Главная / Илм / ГИПЕРГИДРОЗ

ГИПЕРГИДРОЗ

gipergidrozГИПЕРГИДРОЗ (Hyperhidrosis; аз гипер… ва юн. hydro – об), серараки, яке аз тарзхои ихтилоли ихрочи арак. Дар мавриди Г. арак бисёр ва бенизом ихроч мегардад. Сабабхои Г. нихоят гуногун мебошанд, мас., стресс, калон будани чусса, пархез, ихтилоли фаъолияти гормонхо, осеби чумчума, бемории гадудхои усораи дохили, асабхо ва г.; Г. ирси низ мешавад. Бисёр арак кардан хамеша аломати Г. нест (мас., хангоми кори чисмони, гарми, пушидани либоси гафс ва г.).
Г. боиси ночурихо дар хаёти шахс мегардад, либос тар ва бадбуй мешавад. Барои рахои ёфтан аз Г. сабабхои онро табобат кардан лозим аст. Истифодаи дезодорант Г.-ро бартараф насозад хам, буи нохуши аракро нест мекунад. Антиперспирантхо сурохи гадудхои аракро танг ва ихрочи онро кам менамоянд. Кабл аз муоличаи Г. сабаби онро мукаррар кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …