Главная / Ҷамъият / Фаъолияти хусусии тиббӣ

Фаъолияти хусусии тиббӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №11, мод. 663; соли 2005, №12, мод. 634; соли 2009, №3, мод. 97)

 Қонуни мазкур асосҳои умумии ҳуқуқи иқтисодй ва иҷтимоии бунёд ва амал намудани субъектҳои фаъолияти хусусии тиббиро муайян мекунад, ҳуқуқу вазифаҳои онҳоро дар амалӣ намудани ин шакли фаъолият танзим менамояд.

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД 

Боби 1. Қоидаҳои умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

   Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд: (ҚҶТ аз 26.03.09, №504)

– субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ – ташкилотҳои хусусии тиббие, ки фаъолияти хусусии тиббиро амалӣ мегардонанд, ҳамчунин шахсони воқеие, ки ба амалияи хусусии тиббӣ машғул мешаванд;

– фаъолияти хусусии тиббӣ – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оиди расонидани ёрӣ ва хизмати тиббӣ ба аҳолӣ тибқи шартнома, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– амалияи хусусии тиббӣ – фаъолият оиди расонидани ёрии тиббӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва миёнаи касбии тиббӣ мутобиқи ихтисосашон, дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;

– ташкилоти хусусии тиббӣ – ташкилоти тиббие, ки амволи он аз моликияти хусусӣ ё моликияте, ки дар асоси шартномаи иҷора истифода мешавад, иборат аст;

– ёрии тиббӣ– ин пешгирй ва ташхиси бемориҳо, пешгирӣ аз заҳролудшавӣ ва захмдоршавӣ, табобати беморон ва барқарорсозии саломатӣ, назорат ба ҷараёни ҳомилагӣ, кӯмаки момоӣ ва назорат ба давраи баъди таваллуд;

– хизматрасонии тиббӣ – ёрии тиббии пардохтшаванда оиди намуди муайяни беморӣ, ки дар ҳаҷми муайян тибқи шартнома расонда мешавад;

– стандартҳои ёрии тиббӣ – номгӯи талаботҳо нисбат ба меъёрҳо, қоидаҳо ва хусусиятҳои намуди муайяни ёрии тиббӣ ва натиҷаҳои он;

– кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ – муҳимтарин қисми системаи нигаҳдории тандурустӣ буда, сатҳи аввалини муносибати фард, оила ва ё ҷамъият бо системаи нигаҳдории тандурустӣ (субъекти фаъолияти хусусии тиббӣ) мебошад, ки ёрии тиббию санитариро ба маҳали истиқомат ва кори одамон ба дараҷаи ниҳоӣ наздик мекунад ва аввалин қисми раванди давомнокии ҳифзи саломатиро ифода менамояд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.

 

Моддаи 3. Вазифаи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ дар қатори муассисаҳои давлатии ҳифзи саломатӣ амалӣ гардидани сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ таъмин менамоянд.

 

Моддаи4. Принсипҳои асосии фаъолияти хусусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Принсипҳои асосии фаъолияти хусусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

– масъулияти субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ барои фароҳам овардани шароитҳое, ки расонидани ёрӣ ва хизмати тахассусии тиббиро таъмин менамояд;

– дастраси умум будани шабакаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ;

– илмӣ ва дорои самти пешгирӣ будани ёрй ва хизмати тиббӣ;

– аён ва ошкор будани фаъолият, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;

 

Боби 2. Ташкил ва танзим намудани фаъолияти хусусии тиббӣ

 

Моддаи 5. Ташкил кардан, фаъолият ва барҳам додани ташкилоти хусусии тиббӣ

Ташкилоти хусусии тиббӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ташкилоти хусусии тиббӣ таъсис диҳанд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд.

Ташкилоти хусусии тиббӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома, ки тибқи қонунгузорй оиди намудҳои муайяни фаъолияти тиббӣ дода мешавад ва дар асоси сертификати мутобиқати шароити фаъолияти онҳо ба стандартҳои муқарраршуда, ба фаъолияти тиббӣ машғул шуда метавонад.

Аккредитатсияи ташкилоти хусусии тиббӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияҳои аккредитатсионӣ анҷом дода мешавад.

Азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти хусусии тиббӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 6. Иҷозатномадиҳии  фаъолияти хусусии тиббӣ

Фаъолияти хусусии тиббӣ дар асоси иҷозатнома (литсензия) амалӣ карда  мешавад.

Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»  дода  мешавад .

 

Моддаи 7. . (Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 26.12.05с №119).

 

Моддаи 8. Шартҳои расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббию беҳдорӣ (санитарӣ)

Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ дар асоси шартномаҳои бо ташкилоҳои суғуртаи тиббӣ инчунин беморон басташуда кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ беҳдорӣ (санитарӣ) мерасонанд.

 

Моддаи 9. Санадҳои тиббӣ ва ҳисобот

Санадҳо, хулосаҳои додаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ баробари ҳуҷҷатҳои тиббии намунаи давлатӣ қувваи қонунӣ доранд.

Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ дар ҳуҷҷатгузории худ аз бланкаҳои тиббии ҳисоботи ҳатмии намунаи давлатӣ, маълумотнома дар бораи таваллуд ва вафот, бланкаҳои дорухат истифода мекунанд.

Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ ӯҳдадоранд, ки ҳамаи бақайдгирии оморӣ ва ҳисоботро, ки дар санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст ба роҳ монанд ва барои дурустии онҳо масъуланд. Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғул ба амалияи хусусии тиббӣ ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муайянгардида дар бораи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 10. Ба иҷора додани моликияти давлатӣ

Амволи моликияти давлатиро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ба иҷора додан мумкин аст.

 

Боби 3. Фаъолияти молиявии субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

 

Моддаи 11. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти хусусии тиббӣ

Фаъолияти хусусии тиббӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, воситаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.

Таъминоти давлатии субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ва иштироки онҳо дар амалӣ гардондани барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурустӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоҳои суғуртаи тиббӣ тибқи шартнома маблағгузорӣ карда мешавад. Масъалаҳои мансуб ба фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии амалияи хусусии тиббиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.

 

Моддаи 12. Шартнома дар бораи  расонидани ёрӣ ва хизмати тиббӣ

Шартнома дар бораи расондани ёрӣ ва хизмати тиббӣ дар байни субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартиби тағйир додани он, дароз кардани мӯҳлат ва қатъ намудани он бо созиши тарафҳо баста мешавад ва бояд ба талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад.

 

Моддаи 13. Пардохти ҳаққи ёрӣ ва хизмати тиббӣ

Пардохти ҳаққи ёрӣ ва хизмати тиббие, ки ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ мерасонанд, дар асосҳои зерин сурат мегирад:

– шартномаҳое, ки бевосита бо беморон баста мешаванд;

– шартномаҳо бо корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон оиди расонидани ёрии тиббӣ;

– шартномаҳое, ки бо идораҳои суғуртаи тиббӣ барои расондани ёрии тиббӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ баста мешаванд;

– шартномаҳое, ки аз рӯи барномаҳои хайрия баста мешаванд.

Нархи хизмати тиббие, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ дар доираи шартномаҳо бо шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо расонда мешавад, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Пардохти ёрии таъҷилии тиббие, ки ба шахсони эхтиёҷманд расонда мешавад, аз ҷониби ташкилоҳои суғуртаи тиббӣ мувофиқи қоидаҳои суғуртаи тиббӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 14. Андоз аз субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

Субъектхои фаъолияти хусусии тиббй ӯҳдадоранд, ки тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз супоранд.

 

Боби 4. Ҳуқуқ, ва ӯҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

 

Моддаи 15. Ҳуқуқи шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғуланд

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:

– аз рӯи бемориҳое, ки номгӯи онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ёрии тиббӣ расонанд;

– усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ истифода баранд;

– бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои тиббӣ диҳанд;

– барои амалӣ кардани фаъолияти хусусии тиббӣ аз ҳамаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони дигаре, ки бо амалияи хусусии тиббӣ машғуланд, ахборот гиранд;

– бо натиҷаҳои муоинаи бемор шинос шаванд, дар ҳамаи зинаҳои навбатии табобат ба сифати мушовир иштирок намоянд;

– барои амалӣ гардидани фаъолияти касбӣ бо санадҳои меъёрӣ шинос шаванд;

– аз бланкаҳои тиббии ҳисоботии ҳатмии намунаи давлатӣ истифода баранд;

– бо дигар шахсони воқеие, ки бо амалияи хусусии тиббӣ машғуланд, барои расондани ёрии тиббӣ якҷоя фаъолият кунанд;

– барои таъмини фаъолияти касбӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кормандонро ҷалб намоянд;

– дар намуди нусха аз ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар бораи беморӣ ва аҳволи саломатии беморон хулосаҳои хаттӣ ва тавсияномаҳо диҳанд, ки онҳоро ҳамаи муассисаҳои тиббӣ истифода бурда метавонанд;

– барои ба даст овардани доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ ба истиснои дорухати доруҳои нашъаовар, доруҳои ба онҳо баробар ва дорувориҳое, ки бо шартҳои имтиёзнок фурӯхта мешаванд, ба бемор дорухат навишта, онро бо муҳри ташкилоти хусусии тиббӣ ё муҳри шахсии мутахассис тасдиқ намоянд;

– дар бахшҳои беморхонавии ташкилоти хусусии тиббӣ барои мақсадҳои тиббӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   маводи нашъаовар ва психотропиро гиранд, нигоҳ доранд ва истифода баранд.

