Главная / Илм / ГАНДУМАЧИРИК

ГАНДУМАЧИРИК

elytrigia_repensГАНДУМАЧИРИК (Elytrigia repens), растаниест бисёрсолаи хушадор. Пояаш аз 60 то 170 см кад мекашад. Баргаш борики дароз (ба барги гандум шабохат дорад). Хушааш рост, дароз; донаш дукатора чойгир шудааст. Г. дар хоки нарм хуб нашъунамо карда, то 15 – 20 см реша меронад. Дар Точикистон (к-куххои Курама, Туркистону Зарафшон, Хисору Дарвоз, Точикистони Чануби, Шарки ва Помири Гарби) дар заминхои партов, дарёбод, богот ва алафзор бисёр аст. Дар мавзеъхои кухи то минтакаи субалпи (3800 м баландтар аз с. б.) дучор меояд. Г. растании сармобардор буда, ба камоби тоб меорад.
Г. растании доруии кадимист. Абуалии Сино бо чушоби решаи он захми меъда, масона, кабзияти пешоб ва г.-ро муолича мекард. Тухми Г. давои хуби пешоброн буда, санги масонаро об мекунад. Шираи бо хиссаи баробари асал ё май чушонидааш давои чашмдард мебошад. Тарбандии мархами он захмхоро шифо мебахшад. Чушоби бехи онро табибони халки хангоми беморихои рохи пешобу талха, аъзои хозима, гурда, ихтилоли мубодилаи моддахо, дарди санги талхадон ва гурда, ширинча, амрози пуст ва чун омили исхоловар, балгамрон истифода мебаранд. Чушоби решаи Г.-ро бо шир омехта хангоми сили шуш, дарди сандуки сина, варача, тарбод, устухондард ва бемории сифилис менушанд.
Г. давои хуби софсозандаи хун хангоми беморихои чигар, гурда, шошадон, дарди санги гурда, тарбод, никрис, варамхои гуногун махсуб мешавад. Тритисин ва левузоли таркиби Г. канди хунро ба меъёр медарорад. Дар мавриди фурункулёзи музмин истеъмол (рузе 8 истакон)-и накеъи решаи Г. (8 кошук дар 1 л оби чуш) нафъ меорад (даври муолича 3 – 4 хафта). Бо накеъи Г. сардард, фишори пасти хун, хастагии фикри ва чисмониро низ дармон мебахшанд. Обзан (ванна)-хои он дар мавриди диатез, бавосир ва рахит муфид мебошанд.
Дар тибби муосир чушоби решапояи Г.-ро чун воситаи исхоловар ва чузъи таркибии доруи мураккаби араковару пешоброн ба кор мебаранд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …