Главная / Илм / ГАРМАШ

ГАРМАШ

alcea-nudifloraГАРМАШ (Alcea nudiflora), гулхайрии сафед, гиёхест бисёрсола. Пояаш рост; аз 30 см то 2 м кад мекашад. Баргаш калон (дарозии думчааш то 20 см, бари пахнакаш 3 – 18 см), мудаввар. Гулаш сафед, кифшакл. Тухмаш гурдашакли сиёхтоб. Моххои май – сент. гул карда, тухм мебандад.
Г. дар аксар нохияхои Точикистон меруяд. Бештар дар чангалзори пахнбарг ва гармсер (шибляк), шибогзори дашт, маргзори субалпи, нишебихои санглохи кух, бог, киштзор, канори рох ва г. (800 – 3000 м аз с. б.) месабзад.
Теофраст, Дискуридус, Плиний ва диг. Г. – ро доруи хуби сулфа хисобидаанд. Ба акидаи табибони халки Г. реш ва пучакхоро мепазонад, варамхоро тахлил медихад. Барги тарашро куфта ба сар банданд, варами майна ва пардаи онро шифо мебахшад, барои бардамида шудани пилки чашм давои хуб аст. Онро куфта ба захмхо гузошта банданд, дахани онхоро ба хам оварда шифо мебахшад. Агар ягон узв шикаста бошад, ба он куфта гузошта банданд, устухонро ба хамдигар пайваст мекунад. Агар Г.-ро дар об чушида, он обро ба сар бирезанд ё сарро бо он шуянд, муи сарро нарм мекунад. Ва агар дар он об то ноф даромада шинанд, варами макъадро тахлил медихад. Тухми хушкашро куфта, бехта, бо оби ширгарм биошоманд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Куфтаи тухми Г.-ро дар об тар карда, он луобро бо шакар даромехта, нимгарм бихуранд, сурфаи гарм ва хун кай карданро нафъ дорад. Пусти решаи Г. бисёр кави аст. Агар онро дар об чушонида бинушанд, исхолро мебандад. Иллати кулинч (колит)-ро шифо мебахшад. Решаи Г.-ро дар об чушонида дар он об даромада бихобанд ё бишинанд, пайвандхои шахшударо мулоим мекунад. Решаи хушки онро куфта, ордаки онро бо орди бокило даромехта, бо равгани хук сиришта, бар бугумхо гузошта банданд, шах шудан ва варамхои сахтро ислох мекунад.
Бехи Г.-ро дар тибби бисёр давлатхои чахон истифода мебаранд; асосан доруи балгамовар хисоб меёбад. Хангоми илтихоб ва кабзияти узвхои нафас, рохи пешоб, газаки меъдаву руда ва г. низ тавсия медиханд. Бехаш то 35% луоб, инчунин канд, аспаргин ном модда ва г. дорад. Бехи Г.-ро бахор ва тирамох гундошта, дар чои соя мехушконанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …