Главная / Илм / ГИПЕРВИТАМИНОЗ

ГИПЕРВИТАМИНОЗ

gipervitaminozГИПЕРВИТАМИНОЗ (Hypervitaminosis; аз гипер ва витаминхо), беморие, ки дар натичаи бисёр истеъмол кардани витаминхо ба вучуд меояд. Витаминхо омили зарур ва беивази тагзия мебошанд. Дар сурати камвитамини неруи мухофизии организм суст гашта, мубодилаи моддахо вайрон мешавад, беморихои гуногун сар мезананд (ниг. Витаминкохи). Нарасидани витаминхо хусусан ба сабзишу инкишофи кудак таъсири манфи мерасонад. Истеъмоли витаминхо бояд меъёр дошта бошад. Акидаи «чи кадар зиёд бошад, хамон кадар хуб» барои витаминхо норавост. Истеъмоли аз хад зиёди витаминхо боиси Г. мегардад.
Г. шадид ва музмин мешавад. Г.-и шадид бинобар якбора истеъмол намудани вояи зиёди витамин, Г.-и музмин дар натичаи истеъмоли дуру дарози микдори аз эхтиёчоти физиологии организм зиёди витамин ба вучуд меояд. Ба Г., одатан, кудакони хурдсол (агар падару модар бе тавсияи духтур ба фарзанд чи кадаре хоханд витамин диханд) гирифтор мешаванд. Г. дар одамони калонсол бинобар истеъмоли зиёди хурокхое, ки ягон витамини бисёр доранд, ба вучуд меояд. Г. дар натичаи хассосияти баланди организм нисбати витаминхо низ пайдо мешавад. Ду шакли гипервитаминоз – D ва А мавчуд аст.
Гипервитаминози D шадид ва музмин мешавад. Хангоми он рафтори кудак якбора тагйир меёбад: дар аввал у бекарор, инчик аст, минбаъд камхаракату бехол мешавад. Бемор рангпарида ва беиштихо шуда, варами чигар кабзият ё дарунрави ба вучуд меояд. Кудак бисёр ташна мемонад, зуд-зуд пешоб ва кай мекунад, логар ва сабзишаш суст мешавад. Нафаскаши вазнин ва душвор, набз суст аст. Дар аснои Г.-и музмини D тагйироти ногувор баъди як мохи истеъмоли витамин сар мезанад. Фишори хуни баъзе кудакон баланд мешавад.
Хангоми Г.-и D дар калонсолон хастахоли, беиштихои, дилбехузури, кай, шикамдард, кабзият, сардард, гипертензияи шараёни, дарди банду мушакхо, карахт шудану ларзидани дастон, нишонахои беобии организм ва г. рух менамоянд. Муддати мадид истеъмол кардани дорухои витамини D боиси дар узву бофта ва девораи рагхо гун шудани калтсий мегардад. Хавфи чиддии он иллати гурда аст, ки имкон дорад ба уремия табдил ёбад.
Гипервитаминози А низ метавонад ба таври музмин ва шадид чараён гирад. Дар мавриди Г.-и шадид кудак бекарор, тундмизоч, бехол, хоболуд, камхаракат аст; харор. бадан то 390С баланд мешавад. у мумкин аст кай кунад, нафаскашиаш душвор гардад; дар пуст догхои сурх падид оянд. Г.-и музмини А тадричан инкишоф ёфта, баъди 1 – 12 мохи истеъмоли витамин зохир мешавад. Кудак асабони ва камхоб шуда, иштихо мебандад, пуст хушкида мерезад. Пардаи луобии милки дандон ва лаб кафида, хуншор мегардад. Одами калонсол асабони, ноором, камиштихо мешавад; кобилияти кори суст, хоб вайрон мегардад, банду бегумхо дард мекунанд, аз бини хун рафта, холати дубини рух медихад. Истеъмоли аз хад зиёди сабзи, ки дар таркибаш каротин бисёр аст (аз он витамини А хосил мешавад), боиси Г.-и нашавад хам, пустро зард менамояд (ксантоз).
Г.-ро духтур табобат мекунад. Бо пайдоиши аломатхои Г. истеъмоли витамини А ва гизохои аз ин витамин фаровонро хатман катъ кардан лозим аст.
Бо максади пешгирии Г. хангоми кабули витаминхо бояд хама тавсияхои духтурро катъи риоя кард; барои истеъмоли вояи муайяни витамини моеъ факат аз доручаконаки махсус (барои чашм) бояд истифода кард. Хар гуна махсулоти сервитаминро бе маслихати духтур ба кудак додан чоиз нест. Витаминхоро дар чои ба кудакон дастнорас нигох медоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …