Главная / Илм / ГЕНОТИП

ГЕНОТИП

genotipГЕНОТИП, мачмуи генхое, ки дар хромосомахои организм чойгир шудаанд. Ба маънои васеъ Г. мачмуи омилхои наслии организм буда, нишонахои ирсии аз насл ба насл гузарандаро дар худ нигох медорад. Г. системаест, ки инкишоф, сохт ва фаъолияти хаётии организм, яъне мачмуи хамаи аломатхои организм – фенотипи онро назорат карда меистад. Г. системаи ягонаи генхои ба хамдигар таъсиркунанда мебошад; аз ин ру зухуроти хар як ген аз мухити генотипие, ки ген дар он чойгир шудааст, вобаста аст. Истилохи «Г.» баъзан ба маънои махдуд барои ифода кардани гурухи генхо ё хатто генхои алохида истифода мешавад. Ниг. низ Ирсият.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …