Главная / Илм / ГАМАРТОМА

ГАМАРТОМА

gamartomaГАМАРТОМА (аз юн. hamartia – хато, галат ва …ома), ташкилаи омосмонанде, ки нукси бофтахо буда, дар натичаи ихтилоли инкишофи чанин ба вучуд меояд. Г. ахёнан вомехурад. Он метавонад дар узву бофтахои гуногун пайдо шавад. Чунончи, Г.-и хондроматози, ки дар мавриди он бофтаи тагояк мисли тугунча рушд менамояд, мумкин аст, мас., дар шуш ба мушохида расад. Г.-и фибрози, ки аз бофтаи лифи ташаккул ёфтааст, имкон дорад дар кабатхои амики насчи зери пусти кудаки навзод чой гирад.
Г.-ро бисёр вакт тасодуфан ошкор месозанд. Г. мумкин аст ба омоси саратони табдил ёбад. Бинобар ин беморон бояд хатман ба духтур мурочиат намоянд.
Г. бо рохи чаррохи табобат карда мешавад. Дар сурати сари вакт дур сохтани омос маризи некфарчом аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …