Фазилати дуъо

Фазилати дуъо

Овардаанд, ки Мансури Амор рахматуллоҳу алайхи рӯзе дар болои минбар ваъз мегуфт.

Соиле омада гуфт:  Ё Шайх, чаҳор дирам маро диҳед, ки муҳтоҷам.

Мансур гуфт: Ҳар ки бо ин талбанда чаҳор дирам ато кунад, дар ҳаққи ӯ чаҳор дуо кунам.

Дар он маҷлис ғуломи сиёҳе буд, аз ҷойи худ бархоста гуфт:

– Ё Шайх, ман ғуломе ҳастам, хоҷаи ман яҳудӣ аст. Дар бисоти худ чаҳор дирам дорам, бо ин талбанда медиҳам, ба шарте, ки ба ваъдаи худ вафо карда, чаҳор дуъо дар ҳаққи ман кунӣ.

Шайх гуфт: – Дирҳами худро ба ин ато кун, ман ба ваъда вафо карда, ҳар чӣ талаб кунӣ, дуъо намоям.

Ғулом он чаҳор дирамро ба талбанда дода гуфт:

– Ё Шайх, ман ғуломам, аввал дуъо кун озод шавам.

Дуюм, хоҷаи ман яҳуд аст дуъо кун мусулмон шавад.

Сеюм, дуъо кун Аллоҳ таъоло маро бой гардонад.

Чаҳорум, дуъо кун Аллоҳ таъоло гуноҳони маро мағфират кунад.

Шайх дар ҳақки ӯ он чахор дуъоро кард. Он ғулом ба хона рафта қиссаро ба хоҷаи худ гуфт. Дарҳол он яҳуд он ғуломро озод карда, калимаи шаҳодатро ба забон ронда мусулмон шуда гуфт: -Ба ҷамиъи моли худ туро шарик гардонидам, се дуъои Шайх дар хаққи ту қабул шуд, аммо дуъои чаҳорум, ки мағфирати Аллоҳ таъоло аст, дар дасти ман нест.

Дарҳол аз гӯшаи хона ҳотифе овоз дод, ки Аллоҳ таъоло шумоёнро бо ҳамроҳи Шайх Мансур аз оташи дӯзах наҷот дод ва гуноҳони ҳар яки шумоёнро мағфират кард.

Монеъи қабул шудани дуъо панҷ чиз аст:

Аввал, хурдани ҳаром.

Дуюм, зулм кардан бар мардум.

Сеюм, бисёр ғафлат.

Чаҳорум, кибр кардан.

Панҷум, шикастани тавба.

Овардаанд, ки Иброҳим бинни Адҳам раҳматуллоҳи алайҳ ба шаҳри Басра рафта буд. Аҳли он вилоят назди ӯ ҷамъ шуданд ва гуфтанд: – Ё Шайх, Аллоҳ таъоло дар Каломи Маҷиди худ ёд карда аст, ки дуъо кунед маро, қабул мекунам

дуъои шумоёнро. Муддати чандин сол acт, ки дуъо мекунем, асари қабул маълум нест.

Иброҳим бинни Адҳам раҳматуллоҳи алайҳ гуфт. – Дили шумоён ба сабаби даҳ чиз мурда аст. Ба чӣ навь дуъои шумоён мустаҷоб гардад? Аввал, он ки Аллоҳ таъолоро мешиносед, аммо фармудаи ӯро ба ҷо намеоред. Дуюм, Куръон мехонед, ба он амал намекунед: Сеюм, даъвои муҳаббати Расулуллоҳро мекунед, аммо суннатҳои ӯро тарк кардаед. Чаҳорум, шайтонро душман медореду шабу рӯз тоати ӯро ба ҷо меоред. Панҷум, даромадани биҳиштро мехоҳеду тӯшаву тайёрӣ барои даромадани биҳишт намекунед. Шашум, аз дӯзах наҷотёфтанро мехоҳед, вале худро дар дӯзах меандозед. Ҳафтум, маргро ҳақ мегӯеду тайёрии ӯро намебинед. Ҳаштум, айби худро надида шабу рӯз айбҷӯии бародари мусулмонро мекунед. Нуҳум, неъмати Аллоҳ таъолоро мехуред, лекин шукронаи онро ба ҷо намёоред. Даҳум, зар рӯз марги ҳамсоя ва хешони худро мебинед, аз марги худ ҳеҷ огоҳӣ надоред.

Илоҳо, ба ҳурмати Расули акрам (с) дуъои ҳамаи бандаи мӯъмин ва мӯъминотро ба даргоҳи худ қабул гардонида, аз шафоати Расули акрам (с) бонасиб гардонӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …