ГУЛХОР (Rosa achburensis), хуч, навъе аз бутта. Аз 1 то 3 м қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш тоқапаршакл (5 – 7 баргча дорад), гулаш тоқаи сафед. Меваи пухта расидааш сурхи норанҷӣ ё сурхи сиёҳтоб. Май – июл гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар минтақаи бешазори паҳнбарг, арчазор, фаркзор, соҳили дарёву ҷӯй, ҷойҳои санглох месабзад. Бештар дар нишебиҳои ҷан. қ-кӯҳи Ҳисор (ҳавзаи д. Варзоб), қ-кӯҳҳои Қаротегин (ҳавзаи д. Кофарниҳон), Пётри Якум (қисми ғарбӣ), Дарвоз вомехӯрад.
Дар тибби халқии тоҷикон қиём ва шарбати меваи хушки Г.-ро барои пешгирӣ ва табобати камвитаминӣ, равғанашро барои табобати захм, бемориҳои пӯст, луобпардаҳо истифода мебаранд. Бо нақеъи он (20 дона меваи онро дар 0,5 л оби ҷӯш андохта, як шабонарӯз нигоҳ медоранд) зуком, сулфа, ғалаёни хун, гулӯзиндонакро табобат менамоянд; инчунин онро чун воситаи исҳоловар, пешоброну арақовар истеъмол мекунанд. Ҷӯшоби решаи Г. барои муолиҷаи дарди санги гурда тавсия шудааст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …