Фазилати дуъо

Фазилати дуъо

Овардаанд, ки Мансури Амор рахматуллоху алайхи рузе дар болои минбар ваъз мегуфт.

Соиле омада гуфт:  Ё Шайх, чахор дирам маро дихед, ки мухточам.

Мансур гуфт: Хар ки бо ин талбанда чахор дирам ато кунад, дар хакки у чахор дуо кунам.

Дар он мачлис гуломи сиёхе буд, аз чойи худ бархоста гуфт:

– Ё Шайх, ман гуломе хастам, хочаи ман яхуди аст. Дар бисоти худ чахор дирам дорам, бо ин талбанда медихам, ба шарте, ки ба ваъдаи худ вафо карда, чахор дуъо дар хакки ман куни.

Шайх гуфт: – Дирхами худро ба ин ато кун, ман ба ваъда вафо карда, хар чи талаб куни, дуъо намоям.

Гулом он чахор дирамро ба талбанда дода гуфт:

– Ё Шайх, ман гуломам, аввал дуъо кун озод шавам.

Дуюм, хочаи ман яхуд аст дуъо кун мусулмон шавад.

Сеюм, дуъо кун Аллох таъоло маро бой гардонад.

Чахорум, дуъо кун Аллох таъоло гунохони маро магфират кунад.

Шайх дар хакки у он чахор дуъоро кард. Он гулом ба хона рафта киссаро ба хочаи худ гуфт. Дархол он яхуд он гуломро озод карда, калимаи шаходатро ба забон ронда мусулмон шуда гуфт: -Ба чамиъи моли худ туро шарик гардонидам, се дуъои Шайх дар хакки ту кабул шуд, аммо дуъои чахорум, ки магфирати Аллох таъоло аст, дар дасти ман нест.

Дархол аз гушаи хона хотифе овоз дод, ки Аллох таъоло шумоёнро бо хамрохи Шайх Мансур аз оташи дузах начот дод ва гунохони хар яки шумоёнро магфират кард.

Монеъи кабул шудани дуъо панч чиз аст:

Аввал, хурдани харом.

Дуюм, зулм кардан бар мардум.

Сеюм, бисёр гафлат.

Чахорум, кибр кардан.

Панчум, шикастани тавба.

Овардаанд, ки Иброхим бинни Адхам рахматуллохи алайх ба шахри Басра рафта буд. Ахли он вилоят назди у чамъ шуданд ва гуфтанд: – Ё Шайх, Аллох таъоло дар Каломи Мачиди худ ёд карда аст, ки дуъо кунед маро, кабул мекунам

дуъои шумоёнро. Муддати чандин сол acт, ки дуъо мекунем, асари кабул маълум нест.

Иброхим бинни Адхам рахматуллохи алайх гуфт. – Дили шумоён ба сабаби дах чиз мурда аст. Ба чи навь дуъои шумоён мустачоб гардад? Аввал, он ки Аллох таъолоро мешиносед, аммо фармудаи уро ба чо намеоред. Дуюм, Куръон мехонед, ба он амал намекунед: Сеюм, даъвои мухаббати Расулуллохро мекунед, аммо суннатхои уро тарк кардаед. Чахорум, шайтонро душман медореду шабу руз тоати уро ба чо меоред. Панчум, даромадани бихиштро мехохеду тушаву тайёри барои даромадани бихишт намекунед. Шашум, аз дузах начотёфтанро мехохед, вале худро дар дузах меандозед. Хафтум, маргро хак мегуеду тайёрии уро намебинед. Хаштум, айби худро надида шабу руз айбчуии бародари мусулмонро мекунед. Нухум, неъмати Аллох таъолоро мехуред, лекин шукронаи онро ба чо намёоред. Дахум, зар руз марги хамсоя ва хешони худро мебинед, аз марги худ хеч огохи надоред.

Илохо, ба хурмати Расули акрам (с) дуъои хамаи бандаи муъмин ва муъминотро ба даргохи худ кабул гардонида, аз шафоати Расули акрам (с) бонасиб гардони, омин.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

46

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти …