Главная / Биология / ГАСТРУЛЯТСИЯ ЧИСТ?

ГАСТРУЛЯТСИЯ ЧИСТ?

Бластула аз миқдори зиёди бластамераҳо иборат буда (масалан, дар нештаршаклҳо аз 3000 ҳуҷайра), дар рафти инкишоф ба давраи нав мегузарад, ки гаструла (аз юнонӣ gastro – меъда) ном дорад. Дар ин давра ҷанин аз қабатҳои ҷудо-шудаи ҳуҷайрагӣ – баргчаҳои ҷанин иборат аст. Қабати беруниро эктодерма (аз калимаи юнонии еcto – берун) ва даруниро энтодерма (аз калимаи юнонии еnto – дарун) меноманд.

Маҷмўи равандҳое, ки бо пайдоиши гаструла мусоидат мекунанд, гаструлятсия номида мешавад.Дар нештаршаклҳо гаструлятсия дар натиҷаи фурў рафтани як тарафи девораи бластула, ки дар натиҷа ҷавфи аввали ҷисм пайдо мешавад, ба вуҷуд меояд (расми 7.2).

7-2

Барои исботи ин гуфтаҳо тўби сўрохшудаи кўдаконро мисол меорем. Тўби рангини резинӣ аз мобайн бо хат ҷудо шудааст. Агар тўбро тарзе гузорем, ки шакли коса пайдо шавад, девораи он аз ду қабат иборат буда, ба шакли гаструлаи нештаршаклҳо монанд мешавад. Дар ин ҳолат, вазифаи эктодермаро қабати болоӣ ва вазифаи энтодермаро қабати дарунӣ (фурўрафта) иҷро мекунад. Дар ҳайвоноти серҳуҷайра, ғайр аз рўдаковокҳо, баробари гаструлятсия қабати сеюмӣ ё баргаки ҷанин – мезодерма (аз юнонии mеsos – дар мобайн ҷой гирифтан) низ пайдо мешавад.

Мезодерма аз маҷмўи унсурҳои ҳуҷайрагӣ, ки дар байни экто – ва энтодермаи ҷавфи аввалини ҷисм ҷой доранд, иборат аст. Бо пайдо шудани мезодерма ҷанин сеқабата мешавад (расми 7.3).

Ҳамин тавр, моҳияти раванди гаструлятсия дар он аст, ки массаи ҳуҷайраҳо бо ҳам омезиш меёбанд, вале ҳуҷайраҳои ҷанинӣ тақсим намешаванд ва намесабзанд. Дар ҳамин давра истифодаи ахбори генетикии ҳуҷайраҳои ҷанин сар шуда, аломатҳои нахустини тафриқашавӣ ба назар мерасанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …