Главная / Илм / ҒАДУДИ СИПАРШАКЛ

ҒАДУДИ СИПАРШАКЛ

gadudi-siparshaklҒАДУДИ СИПАРШАКЛ (Glandula thyroidea), ғадуди усораи дохилӣ. Барои танзими мубодилаи моддаҳо ва энергия дар организм аҳамияти калон дорад. Дар қисми пеши гардан ҷойгир аст. Ғ. с. аз ду ҳисса иборат буда, байни ҳам бо гардана (тангҷо) васл гаштаанд. Канорҳои болои ҳиссаҳои Ғ. с. бо ханҷара тамос дошта, гардана аз пеш ҳалқаҳои дуюм ва сеюми хирнойро фаро гирифтааст. Вазни Г. с.-и одами калон 20 – 60 г мебошад; он дар давраи балоғати ҷинсӣ калон ва дар пирсолӣ хурд мешавад. Ғ. с. аз берун бо парда фаро гирифта шудааст, ки як қисми ниёми амиқи гардан буда, ғилофи берунии ғадудро ташкил мекунад (дар зери он пардаи дохилӣ – худи ғилоф ҷойгир мебошад). Аз онҳо ба умқи узв тавораҳои бофтаҳои пайвандӣ мераванд ва Ғ. с.-ро ба ҳиссаҳои дурӯғин ҷудо менамоянд. Ба тавассути тавораҳо рагу асабҳо мегузаранд.
Ғ. с. ба воситаи артерияҳои болоӣ ва поёнии сипаршакл бо хун таъмин мешавад. Бозгашти венавӣ ба тавассути венаҳои болоӣ ва поёнии сипаршакл сурат мегирад. Ба Ғ. с. асабҳои симпатикӣ аз танаи асабҳои симпатикии гардан, асабҳои парасимпатикӣ бошанд, аз шохаҳои асаби гумроҳ, асабҳои болоӣ ва раҷъи (пасгарданда)-и ханҷара меоянд.
Сохтори асосии Ғ. с. фолликулаҳо мебошанд. Онҳо ҳубобчаҳои диаметрашон 0,05 – 0,5 мм буда, бо қабати бофтаҳои нафис аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Фолликулаҳо дорои мӯрагҳои сершумори хунгард ва лимфавӣ мебошанд. Фазои фолликулаҳо бо коллоид пур аст (тиреоглобулин дорад). Ҳуҷайраҳои фолликула аз маҷрои хун йодро дошта мегиранд. Йод бо иштироки ферменти махсус ба тиреоглобулини коллоид мепайвандад. Сипас дар натиҷаи амалиёти мураккаби биохимиявӣ дар фолликулаҳо гормонҳои Ғ. с. – тироксин (Т4) ва триёодтиронин (Т3) ҳосил мешаванд.
Миқдори мӯътадили тироксин дар таркиби хун 45 – 170 нмол/л (4 – 11 мкг/100 мл, аз рӯи маълумоти дигар, 7 – 10 мкг/100 мл) ва трийодтиронин 1,4 – 2,3 нмол/л (45 – 180 нг/100 мл, аз рӯи маълумоти дигар, 100 – 300 нг/100 мл) аст.
Ғайр аз ҳуҷайраҳои фолликулавӣ дар Ғ. с. ҳамчунин ҳуҷайраҳои наздифолликулавӣ ё К-ҳуҷайраҳо вуҷуд доранд; онҳо дар сатҳи беруни фолликулаҳо ҷой гирифтаанд. К-ҳуҷайраҳо йодро намеҷаббанд; онҳо гормони сафедавии тиреокалтситонин ё тирокалтситонин ҳосил мекунанд, ки дар мубодилаи калтсий ширкат варзида, миқдори калтсийро дар таркиби хун кам мекунад. Тиреокалтситонин зидамали (антагонисти) паратгормон аст.
Гормонҳои тиреоидӣ (Т3 ва Т4) қабл аз ҳама ба суръати мубодилаи моддаҳо ва энергия таъсир мерасонанд. Онҳо раванди аз ҷониби ҳуҷайраю бофтаҳо фурӯ бурдани оксигенро метезонанд, тағзияи гликогенро меангезанд, синтези онро дар ҷигар бозмедоранд, ба мубодилаи равған таъсир мерасонанд. Хусусан, таъсири гормонҳои тиреоидӣ ба силсилаи дилу рагҳо муҳим аст. Онҳо ҳассосияти ретсепторҳои силсилаи дилу рагҳоро ба катехоламин афзуда, бо ҳамин кашиши мушакҳои дилро зиёд мекунанд, фишори артерияро баланд мебардоранд. Гормонҳои тиреоидӣ барои рушду инкишофи мӯътадили силсилаи асабҳои марказӣ зарур мебошанд; норасоии онҳо дар кӯдаки батн, хусусан дар соли аввали ба дунё омадани тифл, ба қишри мағзи сар таъсири номатлуб расонида, боиси инкишофи гӯлӣ (кретинизм) мешавад. Барзиёд будани гормонҳои тиреоидӣ ба пайдоиши синдроми тиреотоксикоз мусоидат менамояд (ниг. Ҷоғари заҳрогини мунташир).
Тарашшӯҳи гормонҳои Ғ. с.-ро гормони тиреотропӣ (ТТГ), ки дар ҳиссаи пеши гипофиз ҳосил мешавад, ба танзим медарорад; синтези он, дар навбати худ, зери назорати тиролиберин аст. Заъфи фаъолияти гипоталамус ва (ё) гипофиз боиси инкишофи гипотиреоз ва баръакс, фаъолияти барзиёди ҳуҷайраҳои гипофиз, ки гормони тиреотропӣ ҳосил мекунанд, муҷиби ба вуҷуд омадани синдроми тиреотоксикоз мегардад.
Иллатҳои Ғ. с. бо усулҳои гуногун, мас., ҷамъ овардани анамнез, палмосидан, радиоиммунология, томографияи компютерӣ, УЗИ, ташхиси радионуклидӣ ва ғ. ташхис карда мешаванд.
Яке аз бемориҳои маъмули Ғ. с. ҷоғар аст. Дар он ҳамчунин ҷоғари заҳрогини мунташир, ҷоғари заҳрогини омехта, омосҳои гуногуни саратонию ғайрисаратонӣ ва ғ. ба мушоҳида мерасанд.
Ад.: Цюхно З.И. (ва диг.), Функциональные методы исследования в эндокринологии, Киев, 1981; Славина Л.С., Заболевания эндокринных желез, Л., 1984; Справочник врача – эндокринолога, Киев, 1987; Анварова Ш.С., Очерки по актуальным вопросам заболеваний щитовидной железы и сахарного диабета, Д., 2001; Ҳамон муаллиф, Заболевания щитовидной железы, Д., 2004.
Ш.С. Анварова.

КЛ
Расми 1. Ғадуди сипаршакл (намуд аз пеш): 1 – тағояки сипаршакл; 2 – ҳиссаи аҳромӣ; 3 – ҳиссаҳои рост ва чап; – 4 – гарданаи ғадуди сипаршакл; 5 – хирной (трахея).

Расми 2. Сохтори фолликулаҳои ғадуди сипаршакл (нақша): 1 – мӯрагҳои хунгард; 2 – фолликулаҳо; 3 – артерияҳо; 4 – ҳуҷайраи ғадуд; 5 – коллоид, ки гормонҳои ғадуди сипаршаклро дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …