Главная / Илм / ГУЧУММЕВА

ГУЧУММЕВА

guchummevaГУЧУММЕВА, буттамева, тармева, худруй ва боги мешавад. Г. хеле хуштаъм буда, дар таркибаш витамин, канд, кислотахои органики ва моддахои пектини дорад, хазми хурокро метезонад. Моддахои пектини барои аз моддахои пусида (уфунат) тоза кардани рудахо мусоидат менамояд; чунончи, тамашк 0,5 – 0,9, марминчон 0,4 – 1,6, коти сиёх 0,2 – 0,8 пектин доранд. Г. ба харакат ва ихрочи усораи узвхои хозима таъсир расонида, холестеринро аз организм меронад.
Кариб хамаи навъхои Г. чавхари себ доранд, дар таркиби клюква микдори зиёди чавхари лиму, ангур кислотаи сирко, дар таркиби брусника ва клюква кислотаи бензоат мавчуд аст. Г. манбаи моддахоест, ки дорои хосияти мусаддианд (танин ва катехин). Танин ба луобпардаи руда таъсири зиддиилтихоби мерасонад. Катехин хусусиятхои витамини Р-ро дорад ва якчоя бо витамини С деворахои рагхоро мустахкам мекунад.
Г.-хо бинобар хеле сероб буданашон зуд вайрон мешаванд. Дар Г.-и пухташуда (мураббо, оби мева ва г.) микдори моддахои пурарзиши биологи, пеш аз хама витаминхо, то андозае кам мешавад. Аммо хангоми зуд ях бастан ва ё яку якбора хушк кардан, кимати гизоии Г. махфуз мемонад. Ниг. низ Афшура, Мева.

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …