Главная / Илм / ГЛИКОПРОТЕИДХО

ГЛИКОПРОТЕИДХО

glikoproteidiГЛИКОПРОТЕИДХО, сафедахои мураккаби ангиштобдор. Кариб дар хама бофтахо ва моеоти организм вучуд доранд. Массаи мол. аз даххо хазор то якчанд млн. Ба Г. асосан мутсинхо ва мукоидхо мансубанд. Мутсинхо дар шираи гадудхои луоб, мас., дар шираи гадуди оби дахон вучуд доранд. Мукоидхо ба таркиби тагояк, устухон, пай, банд, зучочияи чашм, сафедаи тухм ва г. дохил мешаванд. Ба Г. бисёр сафедахои таркиби плазмаи хун (серулоплазмин, орозомукоид, трансферин, протромбин), унсурхои гурухи хун, иммуноглобулинхо, баъзе ферментхо, гормонхо мансуб мебошанд. Микдори карбогидратхо дар Г. то 80%-ро ташкил медихад. Таркиби полисахаридии онхо аз глюкозамин, галактоза, манноза ва диг. карбогидратхо иборат аст. Г.-е, ки кисми гайрисафедавии онхо кислотаи нейраминат мебошад, ахамияти калони биологи доранд. Онхо дар баъзе ферментхо, гормонхо, луоб ва бофтахои асаб вучуд дошта, дар хосил шудани чисмхои масуни роли мухим мебозанд. Аз гидролизи Г. дар баробари аминокислотахо глюкоза, галактоза, манноза ва диг. хосилаи карбогидратхо, инчунин кислотаи сулфат ва сирко хосил мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …