Главная / Чамъият / Фаъолияти хусусии тибби

Фаъолияти хусусии тибби

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи фаъолияти хусусии тибби

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2002, №11, мод. 663; соли 2005, №12, мод. 634; соли 2009, №3, мод. 97)

 Конуни мазкур асосхои умумии хукуки иктисодй ва ичтимоии бунёд ва амал намудани субъектхои фаъолияти хусусии тиббиро муайян мекунад, хукуку вазифахои онхоро дар амали намудани ин шакли фаъолият танзим менамояд.

Бо Кодекси тандурустии ЧТ аз 30.05.2017 №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОКИТ ДОНИСТА ШУД 

Боби 1. Коидахои умуми

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

   Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд: (КЧТ аз 26.03.09, №504)

– субъектхои фаъолияти хусусии тибби – ташкилотхои хусусии тиббие, ки фаъолияти хусусии тиббиро амали мегардонанд, хамчунин шахсони вокеие, ки ба амалияи хусусии тибби машгул мешаванд;

– фаъолияти хусусии тибби – фаъолияти шахсони хукуки ва вокеи оиди расонидани ёри ва хизмати тибби ба ахоли тибки шартнома, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– амалияи хусусии тибби – фаъолият оиди расонидани ёрии тибби бе таъсиси шахси хукуки аз чониби шахсони дорои тахсилоти олии касбии тибби ва миёнаи касбии тибби мутобики ихтисосашон, дар асоси ичозатномае, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дода шудааст;

– ташкилоти хусусии тибби – ташкилоти тиббие, ки амволи он аз моликияти хусуси ё моликияте, ки дар асоси шартномаи ичора истифода мешавад, иборат аст;

– ёрии тибби– ин пешгирй ва ташхиси беморихо, пешгири аз захролудшави ва захмдоршави, табобати беморон ва баркарорсозии саломати, назорат ба чараёни хомилаги, кумаки момои ва назорат ба давраи баъди таваллуд;

– хизматрасонии тибби – ёрии тиббии пардохтшаванда оиди намуди муайяни бемори, ки дар хачми муайян тибки шартнома расонда мешавад;

– стандартхои ёрии тибби – номгуи талаботхо нисбат ба меъёрхо, коидахо ва хусусиятхои намуди муайяни ёрии тибби ва натичахои он;

– кумаки аввалияи тиббию санитари – мухимтарин кисми системаи нигахдории тандурусти буда, сатхи аввалини муносибати фард, оила ва ё чамъият бо системаи нигахдории тандурусти (субъекти фаъолияти хусусии тибби) мебошад, ки ёрии тиббию санитариро ба махали истикомат ва кори одамон ба дарачаи нихои наздик мекунад ва аввалин кисми раванди давомнокии хифзи саломатиро ифода менамояд.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти хусусии тибби

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти хусусии тибби ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрию хукуки ва санадхои хукукии байналмиллалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат аст.

 

Моддаи 3. Вазифаи субъектхои фаъолияти хусусии тибби

Субъектхои фаъолияти хусусии тибби дар катори муассисахои давлатии хифзи саломати амали гардидани сиёсати давлатиро дар сохаи хифзи саломати таъмин менамоянд.

 

Моддаи4. Принсипхои асосии фаъолияти хусусии тибби дар Чумхурии Точикистон

Принсипхои асосии фаъолияти хусусии тибби дар Чумхурии Точикистон инхо мебошанд:

– масъулияти субъектхои фаъолияти хусусии тибби барои фарохам овардани шароитхое, ки расонидани ёри ва хизмати тахассусии тиббиро таъмин менамояд;

– дастраси умум будани шабакаи ташкилотхои хусусии тибби;

– илми ва дорои самти пешгири будани ёрй ва хизмати тибби;

– аён ва ошкор будани фаъолият, ба истиснои холатхое, ки конунгузори мукаррар кардааст;

 

Боби 2. Ташкил ва танзим намудани фаъолияти хусусии тибби

 

Моддаи 5. Ташкил кардан, фаъолият ва бархам додани ташкилоти хусусии тибби

Ташкилоти хусусии тибби бо тартиби мукарраркардаи конунгузори аз чониби шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.

Шахсони вокеи ва хукукии давлатхои хоричи, инчунин шахсони бешахрванд, ки дар Чумхурии Точикистон доими зиндаги мекунанд, метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ташкилоти хусусии тибби таъсис диханд, агар дар санадхои хукукии байналмиллалии эътирофкардаи Чумхурии Точикистон коидахои дигар пешбини нашуда бошанд.

Ташкилоти хусусии тибби дар сурати мавчуд будани ичозатнома, ки тибки конунгузорй оиди намудхои муайяни фаъолияти тибби дода мешавад ва дар асоси сертификати мутобикати шароити фаъолияти онхо ба стандартхои мукарраршуда, ба фаъолияти тибби машгул шуда метавонад.

Аккредитатсияи ташкилоти хусусии тибби тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз тарафи Комиссияхои аккредитатсиони анчом дода мешавад.

Азнавташкилкуни ва бархамдихии ташкилоти хусусии тибби бо тартиби мукарраркардаи конунгузори сурат мегирад.

 

Моддаи 6. Ичозатномадихии  фаъолияти хусусии тибби

Фаъолияти хусусии тибби дар асоси ичозатнома (литсензия) амали карда  мешавад.

Ичозатнома (литсензия) барои фаъолияти хусусии тибби бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият»  дода  мешавад .

 

Моддаи 7. . (Хорич карда шуд бо К ЧТ аз 26.12.05с №119).

 

Моддаи 8. Шартхои расонидани ёрии аввалиндарачаи тиббию бехдори (санитари)

Субъектхои фаъолияти хусусии тибби дар асоси шартномахои бо ташкилохои сугуртаи тибби инчунин беморон басташуда кумаки аввалияи тиббию санитари бехдори (санитари) мерасонанд.

 

Моддаи 9. Санадхои тибби ва хисобот

Санадхо, хулосахои додаи ташкилотхои хусусии тибби ва шахсони машгули амалияи хусусии тибби баробари хуччатхои тиббии намунаи давлати кувваи конуни доранд.

Ташкилотхои хусусии тибби ва шахсони машгули амалияи хусусии тибби дар хуччатгузории худ аз бланкахои тиббии хисоботи хатмии намунаи давлати, маълумотнома дар бораи таваллуд ва вафот, бланкахои дорухат истифода мекунанд.

Ташкилотхои хусусии тибби ва шахсони машгули амалияи хусусии тибби ухдадоранд, ки хамаи бакайдгирии омори ва хисоботро, ки дар санадхои меъёри ва хукукии Чумхурии Точикистон нишон дода шудааст ба рох монанд ва барои дурустии онхо масъуланд. Ташкилотхои хусусии тибби ва шахсони машгул ба амалияи хусусии тибби ба Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон тибки тартиби муайянгардида дар бораи фаъолияти худ хисобот пешниход менамоянд.

 

Моддаи 10. Ба ичора додани моликияти давлати

Амволи моликияти давлатиро бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои истифодаи субъектхои фаъолияти хусусии тибби ба ичора додан мумкин аст.

 

Боби 3. Фаъолияти молиявии субъектхои фаъолияти хусусии тибби

 

Моддаи 11. Манбаъхои маблаггузории фаъолияти хусусии тибби

Фаъолияти хусусии тибби аз хисоби шахсони вокеи ва хукуки, воситахои сугуртаи хатми ва ихтиёрии тибби, дигар манбаъхое, ки конунгузори манъ накардааст, маблаггузори карда мешавад.

Таъминоти давлатии субъектхои фаъолияти хусусии тибби ва иштироки онхо дар амали гардондани барномахои максадноки нигахдории тандурусти аз хисоби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва ташкилохои сугуртаи тибби тибки шартнома маблаггузори карда мешавад. Масъалахои мансуб ба фаъолияти молияви ва хочагии амалияи хусусии тиббиро конунгузории Чумхурии Точикистон танзим мекунад.

 

Моддаи 12. Шартнома дар бораи  расонидани ёри ва хизмати тибби

Шартнома дар бораи расондани ёри ва хизмати тибби дар байни субъектхои фаъолияти хусусии тибби, инчунин шахсони вокеи ва хукуки, тартиби тагйир додани он, дароз кардани мухлат ва катъ намудани он бо созиши тарафхо баста мешавад ва бояд ба талаботи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон мувофик бошад.

 

Моддаи 13. Пардохти хакки ёри ва хизмати тибби

Пардохти хакки ёри ва хизмати тиббие, ки ташкилотхои хусусии тибби ва шахсони машгули амалияи хусусии тибби мерасонанд, дар асосхои зерин сурат мегирад:

– шартномахое, ки бевосита бо беморон баста мешаванд;

– шартномахо бо корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва шахрвандон оиди расонидани ёрии тибби;

– шартномахое, ки бо идорахои сугуртаи тибби барои расондани ёрии тибби аз руи сугуртаи хатми ва ихтиёрии тибби баста мешаванд;

– шартномахое, ки аз руи барномахои хайрия баста мешаванд.

Нархи хизмати тиббие, ки аз чониби субъектхои фаъолияти хусусии тибби дар доираи шартномахо бо шахрвандон ва ташкилоту муассисахо расонда мешавад, бо тартиби муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Пардохти ёрии таъчилии тиббие, ки ба шахсони эхтиёчманд расонда мешавад, аз чониби ташкилохои сугуртаи тибби мувофики коидахои сугуртаи тибби сурат мегирад.

 

Моддаи 14. Андоз аз субъектхои фаъолияти хусусии тибби

Субъектхои фаъолияти хусусии тиббй ухдадоранд, ки тибки Кодекси андози Чумхурии Точикистон андоз супоранд.

 

Боби 4. Хукук, ва ухдадорихои субъектхои фаъолияти хусусии тибби

 

Моддаи 15. Хукуки шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тибби машгуланд

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тибби машгуланд, хукук доранд:

– аз руи беморихое, ки номгуи онхоро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон тасдик кардааст, ёрии тибби расонанд;

– усулхои тибби халкиро бо тартиби мукарраркардаи конунгузори истифода баранд;

– бо тартиби мукарраркардаи конунгузори хуччатхои тибби диханд;

– барои амали кардани фаъолияти хусусии тибби аз хамаи ташкилотхои хусусии тибби ва шахсони дигаре, ки бо амалияи хусусии тибби машгуланд, ахборот гиранд;

– бо натичахои муоинаи бемор шинос шаванд, дар хамаи зинахои навбатии табобат ба сифати мушовир иштирок намоянд;

– барои амали гардидани фаъолияти касби бо санадхои меъёри шинос шаванд;

– аз бланкахои тиббии хисоботии хатмии намунаи давлати истифода баранд;

– бо дигар шахсони вокеие, ки бо амалияи хусусии тибби машгуланд, барои расондани ёрии тибби якчоя фаъолият кунанд;

– барои таъмини фаъолияти касби дар асоси шартномаи (карордоди) мехнати кормандонро чалб намоянд;

– дар намуди нусха аз хуччатхои тибби дар бораи бемори ва ахволи саломатии беморон хулосахои хатти ва тавсияномахо диханд, ки онхоро хамаи муассисахои тибби истифода бурда метавонанд;

– барои ба даст овардани дорувори ва маснуоти таъиноти тибби ба истиснои дорухати дорухои нашъаовар, дорухои ба онхо баробар ва доруворихое, ки бо шартхои имтиёзнок фурухта мешаванд, ба бемор дорухат навишта, онро бо мухри ташкилоти хусусии тибби ё мухри шахсии мутахассис тасдик намоянд;

– дар бахшхои беморхонавии ташкилоти хусусии тибби барои максадхои тибби дар сурати мавчуд будани ичозатнома мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон   маводи нашъаовар ва психотропиро гиранд, нигох доранд ва истифода баранд.

 

Моддаи 16. Ухдадории шахсони машгул ба фаъолияти хусусии тибби

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тибби машгуланд, ухдадоранд:

– танхо хамон намуди фаъолиятро, ки барои он ичозатнома дода шудааст, амали кунанд;

– шарту коидахои ёрии тиббиро, ки Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, риоя кунанд;

– хуччатгузории зарурии тиббиро, ки ахволи саломатии бемор, хачм ва натичахои ёрии тиббии ба у расондашударо инъикос менамояд, ба рох монанд;

– хисоботи тибби, омори ва молиявиро ба сурогахо дар мухлати мукарраршуда пешкаш кунанд;

– хангоми гузаронидани санчиш аз чониби макомоти ваколатдори нигахдории тандурусти санадхои тибби ва маълумотхоро пешниход намоянд;

– усулу воситахои ташхис, пешгири ва табобат, доруворихои гиёхиро, ки бо тартиби мукарраргардида дар амалияи тиббии Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст, истифода баранд;

– ба марказхои санитарию эпидемиологи ва макомоти дахлдори хифзи саломатии ахоли ходисахои дар беморон ошкор шудани беморихои сирояти, ангали ва таносули, чузом (лепра), саъфати пуст (микроспория), шукуфаи мучин (трихофития), хоришак (чесотка), сил, СПИД беморихои саратони, нашъаманди, рухи ва гайра бо тартиби мукарраркардаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон хабар диханд;

– дар мухлати мукарраркардаи конунгузори аз хисоби маблагхои худи савияи ихтисоси худро баланд бардоранд, агар ин дар шартномахо бо муассисахое, ки расондани ёрии тиббиро маблаггузори мекунанд, пешбини нашуда бошад;

– ба макомоти корхои дохили дар бораи шахсоне, ки дар натичаи захмдоршавии чисмони, латхури ва захролудшави барои ёрии тибби мурочиат кардаанд, хабар диханд;

– ба шахсоне, ки ба кумаки таъчилии тибби эхтиёч доранд, ёрии тиббии бемузд расонанд  хангоми фаъолияти хусусии тибби амалхои зерин манъ аст:

–                  гузаронидани сеансхои оммавии табобати, аз он чумла бо истифодаи воситахои ахбори омма;

– истифодаи тарзу усулхо ва воситахои пешгири, ташхис, табобати беморихо, инчунин доруворихои гиёхи, ки бо тартиби мукарраргардида тасдик нашуда, истифодаи онхо дар амалияи тиббии Чумхурии Точикистон ичозат дода нашудааст.

 

Моддаи 17. Тартиби халли бахсхо

Бахсхое, ки байни субъектхои фаъолияти хусусии тибби, инчунин байни ин субъектхо ва дигар шахсони вокеи ва хукуки ба амал меоянд, бо тартиби суди хал карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Хукуки субъектхои фаъолияти хусусии тибби барои машгул шудан бо тибби халки

Субъектхои фаъолияти хусусии тибби бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон усулхои тибби халкиро истифода бурда метавонавд.

 

Боби 5. Коидахои хотимави

 

Моддаи 19. Таъминоти давлатии субъектхои фаъолияти хусусии тибби ва иштироки онхо дар амали гардидани барномахои максадноки нигахдории тандурусти

Ташкилотхои хусусии тибби ва шахсоне, ки бо амалияи хусусии тибби шугл меварзанд, дар амали гардонидани барномахои максадноки сугуртаи  хатмии тибби, таъминоти давлати  ва нигахдории тандурусти дар асоси озмун иштирок карда метавонанд.

Коидахои гузаронидани озмунхое, ки ба ташкилотхои хусусии тибби ва барои шахсони машгули амалияи хусусии тибби барои таъминоти давлати ва иштирок дар барномахои максадноки нигахдории тандурусти хукук медихад, аз чониби макомоти дахлдори хокимияти ичроия мукаррар карда мешаванд. Ба хайати комиссияи озмун дар асоси баробари намояндагони макомоти дахлдори хокимияти ичроия, иттифокхои касаба, иттиходияхои чамъиятии кормандони тиб, ташкилотхои хусусии тибби, идорахои сугуртавии тибби дохил мешаванд.

Шартномахо дар бораи таъминоти давлатии ташкилотхои   хусусии тибби ва шахсони машгули амалияи хусусии тибби ва иштироки онхо дар амали гардидани барномахои максадноки нигахдории тандурусти дар холатхои иштироки онхо дар барномахои сугуртаи хатмии тибби бо макомоти дахлдори хокимияти ичроия ва худидораи махалли, инчунин идорахои сугуртавии тибби баста мешаванд.

Мукараророти шартномахо:

– талабот нисбати сифати ёрии тибби;

– хачми ёрии тибби;

– шартхо ва коидахои пардохти ёрии тибби;

– коидахои назорат ба сифати ёрии тибби;

– коидахои бакайдгири ва хисобот дар бораи фаъолияти хусусии тибби аз руи шартнома.

 

Моддаи 20. Назорати давлати ба амали гардидани фаъолияти хусусии тибби

Назорати давлатиро ба сифати расонидани ёрии тибби аз чониби шахсони машгули амалияи хусусии тибби Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон, раёсатхои (шуъбахои) нигахдории тандурустии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба амал мебароранд.

 

Моддаи 21. Хамкории байналмиллали

Хамкории байналмиллали дар сохаи фаъолияти хусусии тибби дар асоси санадхои хукукии байналмиллалие, ки онхоро Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, ба амал бароварда мешавад.

Дар холатхое, ки агар дар байни хамин Конун ва санадхои хукукии байналмиллалии эътирофкардаи Чумхурии Точикистон ихтилофот ба амал ояд, он гох меъёрхои санадхои хукукии байналмиллали амал мекунад.

 

Моддаи 22. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ аз 26.03.09, №504)

 

 

        Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                                   Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  2 декабри соли 2002

№60

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …