Главная / Илм / ГАЗНА

ГАЗНА

gaznaГАЗНА (Urtica dioica), газандиёр, газангир, анчура, гиёхест бисёрсола. Аз 30 то 150 см кад мекашад. Пояи рости сершох, барги байзашакли нугтез, меваи донашакл дорад. Поя ва баргхояш бо муякхои «газанда» (номаш аз хамин чост) пушида шудаанд. Мохи май гул карда, июн тухм мебандад. Асосан чун алафи бегона дар богу киштзор, инчунин бешазор, заминхои нокорам, канори чуй вомехурад.
Абуалии Сино дар «Ал-Конун» кайд кардааст, ки барги куфтаи анчура хуни биниро бозмедорад. Агар барги анчураро дар оби чав чушонда нушанд, сандуки синаро тоза мекунад. Мархами он пучакро сар меорад ва шифо мебахшад. Г. шахватро зиёд менамояд. Тухми он давои зики нафас ва илтихоби шуш буда, мархамаш барои муоличаи саратон ва варами гуш ёри мерасонад. Хокистари Г. бо намак барои муоличаи захмхои фасоднок нафъ дорад. Сино бо тухми Г. обхураро табобат менамуд.
Табибони халки чушоби Г. («тавлангоба»)-ро чун давои балгамрон, хунбанд ва исхоловар истифода мебаранд. Аз хокаи барги Г. ва орд атола («олиоба») тайёр карда, барои муоличаи газак ва захми меъда, хуншории узвхои даруни ва бачадон дар дили нахор рузе якпиёлаги мехуранд. Бо чушоби омехтаи Г. ва пудина сарро мешуянд. Чушоби тухми он барои гулузиндонак нофеъ аст.
Агар онро куфта ба узве гузошта банданд, моддаро аз таг ба руи пуст мекашад, варамхои сахтро тахлил медихад. Баргашро дар об чушонида он обро бо оби чав даромехта бинушанд, беморихои узвхои даруни синаро шифо мебахшад. Барги тари Г.-ро куфта ба пешони гузошта банданд, хуни биниро мебанданд, агар ба пучакхо гузошта банданд, онро мекафонад; ба озаххо банданд, онхоро хушк карда меафтонад. Хокистари Г.-ро бо намак даромехта ба решхо гузошта банданд, онхоро сихат мекунад. Тухмашро бихуранд, барои дамкутахи, сурфа, иллати аъзои нафас ва обварам дору мешавад; сафро ва балгами часпакро аз бадан хорич месозад, барои иллатхои сипурз ва гурда дармон мебошад, бохро кави мегардонад. Агар барги Г.-ро куфта гузошта банданд ё куфтаи онро бо асал хамир карда, ба закар ва каши рон бимоланд, бохро ба харакат меоварад. Оби Г.-и тарро дар дахон ва халк гардонанд, варами забончаи халкро тахлил медихад. Равгани Г. барои муолича кавитар аз тухми он аст: барои кувват бахшидани бох, рафъи дарди бугумхо, дарди сурин, никрис бихуранд ва бимоланд, шифо мебахшад.
Дар амалияи тибби муосир накеъ ва чавхари обии Г.-ро хангоми хуншории шуш, чигар, бачадон ва руда тавсия медиханд. Чавхари хушки он ба таркиби доруи «Аллохол» дохил мешавад (онро дар мавриди гепатит, холангит, холесистид ва кабзияти музмин истифода мебаранд). Шираи барги тару тоза ё чавхари Г. давои пешоброн, балгамовар, зидди илтихоб аст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …