Главная / Биология / ГАСТРУЛЯТСИЯ ЧИСТ?

ГАСТРУЛЯТСИЯ ЧИСТ?

Бластула аз микдори зиёди бластамерахо иборат буда (масалан, дар нештаршаклхо аз 3000 хучайра), дар рафти инкишоф ба давраи нав мегузарад, ки гаструла (аз юнони gastro – меъда) ном дорад. Дар ин давра чанин аз кабатхои чудо-шудаи хучайраги – баргчахои чанин иборат аст. Кабати беруниро эктодерма (аз калимаи юнонии еcto – берун) ва даруниро энтодерма (аз калимаи юнонии еnto – дарун) меноманд.

Мачмуи равандхое, ки бо пайдоиши гаструла мусоидат мекунанд, гаструлятсия номида мешавад.Дар нештаршаклхо гаструлятсия дар натичаи фуру рафтани як тарафи девораи бластула, ки дар натича чавфи аввали чисм пайдо мешавад, ба вучуд меояд (расми 7.2).

7-2

Барои исботи ин гуфтахо туби сурохшудаи кудаконро мисол меорем. Туби рангини резини аз мобайн бо хат чудо шудааст. Агар тубро тарзе гузорем, ки шакли коса пайдо шавад, девораи он аз ду кабат иборат буда, ба шакли гаструлаи нештаршаклхо монанд мешавад. Дар ин холат, вазифаи эктодермаро кабати болои ва вазифаи энтодермаро кабати даруни (фурурафта) ичро мекунад. Дар хайвоноти серхучайра, гайр аз рудаковокхо, баробари гаструлятсия кабати сеюми ё баргаки чанин – мезодерма (аз юнонии mеsos – дар мобайн чой гирифтан) низ пайдо мешавад.

Мезодерма аз мачмуи унсурхои хучайраги, ки дар байни экто – ва энтодермаи чавфи аввалини чисм чой доранд, иборат аст. Бо пайдо шудани мезодерма чанин секабата мешавад (расми 7.3).

Хамин тавр, мохияти раванди гаструлятсия дар он аст, ки массаи хучайрахо бо хам омезиш меёбанд, вале хучайрахои чанини таксим намешаванд ва намесабзанд. Дар хамин давра истифодаи ахбори генетикии хучайрахои чанин сар шуда, аломатхои нахустини тафрикашави ба назар мерасанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

КОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (КОНУНИ ТАЧЗИЯ)

Хангоми дурагакунии наслхои гибридии якум, ки аломати якхела доранд, дар насли дуввум хам аломати модари …