Главная / Илм / ГАДУДИ ПРОСТАТА

ГАДУДИ ПРОСТАТА

prostatГАДУДИ ПРОСТАТА (Prostat), гадуди аъзои таносули мардхо. Дар коси хурд дар зери пешобдон чой гирифтааст. Зохиран ба самари кастона (каштан) монанд мебошад. Андозаи Г. п. ба синну сол вобастаги дорад. Дар одами калон дарозии он 2,5 – 4 см, бараш 2,5 – 3 см аст; вазнаш – 20 г. Аз чониби кафои Г. п. чуякчае мегузарад, ки онро ба хиссахои рост ва чап чудо менамояд. Ба воситаи Г. п. найи пешобгузар ва ду мачрои мани мегузаранд. Паренхимаи Г. п. аз гадудчахои сершумор иборат аст, ки мачрои онхо ба пешоброха боз мешаванд. Махсули гадудчахо бинобар кашиш ёфтани мушакхои суфтаи Г. п. хорич мегардад. Г. п.-ро шохахои артерияхои поёни масона ва мобайни рудаи рост бо хун таъмин мекунанд. Венахои Г. п. дар атрофи он бофти вариди ба вучуд меоранд, ки ба силсилаи венахои масона ва рудаи рост робита дорад.
Г. п. дар баробари гипофиз бахри хосил шудани мани ширкат меварзад; он хамчунин барои харакати сперматозоидхо (нутфа) ба воситаи мачрои манигузор ва инзол (хорич шудани мани) мусоидат менамояд, дар бедор шудани шахват ва эхтилом иштирок мекунад. Фаъолияти Г. п.-ро системахои асаб ва силсилаи эндокрини ба низом медароранд. Ба фаъолияти тарашшухии он андроген, пролактин ва гормони сабзиш таъсири ангезишовар мерасонанд. Бо гузашти солхо бинобар суст шудани фаъолияти гадудхои таносул фаъолияти тарашшухии Г. п. хомуш мешавад.
Дар мавриди беморихои марбут ба узвхои таносул Г. п.-ро аз чониби пушт бо ангушт месанчанд. Барои ташхиси бемори тадкики усора (бо рохи аз пушт масх кардан мегиранд)-и он низ мухим аст. Барои муоинаи Г. п. аз усулхои уретроскопия, ситоскопия, УЗИ ва рентгенология низ истифода мекунанд.
Ба нукси инкишофи Г. п. агенезия (модарзоди набудани Г. п.) ва гипоплазия (модарзоди инкишоф наёфтани Г. п) мансубанд. Осеби пушидаи Г. п. бинобар шикастани устухони кос ва лат ёфтани кадкашак ба вучуд меояд. Дар натича дар мавзеи кадкашак ва макъад дард пайдо шуда, бемор хун ва бо душвори пешоб мекунад.
Бемории нисбатан маъмули Г. п. простатит аст. Дар сурати дуру дароз давом ёфтани илтихоб ва мубошарати бетартиб, тонуси мушакхои бофтаи гадуд суст шуда, фаъолияти манидон халал меёбад. Умуман, дар Г. п. имкон дорад, ки беморихои гуногун, мас., сил, сифилис, киста, омосхои саратони ва гайри саратони пайдо шаванд. Сабаби баъзеи онхо бемории узви хамшафат аст. Г. п. ахёнан санг пайдо мекунад. Аденомаи гадуди простата бемории маъмул буда, бештар дар пирсоли рух менамояд. Дар байни беморихои саратонии мардхо саратони Г. п. такр. 5%-ро ташкил медихад.
Ниг. низ Узвхои таносул.
Ад.: Эйнгорн А.Г., Паталогическая анатомия и патологическая физиология, М., 1983; Логинов А.В., Физиология с основами анатомии человека, М., 1983; Воробёва Е.А. (ва диг.), Анатомия и физиология, М., 1987. Абдурахмонов Ф.А., Атлас-учебник по функциональной анатомии человека, ч. 1 – 2, Д., 2006, 2008.
А.С. Осимов.
КЛ
Пешобдон, кисми простатавии пешоброха ва гадуди простата: 1 – бандаки миёнаи ноф; 2 ва 3 – мушакпардаи масона (пешобдон); 4 – луобпарда; 5 – секунчаи масона; 6 – забонаи пешобдон; 7 – паренхимаи гадуди простата; 8 – тегаи пешоброха (уретра); 9 – гадуди простата; 10 – кисми пардашакли уретра; 11 – сурохи мачрочахои простата; 12 – зехдончаи простата; 13 – дахонаи мачрои мани; 14 – дунгичаи маниги; 15 – кисми простатавии пешоброха; 16 – сурохи дарунии пешобрез; 17 – сурохи пешобгузар.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …