Главная / Илм / ФАЙЛХО ВА ПАПКАХОРО ДАР КОМПЮТЕР

ФАЙЛХО ВА ПАПКАХОРО ДАР КОМПЮТЕР

Бо мафхумхои файлхо ва каталогхо мо аз системаи оператсионии MS DOS шинос хастем. Хамчунин ба мо маълум аст, ки файлхо ва каталогхо дар дискхо чойгир карда мешаванд. Мафхумхои файл ва каталогро дар системаи Windows бештар хуччат ва папка ном мебаранд. Аниктараш, ба хуччатхо файлхои матни, графики, мусики, садои, тасвири видеои ва ба инхо монанд дохил мешаванд. Ин гуна файлхо бо ёрии программахое сохта мешаванд, ки онхоро программатахриргархо меноманд. Масалан, хуччатхои матни бо ёрии тахриргархои матни (ба мисли Лексикон, Microsoft Word) сохта мешаванд. Хуччатхои графики бошанд, бо ёрии тахриргарони гарфики (масалан, Paint) сохта мешаванд.

Файлхое, ки матни программахоро дар бар гирифтаанд, файлхои программави ё худ программа номида мешаванд. Ин гуна файлхо одатан бо ёрии ягон забони алгоритми сохта мешаванд. Ба гайр аз ин, боз файлхое мавчуданд, ки онхо ахбороти махсусро дар бар мегиранд. Масалан, файлхои хуруфи номидашаванда, ягон намуд хуруфро дар бар мегиранд.

Хамин тарик, дар системаи Windows мафхумхои нави аз MS DOS фарккунанда – папка, хуччат, программатахриргар, файлхои хуруфи ва гайра истифода бурда мешаванд. Фаркияти дигари системаи оператсионии Windows аз системаи MS DOS аз он иборат аст, ки дар MS DOS кисми асосии номи файлхо аз 8 аломат зиёд шуда наметавонист, вале дар Windows бошад, онхо то 255 аломатро дар бар гирифта метавонанд. Ба сифати символхои номхо на танхо харфхои алифбои лотини, балки харфхои калону хурди алифбои руси ва баъзе символхои махсусу ракамхоро низ истифода бурдан мумкин аст. Кисми иловагии номи файлхо чун дар MS DOS то се аломатро дар бар гирифта метавонад.

Хотиррасон менамоем, ки файл – ин ягон сохаи номдори диск аст, ки дар он ягон микдори информатсия сабт ёфтааст.

Папкахо бошанд, барои ба танзим овардани файлхо истифода бурда мешаванд. Папкахо низ ба мисли файлхо номгузори карда мешаванд, вале онхо дар номашон кисми иловаги надоранд. Папкахои Windows, дар навбати худ, метавонанд боз зерпапкахоро дар бар гиранд.

Тарзи нигохдории файлхоро дар дискхои компютер сис- темаи файли мегуянд. Файлхо одатан дар дохили ягон папка нигох дошта мешаванд. Папка дар навбати худ метавонад объекти ягон папкаи дигар бошад ё дигар папкаро дар бар гирифта бошад. Тарзи чойгиршавии папкахоро дар дохили хамдигар иерархияи папкахо мегуянд. Сохтори иерархии нигохдории файлу папкахоро дар дискхо бошад, сохтори файли ном мебаранд. Ба мисли MS DOS дар Windows низ воситахои пуриктидори идоракунии сохтори файли мавчуд аст. Амалиёти асосие, ки бо сохтори файли мегузаронанд, инхоянд:

  •  азназаргузаронии (навигатсия) сохтори файли;
  •  бакордарории программахо ва кушодани хуччатхо;
  •  сохтани папкахо;
  •  нусхабардории файлу папкахо;
  •  чойивазкунии файлу папкахо;
  •  несткунии файлу папкахо;
  •  номивазкунии файлу папкахо.

Гарчанде файлу каталогхои DOS ва хуччату папкахои Windows мазмунан як чиз бошанд хам, вале технологияи коркарди онхо аз хамдигар фарки чидди доранд. Дар Windows хар гуна амалиёт хеле одди ичро карда мешавад, ки бо онхо дар мавзуъхои оянда шинос хохем шуд.

Саволхо:

  1. Файлу каталогхоро дар Windows бештар чи гуна ном мебаранд?
  2. Номгузории файлхо ва папкахои Windows аз номгузории файлхо ва

каталогхои MS DOS ягон фарке дорад?

  1. Системаи файли гуфта чиро мефахмед?
  2. Сохтори файли чист ва бо он чи гуна амалиётро гузаронидан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Мафхумхои файлу папкаро чи хеле ки мефахмед, хамон тавр маънидод кунед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

РАВАНДХОИ ИНФОРМАТСИОНИ

Тавре кайд кардем, мафхуми информатсия бо амалиётхои дарёфт, гункуни, кабул, нигахдори, захирасози, табдил, ирсол, сабт …