 

Моддаи 16. Ӯҳдадории шахсони машғул ба фаъолияти хусусии тиббӣ

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғуланд, ӯҳдадоранд:

– танҳо ҳамон намуди фаъолиятро, ки барои он иҷозатнома дода шудааст, амалӣ кунанд;

– шарту қоидаҳои ёрии тиббиро, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, риоя кунанд;

– ҳуҷҷатгузории зарурии тиббиро, ки аҳволи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои ёрии тиббии ба ӯ расондашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд;

– ҳисоботи тиббӣ, оморӣ ва молиявиро ба суроғаҳо дар мӯҳлати муқарраршуда пешкаш кунанд;

– ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти ваколатдори нигаҳдории тандурустӣ санадҳои тиббӣ ва маълумотҳоро пешниҳод намоянд;

– усулу воситаҳои ташхис, пешгирӣ ва табобат, дорувориҳои гиёҳиро, ки бо тартиби муқарраргардида дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, истифода баранд;

– ба марказҳои санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳодисаҳои дар беморон ошкор шудани бемориҳои сироятӣ, ангалӣ ва таносулӣ, ҷузом (лепра), саъфати пуст (микроспория), шукуфаи мучин (триҳофития), хоришак (чесотка), сил, СПИД бемориҳои саратонӣ, нашъамандӣ, рӯҳӣ ва ғайра бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳанд;

– дар мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ савияи ихтисоси худро баланд бардоранд, агар ин дар шартномаҳо бо муассисаҳое, ки расондани ёрии тиббиро маблағгузорӣ мекунанд, пешбинӣ нашуда бошад;

– ба мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи шахсоне, ки дар натиҷаи захмдоршавии ҷисмонӣ, латхурӣ ва заҳролудшавӣ барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд, хабар диҳанд;

– ба шахсоне, ки ба кӯмаки таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, ёрии тиббии бемузд расонанд  ҳангоми фаъолияти хусусии тиббӣ амалҳои зерин манъ аст:

–                  гузаронидани сеансҳои оммавии табобатӣ, аз он ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма;

– истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои пешгирӣ, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин дорувориҳои гиёҳӣ, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ нашуда, истифодаи онҳо дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст.

 

Моддаи 17. Тартиби ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳое, ки байни субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ, инчунин байни ин субъектҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба амал меоянд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ барои машғул шудан бо тибби халқӣ

Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои тибби халқиро истифода бурда метавонавд.

 

Боби 5. Қоидаҳои хотимавӣ

 

Моддаи 19. Таъминоти давлатии субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ва иштироки онҳо дар амалӣ гардидани барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурустӣ

Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсоне, ки бо амалияи хусусии тиббӣ шуғл меварзанд, дар амалӣ гардонидани барномаҳои мақсадноки суғуртаи  ҳатмии тиббӣ, таъминоти давлатӣ  ва нигаҳдории тандурустӣ дар асоси озмун иштирок карда метавонанд.

Қоидаҳои гузаронидани озмунҳое, ки ба ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва барои шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ барои таъминоти давлатӣ ва иштирок дар барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурустӣ ҳуқуқ медиҳад, аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия муқаррар карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияи озмун дар асоси баробарӣ намояндагони мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони тиб, ташкилотҳои хусусии тиббӣ, идораҳои суғуртавии тиббӣ дохил мешаванд.

Шартномаҳо дар бораи таъминоти давлатии ташкилотҳои   хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ ва иштироки онҳо дар амалӣ гардидани барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурустӣ дар ҳолатҳои иштироки онҳо дар барномаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ бо мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ва худидораи маҳаллӣ, инчунин идораҳои суғуртавии тиббӣ баста мешаванд.

Муқараророти шартномаҳо:

– талабот нисбати сифати ёрии тиббӣ;

– ҳаҷми ёрии тиббӣ;

– шартҳо ва қоидаҳои пардохти ёрии тиббӣ;

– қоидаҳои назорат ба сифати ёрии тиббӣ;

– қоидаҳои бақайдгирӣ ва ҳисобот дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ аз рӯи шартнома.

 

Моддаи 20. Назорати давлатӣ ба амалӣ гардидани фаъолияти хусусии тиббӣ

Назорати давлатиро ба сифати расонидани ёрии тиббӣ аз ҷониби шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шӯъбаҳои) нигаҳдории тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба амал мебароранд.

 

Моддаи 21. Ҳамкории байналмиллалӣ

Ҳамкории байналмиллалӣ дар соҳаи фаъолияти хусусии тиббӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки агар дар байни ҳамин Қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофот ба амал ояд, он гоҳ меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ амал мекунад.

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №504)

 

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                   Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  2 декабри соли 2002

№60

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …