Главная / Илм / ГИГАНТИЗМ

ГИГАНТИЗМ

gigantizmГИГАНТИЗМ (Gigantismus; аз юн. gigas, gigantos – азимчусса), азимчуссаги, номуътадил сабзидани кади одам. Г. дар натичаи аз меъёр зиёд хосил шудани гормони рушд (кисми пеши гипофиз хорич мекунад) ба вучуд меояд. Мафхуми Г. ва комати баландро бояд аз якдигар фарк кард. Волидайни азимчуссахо (гигантхо), одатан, кадбаланд нестанд. Бештар мардон азимчусса мешаванд. Г. аз 9 – 10-солаги ё аз давраи балогати чинси зохир гашта, то интихои инкишофи физиологии организм давом мекунад. Ин кабил одамон дардманд буда, шикояти онхо аз дарди сар, бемадори, хастаги, дарди дасту по аст. Мушакхои дар аввал пуркувват минбаъд якбора заиф мешаванд. Хотира суст, фаъолияти рухи номураттаб гашта, кори узвхои чинси, гадуди сипаршакл ва зери меъда халал меёбад. Андоми азимчусса номутаносиб, дасту пойхо (хусусан пойхо) дароз, сар майда мешавад.
Кади ашхоси гирифтори Г. нихоят дароз (мардхо зиёда аз 200 см, занхо – зиёда аз 190 см) аст. Хангоми Г. узвхои дохили низ калон мешаванд (спланхномегалия), мубодилаи моддахо тагйир меёбад. Дар мавриди Г. дар мардхо гипогонадизм, дар занхо аменорея ва бенасли рух менамоянд.
Аломати асоси барои ташхиси Г. кади баланд аст, яъне каде, ки аз меъёри миёнаи кудакони хамон синну сол дароз бошад. Дар сурати ба мушохида нарасидани тагйироти чидди ва нишонахои Г., вале баланд будани кади кудак, волидон ва хешу табори наздик низ мавриди тадкик карор мегиранд. Агар хамаи онхо болобаланд бошанд, пас чунин кудак кадбаланд махсуб дониста мешавад; он бемори нест ва муоличаи махсус намехохад. Кади баъзе кудакони гирифтори чогар низ баланд мешавад, вале он ба дарачаи Г. намерасад.
Усулхои хозираи табобат (истифодаи муштараки дорухои гормони ва рентгенотерапия) дар аксар холатхо натичаи хуб медиханд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …