. Рўзе модари духтар хоҳиш кард, дар аввал гила намуд, ки гурбаашон бачаи бисёре зоидаасту намедонад чӣ кор кунад, аз кӣ мадад талабад… Охир онҳо соҳиби духтар буданду аз писар маҳрум. Ёд дорӣ, модар хоҳиш кард, ки илоҷи гурбачаҳоро ёбӣ.

– Ин қариб бист сол пеш ба вуқўъ пайваста  буд.

– Бале, гурбачаҳо се-чорўза, панҷ-шашто буданд. Ту ҳар яки онҳоро аз гарданашон гирифта даруни шакархалта андохтӣ. Вақте гурбачаҳоро, ки аксар мисли ман ало буданд, бардошта мерафтӣ, модар таъкид кард: «Мабодо ба об напартоед». Ту гуфтӣ: «Наход ба ин дараҷа бераҳм бошам?»

– Ман ҳақиқатан аз ибтидо чунин ният надоштам, – худро сафед кардан хост марди роҳ.

– Аз ҳавлӣ берун рафтӣ ва сўи маҳаллаатон қадам задӣ.

– Андак онсўтар ба тарафи саҳро гаштам, – илова кард мард.

– Боз мегўӣ, ки гузаштагони ман дар хотират нестанд. Дигар қиссаамро набур. Ту побанди хаёлу орзуҳо қадам мешуморидӣ. Шамоли сард мевазид. Арафаи фасли зимистон буд охир. Чизе ба ёдат расиду бозистодӣ, даҳони халтаро кушода филҳол дарунаш нигаристӣ.

– Тарсида будам, ки нафасашон гирифта гурбачаҳо намурда бошанд.

– Не, онҳо зинда «мияв-мияв» гўён ларзону ҳаросон мунтазири лаҳзаи наҷот сар бардоштанд. Ту боз даҳони халтаро ғун кардиву ба роҳат идома додӣ. Дар чорсўи саҳро ҷонзоте ба назар наменамуд. Ту лаби заҳкани чуқуре расидӣ.

– Қариб буд, ки заҳканро беоб гумон карда гурбачаҳоро даруни он партоям.

– Хайрият, дидӣ, ки об дошт. Сипас аз болои заҳкан хез зада гузаштӣ. Он сў майдони пахтаи алҳол ғўзапояашро нағундошта тўл мекашид. Ту сари замин гурбачаҳоро, ки ҳеҷ аз «мияв-мияв» гуфтан намемонданд, чаппагардон фурў рехтӣ. Онҳо мисли чўҷаякони очамурғро гум карда ларзида-ларзида яке ба замин, дигаре ба дуродур, сеюмӣ сўи ту нигариста илтиҷоомез овоз мебароварданд. Вале ту намешунидӣ, зеро кар будӣ. Нигоҳашонро пай набурдӣ, чунки кўр будӣ. Ақаллан ҳарфи тасаллобахше нагуфтӣ, азбас гунг будӣ… Сари замини беканор, лаби заҳкани обдор танҳо гузошта рафтӣ.

– Баъд чӣ шуд? – кунҷковӣ намуд марди роҳ.

Гурба таънаомез нигарист, ки магар акнун вақти пурсидан аст.

– Баъд ду-се соат гурбаякон дарун-даруни гўзапоя сарсону саргардон гаштанд. Аз зиндагӣ умедашонро канда буданд, ҳарчанд намедонистанду намефаҳмиданд, ки мурдан чист. Пас аз нисфирўзӣ гурбачаҳо, ҳама ҷафс шуда паҳлў ба паҳлў мехобиданд, аввал бузи пирро диданд, баъд рама гузашт ва оқибат чўпони мўйсафед сари онҳо пайдо шуд. Чўпони мўйсафед ҳам даруни халтааш андохт.

Бегоҳии он рўз гурбачаҳо шир мехўрданд, бо наберагони чўпони рама бозӣ мекарданд. Гурба аз сухан бозмонд. Хомўшии тўлоние ба миён омад.

Марди роҳ намедонист чӣ гўяд, ташнагиро бошад, кайҳо аз хотир баровардааст. Вай аз оби кўлмак чашм канд. Хост суоле диҳад, аммо аз гурбаи ало нишоне набуд.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …