Главная / Илм / ГАМАРТОМА

ГАМАРТОМА

gamartomaГАМАРТОМА (аз юн. hamartia – хато, ғалат ва …ома), ташкилаи омосмонанде, ки нуқси бофтаҳо буда, дар натиҷаи ихтилоли инкишофи ҷанин ба вуҷуд меояд. Г. аҳёнан вомехӯрад. Он метавонад дар узву бофтаҳои гуногун пайдо шавад. Чунончи, Г.-и хондроматозӣ, ки дар мавриди он бофтаи тағояк мисли тугунча рушд менамояд, мумкин аст, мас., дар шуш ба мушоҳида расад. Г.-и фиброзӣ, ки аз бофтаи лифӣ ташаккул ёфтааст, имкон дорад дар қабатҳои амиқи насҷи зери пӯсти кӯдаки навзод ҷой гирад.
Г.-ро бисёр вақт тасодуфан ошкор месозанд. Г. мумкин аст ба омоси саратонӣ табдил ёбад. Бинобар ин беморон бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.
Г. бо роҳи ҷарроҳӣ табобат карда мешавад. Дар сурати сари вақт дур сохтани омос маризӣ некфарҷом аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …