Главная / Илм / ГИПЕРТРОФИЯ

ГИПЕРТРОФИЯ

gipertrofiyaГИПЕРТРОФИЯ (аз гипер… ва юн. trophe – хурок, гизо), афзудани хачм ва массаи узв. Г. хакики ва дуругин мешавад. Хангоми Г.-и дуругин узв бинобар инкишофи босуръати мас., бофтаи чарбу калон мешавад. Дар мавриди Г.-и хакики унсурхои паренхимавии узв афзоиш меёбанд (гиперплазия). Сабаби Г.-и хакики дар аксар холатхо таъсири барзиёди вазоифи ба ин ё он узв аст (Г.-и кофи). Мисоли чунин тарзи Г. калон ва пуркувват шудани мушакхои варзишгарон ва ашхоси машгули кори чисмони мебошад. Хангоми маризи Г.-и кори дар натичаи таъсироти зиёд ба фаъолияти узв пайдо мешавад, мас., гипертрофияи мушакхои дил бинобар баланд будани фишори шараён. Яке аз шаклхои Г.-и кори, ки бештар дучор меояд, Г.-и таъвизи аст; дар мавриди он яке аз узвхои чуфт (мас., гурда) бинобар бурида дур сохтан ё фаъолияти нокифояи дигари калон мешавад.
Г. зери таъсири гормонхо низ ба вучуд меояд. Чунин шакли Г. дар гадудхои шир хангоми хомилаги ба мушохида мерасад. Мисоли Г.-и гормонии патологи калон шудани бини, дасту по, забон ва узвхои дохили хангоми акромегалия аст.
Хачм ва массаи узв баъзан бинобар бартараф сохтани сабабхое, ки мучиби он шудаанд, ба эътидол меояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …