Главная / Маданият ва санъат / Фазилати курбонӣ кардан

Фазилати курбонӣ кардан

Фазилати курбонӣ кардан

Расули акрам (с) фармуданд: ҳар ки қурбонӣ кунад, шаҳодат медиҳам, ки аз хуни курбонӣ қатраи аввал дар замин чакад, Аллоҳ таъоло гуноҳони гузаштаи ӯро мағфират кунад.

Ҳазрати Довуд алайҳиссалом гуфт: – Илоҳо, ба курбонӣ кардани умматони Муҳаммад алайҳиссалом чӣ ато мекунӣ?

Аллоҳ таъоло хитоб кунад, ё Довуд, ҳар ки аз умматони Муҳаммад алайҳиссалом курбонӣ кунад, ба ҳар мӯе, ки дар бадани он курбонӣ бошад, ба ӯ даҳ некӣ ато карда, даҳ гуноҳи ӯро нест гардонам ва барои ӯ дар биҳишт қасрҳо ато кунам ва Ҳурулийнро насиби ӯ гардонам.

Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар киро қудрати курбонӣ кардан бошаду курбонӣ накунад, баъд аз мурдан дар қатори яҳудон ё дар қатори насронӣ бошад.

Курбониро бояд, ки баъд аз намози ид бикушанд. Беҳтар он аст, ки қурбониро шахси қурбоникунанда худаш бикӯшад.

Агар натавонад, ба дигаре амр кунад, аммо мустаҳаб он аст, ки дар болои куштан ҳозир бошад. Рӯи қурбониро бояд сӯи, кибла гардонад.

Илоҳо, ҳамаи мӯьминонро тавфики қурбонӣ кардан арзонӣ  дошта, қурбонии бандагони заифу оҷизро ба даргоҳи худ қабул фармоӣ, омин.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷи- кистон …