Главная / Маданият ва санъат / Фазилати курбони кардан

Фазилати курбони кардан

Фазилати курбони кардан

Расули акрам (с) фармуданд: хар ки курбони кунад, шаходат медихам, ки аз хуни курбони катраи аввал дар замин чакад, Аллох таъоло гунохони гузаштаи уро магфират кунад.

Хазрати Довуд алайхиссалом гуфт: – Илохо, ба курбони кардани умматони Мухаммад алайхиссалом чи ато мекуни?

Аллох таъоло хитоб кунад, ё Довуд, хар ки аз умматони Мухаммад алайхиссалом курбони кунад, ба хар муе, ки дар бадани он курбони бошад, ба у дах неки ато карда, дах гунохи уро нест гардонам ва барои у дар бихишт касрхо ато кунам ва Хурулийнро насиби у гардонам.

Расули акрам (с) фармуданд, ки хар киро кудрати курбони кардан бошаду курбони накунад, баъд аз мурдан дар катори яхудон ё дар катори насрони бошад.

Курбониро бояд, ки баъд аз намози ид бикушанд. Бехтар он аст, ки курбониро шахси курбоникунанда худаш бикушад.

Агар натавонад, ба дигаре амр кунад, аммо мустахаб он аст, ки дар болои куштан хозир бошад. Руи курбониро бояд суи, кибла гардонад.

Илохо, хамаи муьминонро тавфики курбони кардан арзони  дошта, курбонии бандагони заифу очизро ба даргохи худ кабул фармои, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …