Главная / Илм / ГЕПАТИТ

ГЕПАТИТ

gepatitГЕПАТИТ (Hepatitis; аз юн. hepas, hepatos – чигар), номи умумии беморихои илтихобии шадид ва музмини чигар. Пайдоиши Г. гуногун аст. Г. якумин ва дуюмин мешавад.
Г.-и якумин бемории мустакил ва Г.-и дуюмин падидаи бемории дигар аст. Г.-и якумин дар натичаи таъсири вирусхо (ниг. Гепатити вируси), шароб (ниг. Гепатити алкоголи), дорухо (Г.-и доруи) ё моддахои химияви (Г.-и захрогин) инкишоф меёбад. Г. модарзоди низ мешавад; сабаби он сирояти вирусхо, номувофикатии хуни модар ва тифл ва г. мебошад.
Г.-и дуюмин дар заминаи сироят, захролуди, хангоми беморихои рохи меъдаю руда ва г. рух менамояд. Вобаста ба давомият, хусусиятхои морфологи ва клиники Г. шадид ва музмин мешавад.
Гепатити шадид. Сабаби Г.-и шадид вирусхо (мас., вируси гепатитхои А, В, С ва г.), ангезандаи беморихои сирояти (лептоспироз, салмонеллёз, домана, варача, брутселлёз ва г.), моддахои химияви (тринитротолуол, чорхлориди карбон ва г.), инсектисидхо ва металлхо (сурб, фосфор, марги муш ва г.), дорухо (баъзе дорухои рухгиро, антибиотикхо, сулфаниламидхо ва г.), захри наботи, мас., захри занбуругхо махсуб мешаванд. Бемори аз чанд хафта то чанд мох давом мекунад. Табларза, дард кардани зери кабургаи рост, диспепсия, зардпарвин, калон шудани чигар ва сипурз аломатхои Г.-и шадид мебошанд.
Беморони Г.-и шадидро дар касалхона хобондан лозим аст.
Гепатити музмин. Агар бемории чигар бидуни бехтар шудан то 6 мох давом ёбад, пас сухан аз бобати Г.-и музмин меравад. Г.-и музмин некфарчом, фаъол ва холестази мешавад. Дар мавриди бемори иштихо суст ва дар зери кабургаи рост фишор ва гарони эхсос мешавад. Чигар калон ва сахт аст. Хангоми Г.-и музмини фаъол мариз бехолат шуда, аз гизохои равгани ру метобад; аз бини хун меравад; харор. бадан баланд ва пуст зард мешавад, аъзои бадан хориш мекунад. Чигар ва сипурз калон аст. Г.-и музмини холестази бо заъфарма ва хориши токатфарсои пуст падид меояд; дар пуст хар гуна доначахо медаманд.
Окибати Г.-хои музмини фаъол ва холестази чидди буда, дар аксар холатхо бо сиррози чигар анчом мепазиранд. Дар давраи хуручи бемори маризро дар касалхона хобондан лозим аст. Ниг. низ Чигар.

Н.М. Гуломова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …