Главная / Варзиш / Футбол дар куҷо пайдо шудааст?

Футбол дар куҷо пайдо шудааст?

Савол: Бозии футбол кай ва дар куҷо пайдо шудааст?

Ҷавоб: Бозии футбол таърихи зиёда аз 3000 сола  дорад.  Дар Чини қадим (Хитойи ҳозира) футболро зиёда аз 3500 сол инҷониб бозӣ мекарданд ва  он номи «Цу Чю» дошт. Онро одатан машқи сарбозон мешумориданд ва албатта тартибу қоидаи он аз футболи ҳозира фарқият дошт.

Футбол туп

Инчунин футболро дар Юнон ва Руми қадим ҳам зиёда аз 2000сол муқаддам ҳам мебозиданд ва номашро «Мубориза бар тӯп» меномиданд. Одатан бойҳо ғуломони худро  бар ин бозӣ роҳандозӣ карда аз тамошои он лаззат мебурданд ва дар баъзе ҳолатҳо бурду бохтӣ моддию молиявӣ мекарданд.

Лек футболи ҳозирае ки тамоми дунёро фаро гирифтааст бо қойидаҳои ҳозирааш солҳои 1840 дар Англия пайдо шудааст ва аввалин иттиҳодияи футбол соли 1863 ташакул ёфтааст.

Футболи байналхалқи аввалин бор байни Англия ва Шотландия соли 1872 баргузор шуд ва натиҷааш мусовӣ (0:0) буд. Ҳамин тавр ҳоло  дар ҷаҳон аз ҳама  варзиши маъруфтарин футбол аст ва ҳаводорони у аз ҳама зиёдтарин мебошад.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

варзиш

УСУЛҲОИ ИНКИШОФ ДОДАНИ СИФАТҲОИ ҶИСМОНӢ

Синну соли мактабӣ барои инкишоф додани сифатҳои ҳаракатӣ давраи хеле мусоид аст. Инсон бе ҳаракат …