Главная / Илм / ГУЛХОР

ГУЛХОР

rosa-achburensisГУЛХОР (Rosa achburensis), хуч, навъе аз бутта. Аз 1 то 3 м кад мекашад. Пояаш сершох, баргаш токапаршакл (5 – 7 баргча дорад), гулаш токаи сафед. Меваи пухта расидааш сурхи норанчи ё сурхи сиёхтоб. Май – июл гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар минтакаи бешазори пахнбарг, арчазор, фаркзор, сохили дарёву чуй, чойхои санглох месабзад. Бештар дар нишебихои чан. к-кухи Хисор (хавзаи д. Варзоб), к-куххои Каротегин (хавзаи д. Кофарнихон), Пётри Якум (кисми гарби), Дарвоз вомехурад.
Дар тибби халкии точикон киём ва шарбати меваи хушки Г.-ро барои пешгири ва табобати камвитамини, равганашро барои табобати захм, беморихои пуст, луобпардахо истифода мебаранд. Бо накеъи он (20 дона меваи онро дар 0,5 л оби чуш андохта, як шабонаруз нигох медоранд) зуком, сулфа, галаёни хун, гулузиндонакро табобат менамоянд; инчунин онро чун воситаи исхоловар, пешоброну араковар истеъмол мекунанд. Чушоби решаи Г. барои муоличаи дарди санги гурда тавсия шудааст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …