Главная / Илм / ГАДУДИ СИПАРШАКЛ

ГАДУДИ СИПАРШАКЛ

gadudi-siparshaklГАДУДИ СИПАРШАКЛ (Glandula thyroidea), гадуди усораи дохили. Барои танзими мубодилаи моддахо ва энергия дар организм ахамияти калон дорад. Дар кисми пеши гардан чойгир аст. Г. с. аз ду хисса иборат буда, байни хам бо гардана (тангчо) васл гаштаанд. Канорхои болои хиссахои Г. с. бо ханчара тамос дошта, гардана аз пеш халкахои дуюм ва сеюми хирнойро фаро гирифтааст. Вазни Г. с.-и одами калон 20 – 60 г мебошад; он дар давраи балогати чинси калон ва дар пирсоли хурд мешавад. Г. с. аз берун бо парда фаро гирифта шудааст, ки як кисми ниёми амики гардан буда, гилофи берунии гадудро ташкил мекунад (дар зери он пардаи дохили – худи гилоф чойгир мебошад). Аз онхо ба умки узв таворахои бофтахои пайванди мераванд ва Г. с.-ро ба хиссахои дуругин чудо менамоянд. Ба тавассути таворахо рагу асабхо мегузаранд.
Г. с. ба воситаи артерияхои болои ва поёнии сипаршакл бо хун таъмин мешавад. Бозгашти венави ба тавассути венахои болои ва поёнии сипаршакл сурат мегирад. Ба Г. с. асабхои симпатики аз танаи асабхои симпатикии гардан, асабхои парасимпатики бошанд, аз шохахои асаби гумрох, асабхои болои ва рачъи (пасгарданда)-и ханчара меоянд.
Сохтори асосии Г. с. фолликулахо мебошанд. Онхо хубобчахои диаметрашон 0,05 – 0,5 мм буда, бо кабати бофтахои нафис аз хамдигар чудо шудаанд. Фолликулахо дорои мурагхои сершумори хунгард ва лимфави мебошанд. Фазои фолликулахо бо коллоид пур аст (тиреоглобулин дорад). Хучайрахои фолликула аз мачрои хун йодро дошта мегиранд. Йод бо иштироки ферменти махсус ба тиреоглобулини коллоид мепайвандад. Сипас дар натичаи амалиёти мураккаби биохимияви дар фолликулахо гормонхои Г. с. – тироксин (Т4) ва триёодтиронин (Т3) хосил мешаванд.
Микдори муътадили тироксин дар таркиби хун 45 – 170 нмол/л (4 – 11 мкг/100 мл, аз руи маълумоти дигар, 7 – 10 мкг/100 мл) ва трийодтиронин 1,4 – 2,3 нмол/л (45 – 180 нг/100 мл, аз руи маълумоти дигар, 100 – 300 нг/100 мл) аст.
Гайр аз хучайрахои фолликулави дар Г. с. хамчунин хучайрахои наздифолликулави ё К-хучайрахо вучуд доранд; онхо дар сатхи беруни фолликулахо чой гирифтаанд. К-хучайрахо йодро намечаббанд; онхо гормони сафедавии тиреокалтситонин ё тирокалтситонин хосил мекунанд, ки дар мубодилаи калтсий ширкат варзида, микдори калтсийро дар таркиби хун кам мекунад. Тиреокалтситонин зидамали (антагонисти) паратгормон аст.
Гормонхои тиреоиди (Т3 ва Т4) кабл аз хама ба суръати мубодилаи моддахо ва энергия таъсир мерасонанд. Онхо раванди аз чониби хучайраю бофтахо фуру бурдани оксигенро метезонанд, тагзияи гликогенро меангезанд, синтези онро дар чигар бозмедоранд, ба мубодилаи равган таъсир мерасонанд. Хусусан, таъсири гормонхои тиреоиди ба силсилаи дилу рагхо мухим аст. Онхо хассосияти ретсепторхои силсилаи дилу рагхоро ба катехоламин афзуда, бо хамин кашиши мушакхои дилро зиёд мекунанд, фишори артерияро баланд мебардоранд. Гормонхои тиреоиди барои рушду инкишофи муътадили силсилаи асабхои маркази зарур мебошанд; норасоии онхо дар кудаки батн, хусусан дар соли аввали ба дунё омадани тифл, ба кишри магзи сар таъсири номатлуб расонида, боиси инкишофи гули (кретинизм) мешавад. Барзиёд будани гормонхои тиреоиди ба пайдоиши синдроми тиреотоксикоз мусоидат менамояд (ниг. Чогари захрогини мунташир).
Тарашшухи гормонхои Г. с.-ро гормони тиреотропи (ТТГ), ки дар хиссаи пеши гипофиз хосил мешавад, ба танзим медарорад; синтези он, дар навбати худ, зери назорати тиролиберин аст. Заъфи фаъолияти гипоталамус ва (ё) гипофиз боиси инкишофи гипотиреоз ва баръакс, фаъолияти барзиёди хучайрахои гипофиз, ки гормони тиреотропи хосил мекунанд, мучиби ба вучуд омадани синдроми тиреотоксикоз мегардад.
Иллатхои Г. с. бо усулхои гуногун, мас., чамъ овардани анамнез, палмосидан, радиоиммунология, томографияи компютери, УЗИ, ташхиси радионуклиди ва г. ташхис карда мешаванд.
Яке аз беморихои маъмули Г. с. чогар аст. Дар он хамчунин чогари захрогини мунташир, чогари захрогини омехта, омосхои гуногуни саратонию гайрисаратони ва г. ба мушохида мерасанд.
Ад.: Цюхно З.И. (ва диг.), Функциональные методы исследования в эндокринологии, Киев, 1981; Славина Л.С., Заболевания эндокринных желез, Л., 1984; Справочник врача – эндокринолога, Киев, 1987; Анварова Ш.С., Очерки по актуальным вопросам заболеваний щитовидной железы и сахарного диабета, Д., 2001; Хамон муаллиф, Заболевания щитовидной железы, Д., 2004.
Ш.С. Анварова.

КЛ
Расми 1. Гадуди сипаршакл (намуд аз пеш): 1 – тагояки сипаршакл; 2 – хиссаи ахроми; 3 – хиссахои рост ва чап; – 4 – гарданаи гадуди сипаршакл; 5 – хирной (трахея).

Расми 2. Сохтори фолликулахои гадуди сипаршакл (накша): 1 – мурагхои хунгард; 2 – фолликулахо; 3 – артерияхо; 4 – хучайраи гадуд; 5 – коллоид, ки гормонхои гадуди сипаршаклро дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …