Савол: Бозии футбол кай ва дар кучо пайдо шудааст?
Чавоб: Бозии футбол таърихи зиёда аз 3000 сола дорад. Дар Чини кадим (Хитойи хозира) футболро зиёда аз 3500 сол инчониб бози мекарданд ва он номи «Цу Чю» дошт. Онро одатан машки сарбозон мешумориданд ва албатта тартибу коидаи он аз футболи хозира фаркият дошт.
Инчунин футболро дар Юнон ва Руми кадим хам зиёда аз 2000сол мукаддам хам мебозиданд ва номашро «Мубориза бар туп» меномиданд. Одатан бойхо гуломони худро бар ин бози рохандози карда аз тамошои он лаззат мебурданд ва дар баъзе холатхо бурду бохти моддию молияви мекарданд.
Лек футболи хозирае ки тамоми дунёро фаро гирифтааст бо койидахои хозирааш солхои 1840 дар Англия пайдо шудааст ва аввалин иттиходияи футбол соли 1863 ташакул ёфтааст.
Футболи байналхалки аввалин бор байни Англия ва Шотландия соли 1872 баргузор шуд ва натичааш мусови (0:0) буд. Хамин тавр холо дар чахон аз хама варзиши маъруфтарин футбол аст ва хаводорони у аз хама зиёдтарин мебошад.