Главная / Илм / ҒАДУДИ ПРОСТАТА

ҒАДУДИ ПРОСТАТА

prostatҒАДУДИ ПРОСТАТА (Prostat), ғадуди аъзои таносули мардҳо. Дар коси хурд дар зери пешобдон ҷой гирифтааст. Зоҳиран ба самари кастона (каштан) монанд мебошад. Андозаи Ғ. п. ба синну сол вобастагӣ дорад. Дар одами калон дарозии он 2,5 – 4 см, бараш 2,5 – 3 см аст; вазнаш – 20 г. Аз ҷониби қафои Ғ. п. ҷӯякчае мегузарад, ки онро ба ҳиссаҳои рост ва чап ҷудо менамояд. Ба воситаи Ғ. п. найи пешобгузар ва ду маҷрои манӣ мегузаранд. Паренхимаи Ғ. п. аз ғадудчаҳои сершумор иборат аст, ки маҷрои онҳо ба пешоброҳа боз мешаванд. Маҳсули ғадудчаҳо бинобар кашиш ёфтани мушакҳои сӯфтаи Ғ. п. хориҷ мегардад. Ғ. п.-ро шохаҳои артерияҳои поёни масона ва мобайни рӯдаи рост бо хун таъмин мекунанд. Венаҳои Ғ. п. дар атрофи он бофти варидӣ ба вуҷуд меоранд, ки ба силсилаи венаҳои масона ва рӯдаи рост робита дорад.
Ғ. п. дар баробари гипофиз баҳри ҳосил шудани манӣ ширкат меварзад; он ҳамчунин барои ҳаракати сперматозоидҳо (нутфа) ба воситаи маҷрои манигузор ва инзол (хориҷ шудани манӣ) мусоидат менамояд, дар бедор шудани шаҳват ва эҳтилом иштирок мекунад. Фаъолияти Ғ. п.-ро системаҳои асаб ва силсилаи эндокринӣ ба низом медароранд. Ба фаъолияти тарашшӯҳии он андроген, пролактин ва гормони сабзиш таъсири ангезишовар мерасонанд. Бо гузашти солҳо бинобар суст шудани фаъолияти ғадудҳои таносул фаъолияти тарашшӯҳии Ғ. п. хомӯш мешавад.
Дар мавриди бемориҳои марбут ба узвҳои таносул Ғ. п.-ро аз ҷониби пушт бо ангушт месанҷанд. Барои ташхиси беморӣ тадқиқи усора (бо роҳи аз пушт масҳ кардан мегиранд)-и он низ муҳим аст. Барои муоинаи Ғ. п. аз усулҳои уретроскопия, ситоскопия, УЗИ ва рентгенология низ истифода мекунанд.
Ба нуқси инкишофи Ғ. п. агенезия (модарзодӣ набудани Ғ. п.) ва гипоплазия (модарзодӣ инкишоф наёфтани Ғ. п) мансубанд. Осеби пӯшидаи Ғ. п. бинобар шикастани устухони кос ва лат ёфтани қадкашак ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа дар мавзеи қадкашак ва мақъад дард пайдо шуда, бемор хун ва бо душворӣ пешоб мекунад.
Бемории нисбатан маъмули Ғ. п. простатит аст. Дар сурати дуру дароз давом ёфтани илтиҳоб ва мубошарати бетартиб, тонуси мушакҳои бофтаи ғадуд суст шуда, фаъолияти манидон халал меёбад. Умуман, дар Ғ. п. имкон дорад, ки бемориҳои гуногун, мас., сил, сифилис, киста, омосҳои саратонӣ ва ғайри саратонӣ пайдо шаванд. Сабаби баъзеи онҳо бемории узви ҳамшафат аст. Ғ. п. аҳёнан санг пайдо мекунад. Аденомаи ғадуди простата бемории маъмул буда, бештар дар пирсолӣ рух менамояд. Дар байни бемориҳои саратонии мардҳо саратони Ғ. п. тақр. 5%-ро ташкил медиҳад.
Ниг. низ Узвҳои таносул.
Ад.: Эйнгорн А.Г., Паталогическая анатомия и патологическая физиология, М., 1983; Логинов А.В., Физиология с основами анатомии человека, М., 1983; Воробёва Е.А. (ва диг.), Анатомия и физиология, М., 1987. Абдураҳмонов Ф.А., Атлас-учебник по функциональной анатомии человека, ҷ. 1 – 2, Д., 2006, 2008.
А.С. Осимов.
КЛ
Пешобдон, қисми простатавии пешоброҳа ва ғадуди простата: 1 – бандаки миёнаи ноф; 2 ва 3 – мушакпардаи масона (пешобдон); 4 – луобпарда; 5 – секунҷаи масона; 6 – забонаи пешобдон; 7 – паренхимаи ғадуди простата; 8 – теғаи пешоброҳа (уретра); 9 – ғадуди простата; 10 – қисми пардашакли уретра; 11 – сӯрохи маҷрочаҳои простата; 12 – зеҳдончаи простата; 13 – даҳонаи маҷрои манӣ; 14 – дӯнгичаи манигӣ; 15 – қисми простатавии пешоброҳа; 16 – сӯрохи дарунии пешобрез; 17 – сӯрохи пешобгузар.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …