Главная / Илм / ГЛИКОЛИЗ

ГЛИКОЛИЗ

glycolysisГЛИКОЛИЗ (аз юн. glykys – ширин ва lysis – тачзия), раванди мураккаби ферментии тачзияи глюкоза. Г. дар шароити анаэроби (бе оксиген) дар бофтахои хайвонот ва одам сурат мегирад. Махсули нихоии табдили гликолизии глюкоза кислотахои шир ва аденозинтрифосфат (АТФ) мебошад. Кимати биологии Г. дар хосил шудани пайвастхои фосфор аст. Хангоми тачзияи онхо энергияе, ки барои таъмини раванди хаёт дар шароити норасоии оксиген зарур аст, хосил мешавад (мас., дар мушакхои фаъолияташон пурзур).
Г. метавонад дар шароити аэроби (мавчуд будани оксиген) низ сурат гирад (мас., дар хаво). Дар чунин холатхо Г. зинаи аввали табдили оксидии глюкоза ва диг. карбогидратхо то CO2 ва Н2О мебошад.
Дар организми одам ва хайвонот механизмхое вучуд доранд, ки барои ба самти мукобил чараён гирифтани Г. мусоидат мекунанд (яъне чониби аз кислотаи шир хосил шудани глюкоза). Раванди мазкур глюконеогенез ном дошта, хусусан дар чигар фаъолона сурат мегирад.
Дар танзими Г. ва глюконеогенез инсулин ахамияти калон дорад. Чараёни муътадили Г. хангоми гурусна мондан, диабети канди, дистрофияи мушакхо ва г. халал меёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …