Главная / Чамъият / Ёрии равонпизишки

Ёрии равонпизишки

 КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи ёрии равонпизишки

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2002, №11, мод. 753; соли 2004, №2, мод. 54)

Боби 1. Мукаррароти умуми

Моддаи 1. Максад ва вазифахои Конун

Конуни мазкур барои бо ёрии тиббию ичтимои таъмин намудани шахрвандони ЧумхурииТочикистон, ки гирифтори беморихои равони мебошанд, чихати бехтар кардани шароити зисту мехнати онхо, пешгирии беморихои равони ва хифзи саломатии рухии ахоли нигаронида шудааст.

Вазифахои ин Конун аз хифзи хукук ва манфиатхои конунии шахсони гирифтори беморихои равони, мукаррар намудани асосхо ва тартиби расонидани ёрии равонпизишки, химояи шахрвандони Чумхурии Точикистон аз амалхои хавфноки ин гуна беморон, хифзи хукуки кормандони тибб ва дигар кормандон, ки ёрии равонпизишки мерасонанд, иборат аст. 

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода бурда мешаванд:

Муассисахои беморихои равони – беморхонахои рухи ва руху асаб, диспансерхо ё марказхои беморихои равони ва руху асаб, хучраи табиби беморихои рухии марказхои саломатии шахрхо ва нохияхо, ки дар хамкории зич бо хадамоти ёрии аввалияи тибби ва хифзи ичтимои ба шахсони гирифтори бемории рухи ёрии тиббии махсусгардонидашударо мерасонанд;

носолимии (бемории) рухи – вайрон шудани фаъолияти муътадили рухи, ки дар пастшавии кобилияти акли ва тагйирёбии возехи тафаккур ифода меёбад;

ёрии равонпизишки – пешгири намудани беморихои равони, муоинаи солимии рухии шахрвандон, назорати диспансери, ташхиси носолимии рухи, табобат, нигохубин, баркарорсозии тибби ва ичтимоии шахсони гирифтори беморихои равони;

намояндагони конуни – шахсоне, ки ифодакунандаи манфиати мизочони гирифтори беморихои равони мебошанд: волидон, фарзандон, фарзандхондагон, васиён ё парасторон;

баркарорсозии тибби-ичтимои – баркарорсозии саломатии беморон бо истифодабарии мачмуи чорабинихои тибби, ичтимои ва мехнати, барои чалби беморон ба мехнат, хамрохшави ба хаёти оилави  ва чамъияти;

гайри кобили амал – аз чониби суд эътироф кардани холати аз тарафи шахс дар натичаи бемории рухи ё камакли гирифторшудан гайриимкон будани дарки мохият ва маънии амалиёти худ ё рохбари ба он;

васояти шахси гирифтори бемории рухи – ташкил ва амалигардонидани химояи шахс ва амволи каси гайри кобили амал, хукук ва манфиатхои у дар натичаи носолимии рухи ё камакли аз  чониби  давлат. 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ёрии равонпизишки

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ёрии психиатри ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст,  иборат мебошад.

Моддаи 4. Прннсипхои расонидани ёрии равонпизишки

Ёрии равонпизишки аз чониби давлат кафолат дода шуда, дар асоси принсипхои рахму шафкат, башардусти ва адолати ичтимои ба амал бароварда мешавад ва аз хукуки хар инсон оиди хифзи саломати, инчунин вазифахои асосии табиб, ки расонидани ёри ба бемор ва дар фаъолияти худ пайрави намудан ба карзи табиби ва одоби касби мебошад, бармеояд. 

Моддаи 5. Хукукхои беморихои равони

Беморихои равони дорои тамоми хукук ва озодихои шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошанд, ки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон пешбини намудааст. Хукуку озодихои беморихои равони танхо дар холатхои пешбининамудаи хамин Конун ва дигар санадхои меъёрию хукукииЧумхурии Точикистон махдуд карда мешаванд.

Ба шахсони гирифтори беморихои равони чунин кафолатхо дода мешавад:

–  гирифтани маълумот дар бораи хукукхои худ;

– муносибати боэхтиромона ва башардустона, ки тахкири шаъну эътибори  инсонро  истисно мекунад;

– додани розигии пешаки ва даст кашидан дар хама зинахо аз истифодаи онхо ба сифати объекти озмоиши маводхо ва усулхои тибби ва тадкикотхои илми;

–  маълумот дар бораи хусусияти бемории рухи ва усулхои табобати он;

– истифодаи восита ва роху усулхои табобат вобаста ба хулосаи ташхис, хислати ранчурхои рухи ва дастовардхои илми тибби замонави, ки макомоти тандурусти ичозат додааст;

– гузаронидани табобат дар шароити дармонгохи ва беморхонаги бо истифодаи  усулхои бошафкатона аз руи имкон дар махалли зисти бемор;

– имконияти даст кашидан аз муоина ва табобат, агар шахс ба кабули карорхои бошуурона кодир бошад;

– нигох доштан дар муассисаи табобати беморхонаги танхо ба мухлате, ки барои муоина ва табобат зарур  аст;

– расонидани ёрии табобати ва ичтимои дар шароите, ки ба талаботи санитарию гигиени мувофикат карда, шаъну эътибори инсониро паст намекунад;

        –  табобати санаторию курорти тибки нишондодхои тибби;

        – хукуки даъвати хар кадом табиби беморихои равони чихати иштирок дар кори комиссия вобаста ба масъалахое, ки хамин Конун танзим мекунад;

        –   гирифтани ёрии ичтимои ва нафака аз давлат;

        – хукуки шахсан ё бо хамрохии дигарон ба макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, корхонахо ва ташкилоту муассисахо мурочиат намудан;

      – ёрии адвокат, намояндаи конуни, инчунин шахси дигари ваколатдор тибки тартиби мукараркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Шахрвандони хоричи ва шахсони бетабааи дар каламрави Чумхурии Точикистон буда, хангоми ёрии равонпизишки аз хама хукукхое, ки Конуни мазкур барои шахрвандони Чумхурии Точикистон муайян кардааст, ба шарте, ки дар шартномахои байналмилали дигар меъёр наомада бошад, истифода мебаранд.

Мавчуд будани бемории рухии доими барои гирифтани имтиёзхо, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, хукук медихад. 

Моддаи 6. Махдуд кардани хукукхои шахсони гирифтори бемории  рухи

Гайри кобили амал эътироф кардани шахси гирифтори бемории рухи, танхо аз чониби суд тибки асос ва тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Аз чониби шахсони дар натичаи бемории рухи муваккатан гайри кобили амал эътирофшуда, анчом додани намудхои алохидаи фаъолияти касбии вобаста ба манбаи хатари зиёд, бо карори  комиссияхои  тибби дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

Номгуи беморихои рухиро, ки монеаи амали кардани намудхои алохидаи фаъолияти касби ва фаъолияти бо хатари зиёд алокаманд мебошанд, Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад. Номгуи зикргардида бо дарназардошти тачрибаи хосилшуда ва дастовардхои илми давра ба давра (на камтар аз як маротиба дар 5 сол) аз нав барраси мегардад.

Танхо дар асоси муоинаи табиби беморихои равони, тахти мушохидаи диспансери карор доштан, дар беморхонаи беморихои равони ё муассисахои руху асаби макомоти хифзи ичтимои будан, махрум намудани хукук ва махдуд намудани манфиатхои конунии шахсони гирифтори бемории рухи манъ аст. 

Моддаи 7. Ихтиёри будани мурочиат  барои гирифтани ёрии тиббии рухи ба шахсони гирифтори беморихои равони

Ёрии тиббии рухи ба шахсони гирифтори беморихои рухи дар мавриди ихтиёран мурочиат намудан ё бо розигии онхо расонида мешавад.

Ба ноболигон ва шахсоне, ки гайри кобили амал эътироф шудаанд, ёрии тиббии рухи бо хохиш ё розигии намояндагони конунии онхо расонида мешавад.

Розигии шахси гирифтори бемории рухи ё намояндаи конунии у барои расонидани намудхои алохидаи ёрии тиббии рухи танхо дар холатхои пешбининамудаи моддаи 28 хамин Конун талаб карда намешавад. 

Моддаи 8. Ухдадории нигох доштани сирри тибби

Хайати кормандони тиббие, ки ба онхо хангоми ичрои вазифахои хизмати дар бораи беморихои рухии шахрвандон маълумот дода мешавад, ухдадоранд сирри тиббиро нигох доранд.

Маълумот дар бораи холати рухии шахрвандон, вокеияти мурочиат барои ёрии тиббии рухи ва табобат дар муассисаи беморихои равони танхо бо дархости хаттии муассисахои рухи ва руху асаб, макомоти болоии тандурусти, макомоти тафтишоти ва суди маълум карда мешавад.

Барои ба амал баровардани хукук ва манфиатхои конунии шахсони гирифтори бемории рухи бо хохиши ва бо хохиши намояндаи конунии вай мумкин аст дар бораи холати саломатии рухии шахси мазкур ва дар хусуси расонидани ёрии тиббии рухи ба у маълумот пешниход карда шавад. 

Моддаи 9. Ташхис ва табобати шахсони гирифтори беморихои равони

Ташхиси бемории рухи мувофики стандартхо ва таснифхои (классификатсияхои) маъмули байналмиллали мукаррар карда мешавад.

Барои ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемории рухи восита ва усулхои тиббие истифода карда мешаванд, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон  ичозат дода шудаанд.

Восита ва усулхои тибби танхо бо максадхои ташхис ва табобат, мувофики хусусияти бемори истифода гардида, барои чазо додан ба шахсони гирифтори бемории рухи ё ба манфиати шахсони дигар  набояд  истифода  карда  шаванд. 

Моддаи 10. Намояндагии манфиатхои конунии шахсоне, ки ба онхо ёрии тиббии рухи расонида мешавад

Хангоми расонидани ёрии тиббии рухи шахсони гирифтори беморихои равони хукук доранд бо хохиши худтибки пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои хифзи хукук ва манфиатхои конуниашон адвокат ё дигар шахси ваколатдорро даъват намоянд.

Рохбари муассисае, ки ёрии тиббии рухи мерасонад, иштироки адвокатро дар давоми 48 соат, ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи 28 хамин Конун, таъмин менамояд.

Намояндагони дар кисми якуми хамин модда зикршуда хукук доранд аз лахзаи мурочиат  хар вакт ба ичрои ухдадорихои худ шуруъ намоянд, бо шахсе, ки манфиатхои уро хифз менамояд мурочиат кунанд, маълумоти вобаста ба тадбирхои тибби ва дигар тадбирхои нисбат ба ин шахс анчомёфтаро ба даст оранд. Инчунин адвокат хукук дорад, ки бо хуччатхои тибби шинос шавад.

Хифзи хукук ва манфиатхои конунии ноболигон ва шахсони гайри кобили  амал эътирофшударо намояндагони конунии онхо ба амал мебароранд, ки барои ин максадхо инчунин хукук  доранд адвокат ва шахси дигари ваколатдорро бо салохдиди худ даъват намоянд.

Барои ноболигон-волидон, фарзандхондагон, васиён ё парасторони онхо ва барои шахсони тибки тартиби мукаррарнамудаи конун гайри кобили амал эътирофшуда бошад, васиёни онхо ва ё рохбарони муассисае, ки ёрии тиббии рухи мерасонад, намояндагони конунии онхо мебошанд.

Хангоми анчом додани ахдхои граждани ё дигар амали дорои хусусияти амволи, намояндаги тибки тартиби мукарарнамудаи конунгузории граждани ва мурофиавии граждани ба амал бароварда мешавад. 

Моддаи 11. Экспертизаи судию тиббии рухи ва тибки таъиноти суд истифода бурдани чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби

Экспертизаи судию рухи доир ба парвандахои чинояти ва граждани тибки асос ва тартиби пешбининамудаи конунгузории мурофиави анчом дода мешавад.

Бо таъиноти суд мачбуран табобат намудани шахсони гирифтори беморихои равони, ки кирдори барои чамъият хавфноки дар конунгузории чинояти пешбинигардидаро содир намудаанд, тибки асос ва тартиби мукаррарнамудаи конунгузории чинояти ва мурофиавии чинояти сурат гирифта, ба таври беморхонаги дар муассисахои беморихои равони, табобатию пешгирикунандаи макомоти тандурусти, ба амал бароварда мешавад.

Шахсоне, ки бо карори суд дар бораи истифодаи чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби,  дар беморхонаи беморихои равони чой дода шудаанд, аз хукукхои пешбиникардаи моддаи 33 хамин Конун истифода мекунанд.Онхо дар тамоми давраи дар беморхонаи беморихои равони буданашон корношоям дониста шуда, тибки сугуртаи давлатии ичтимои ба гирифтани кумакпули ё нафака дар асосхои умуми хукук доранд.

Суд чорахои мачбурии дорои хусусияти тиббиро тибки тартиби мукарраркардаи Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон таъин менамояд. 

Моддаи 12. Муоинаи тиббии рухи барои халли масъалаи муносиб будан ба хизмати харби

Асос ва тартиби муоинаи дармонгхи ва беморхонавии беморихои равони хангоми халли масъалаи аз чихати саломатии рухи муносиб будани шахрванд ба хизмати харби, тибки КонуниЧумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» ва дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон, ки тартиби гузаштани хизмати харбиро танзим мекунанд, инчунин бо хамин Конун муайян карда мешавад. 

Моддаи 13. Розиги барои табобат

Табобати шахси гирифтори бемории рухи, ба истиснои холатхое, ки кисми сеюми хамин модда пешбини намудааст, баъд аз ба тарзи хатти гирифтани розигии у ва ё намояндаи конунии у, ки он хамрохи хуччатхои тибби нигох дошта мешавад, гузаронида мешавад.

Табиб вазифадор аст, ки ба шахси гирифтори бемории рухи ё намояндаи конунии у  дар бораи хусусияти бемории рухии вай, максад ва усулхои табобат, аз чумла алтернативи ва давомнокии табобати тавсияшаванда, хавфи имконпазир, таъсири иловагии номатлуб ва натичахои дар назар дошташудаи табобат, маълумот пешниход намояд.

Табобат мумкин аст бе розигии шахси гирифтори бемории рухи ё намояндаи конунии у танхо хангоми истифодаи чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби бо карори суд, инчунин тибки асосхои дар моддаи 28 хамин Конун пешбинигардида, гузаронида шавад.

Нисбат ба шахсоне, ки дар кисми сеюми хамин модда нишон дода шудаанд, барои табобати беморихои равони истифода намудани усулхои чаррохи ва дигар усулхо, ки боиси окибатхои бебозгашт мегарданд, инчунин гузаронидани санчиши воситахо ва усулхои тибби, ичозат дода намешавад.

Моддаи 14. Даст кашидан аз табобат

Шахси гирифтори бемории рухи ё намояндаи конунии у хукук доранд аз табобати пешниходшаванда даст кашанд, ё ба истиснои холатхои пешбининамудаи кисми сеюми моддаи 13 хамин  Конун, онро катъ намоянд.

Ба шахсе, ки табобатро рад кардааст ё ба намояндаи конунии у бояд окибатхои имконпазири дасткаши ё катъ кардани табобат фахмонда дода шавад. Даст кашидан аз табобат барои аз беморхона чавоб додан асос шуда метавонад.

Дасткаши аз табобат бо тарзи хатти, бо имзои шахси гирифтори бемории рухи ё намояндаи конунии вай, табиби беморихои равони, бо зикри маълумоти мухтасар дар бораи окибатхои имконпазири дасткаши аз табобат, ба расмият дароварда мешавад. 

Моддаи 15. Хамкории муассисахои ёрии тиббии рухи бо макомоти корхои дохили

Муассисахои рухи ва рухи асаби макомоти тандурусти, хифзи ичтимои, маориф ва дигар идорахое, ки чунин муассисахо доранд, дар якчояги бо макомоти корхои дохили вазифадоранд барои расонидани ёрии тиббии рухи ба шахсони гирифтори беморихои равони, пешгирии содир намудани кирдори барои худи онхо ва атрофиён хавфнокбуда хамкори намоянд.

Дар сурати даст кашидан аз табобат, тибки моддаи 14 хамин Конун ин муассисахо вазифадоранд фавран ба макомоти корхои дохили хабар диханд. 

Боби II. Таъмини ёрии тиббии рухи ва хифзи ичтимоии шахсони гирифтори беморихои равони 

Моддаи 16. Ёрии тиббии рухи ва хифзи ичтимоие, ки давлат кафолат модихад

Аз чониби давлат кафолатхои зайл дода мешавад:

–  ёрии тиббии рухии таъхирнопазир;

– ёрии машваратию ташхиси, табобати, пешгирикунанда, баркарорсозии саломати дар шароити беморхона ва берун аз он;

– тамоми намудхои экспертизаи беморихои равони, муайян кардани кардани корношоямии муваккати;

– нафака, ёрии ичтимоию маиши ва мусоидат оид ба кор таъминкуни ба шахсони гирифтори беморихои равони;

– халли масъалахои васоят;

– маслихат доир ба масъалахои хукуки ва дигар намудхои ёрии хукуки дар муассисахои беморихои равони ва руху асаб;

– бехтар кардани шароити ичтимоию маишии маъюбон ва пиронсолон, ки гирифтори беморихои рухианд, хамчунин нигохубини онхо;

– таълими маъюбон ва ноболигони гирифтори беморихои равони.

Таъмини ёрии тибби ва хифзи ичтимоии шахсони гирифтори беморихои равони бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Бо тамоми намудхои ёрии тиббии рухи ва хифзи ичтимои таъмин намудани шахсони гирифтори беморихои равони аз чониби вазорату идорахои дахлдор, инчунин макомоти хокимияти ичроияи дар махалхо (хукуматхо) мутобики салохияти онхо, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад, анчом дода мешавад.

 

Моддаи 17. Маблаггузории ёрии тиббии рухи

Маблаггузории фаъолияти муассисахои ёрии тиббии рухии давлати аз хисоби бучети давлатии барои сохаи тандурусти чудошуда ва манбахои дигаре, ки истифодаи онхо хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон нест, анчом дода мешавад.

 

Боби III. Муассиса ва шахсоне, ки ёрии тиббии рухи мерасонанд. Хукук ва вазифахои кормандони

тиб ва дигар  мутахассисон

 

Моддаи 18. Муассиса ва шахсоне, ки ёрии тиббии рухи  мерасонанд

Ёрии тиббии рухиро муассисахои беморихои равони (руху асаб) новобаста аз шакли моликияташон дар хамкории зич бо хадамоти махалии ёрии аввалияи тиббию санитари ва макомоти хифзи ичтимои  мерасонанд.

Муассисахои давлати, гайридавлатии беморихои равони (руху асаб) ва табибони хусусии беморихои равони бо тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ёрии тиббии рухиро мерасонанд.

Барои ташхиси беморихои равони, расонидани ёрии аввалияи тиббии рухи, табобати холатхои рухафтодаги табибони тачрибаи умуми (табибони тибби оилави) дар сохаи ёрии аввалияи тиббию санитари, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон аз тайёрии  махсус гузаштаанд, хукук доранд.

Мукаррар намудани ташхиси бемории рухи, кабули карор ва додани хулоса барои суд, барраси намудани масъалаи расонидани ёрии гайриихтиёрии тиббии рухи хукуки мустаснои коммисияи равонпизишки мебошад.

 

Моддаи 19. Мустакилияти табиби беморихои равони хангоми расонидани ёрихои тиббии рухи

Табиби беморихои равони хангоми мукаррар намудани ташхиси бемор ва ичрои вазифае, ки бо расонидани ёрии тибби ба шахсони гирифтори беморихои равони ба пешгирии имкони содир кардани амали барои чомеа хавфнок аз чониби онхо вобаста аст, дар кабули карор мустакил буда, танхо нишондодхои тибби, карзи табиби ва конунро дастури амал карор медихад.

Дар сурати бо фикри аъзои комиссия номувофик будани фикри табиби беморихои равони вай хукук дорад фикрашро хатти баён кунад, ки он ба хуччатхои тибби хамрох карда мешавад.

 

Моддаи 20. Кафолат ва имтиёзхои равонпизишки, табибони ихтисосхои дигар, хайати тибби ва дигар хайат, ки дар расонидани ёрии тиббии рухи ширкат меварзанд

Равонпизишки, табибони ихтисосхои дигар хайати тибби ва дигар хайат, ки дар расонидани ёрии тиббии рухи ширкат меварзанд бо имтиёзхои мукаррарнамудаи конунхои Чумхурии Точикистон барои шахсони ба фаъолият дар шароити махсуси мехнат машгул хукук дошта, инчунин дар мавридхои расонидани зарар ба саломатии онхо ё фавт хангоми ичрои вазифаи хизмати бояд тахти сугуртаи хатмии давлати карор дода шаванд.

Дар сурати расонидани зарар ба саломати, ки боиси муваккатан гум кардани кобилияти кории шахси дар расонидани ёрии тиббии рухи ширкатварзида шудааст, инчунин хангоми фаро расидани маъюби ба у ва дар холати фавти вай бошад ба ворисонаш товони зарар, химояи ичтимоии кормандони муассисахои беморихои рухии давлати тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Боби IV. Намудхои ёрии тиббии рухи ва тартиби расонидани он

 

Моддаи 21. Намудхои ёрии тиббии рухи

Ёрии тиббии рухи дар намудхои зерин расонида мешаванд:

–   азназаргузаронии аввалияи тиббии рухи;

–   ёрии дармонгохии тиббии рухи;

–   ёрии беморхонавии тиббии рухи;

–  ёрии тиббию ичтимои дар муассисахои руху асаби макомоти хифзи ичтимои.

 

Моддаи 22. Азназаргузаронии аввалияи тиббии рухи

Азназаргузаронии аввалияи тиббии рухи аз чониби табиби беморихои равони муоина намудани шахсе мебошад, ки каблан ёрии тиббии рухи нагирифтааст ё аз назорати доими озод карда шудааст.

Азназаргузаронии аввалияи тиббии рухи барои муайян кардани мавчудияти бемории рухи ва зарурати расонидани ёрии тиббии рухи гузаронида мешавад.

Азназаргузаронии аввалияи тиббии рухи хамчунин дар холатхое гузаронида мешавад, ки амали шахс метавонад, ки:

а) боиси расонидани зарари вокеи ба саломатии у шавад ё метавонад ба у ва атрофиёнаш зарари чиддии маънави ё модди расонад;

б) боиси хавфнокии он барои худ ва атрофиён гардад.

Дар ин холатхо карор дар бораи азназаргузаронии тиббии рухии шахс аз чониби комиссияи равонпизишки ё суд кабул карда мешавад.

Аз руи натичаи азназаргузаронии тиббии рухи дар бораи холати саломатии рухии шахс хулоса дода мешавад.

 

Моддаи 23. Вазифахои муассисахои табобатию   пешгирикунандаи беморихо, ки ёриидармонгохии тибби ба беморихои равони мерасонанд

Муассисахои табобатию пешгирикунандаи беморихои рухие, ки ёрии дармонгохии тибби ба беморихои равони мерасонанд, ин корхоро ба амал мебароранд:

     – азназаргузаронии аввалияи тиббии рухи;

     – ёрии машваратию ташхиси, табобати ва пешгирикунандаи беморихои равони;

     – назорати диспансери;

     – ёрии ичтимоию маиши ва хукуки;

     – муайян намудани корношоямии муваккати;

     – иштирок дар халли масъалахои васоят ва дар холатхои зарури анчом додани ин амал нисбат ба шахсоне, ки гайри кобили амал эътироф шудаанд;

     – хамкори бо беморхонахои беморихои равони доир ба масъалахои дар беморхона хобонидан, чавоб додан ва тахти назорати минбаъда гирифтан, инчунин муттасили дар табобат ва омодагардонии мехнатии шахсоне, ки гирифтори беморихои рухианд;

      – хамкори бо макомоти хифзи хукук дар кори пешгирии кирдори барои чомеа хавфноки шахсони рухан бемор;

      – хамкори бо табибони тачрибаи умуми (табибони оилави) дар сохаи ёрии аввалияи тиббию санитари доир ба масъалахои ташхиси беморихои равони ва расонидани ёрии таъчили хангоми сар задани ин гуна беморихо.

 

Моддаи 24. Намудхои ёрии дармонгохии беморихои равони

Ёрии дармонгохии беморихои равони ба шахсони гирифтори беморихои равони вобаста ба нишондодхои тибби дар шакли ёрии маслихатию табобати ё назорати диспансери расонида мешавад.

Ёрии маслихатию табобати танхо бо тарзи ихтиёри, хангоми мурочиати мустакилонаи шахрвандон бо хохиш ё бо розигии онхо ва нисбат ба ноболигон бошад, бо хохиш ё розигии волидонашон ё намояндагони конуни расонида мешавад.

 

Моддаи 25. Назорати диспансери

Назорати диспансери нисбат ба шахсони гирифтори беморихои рухии доими ва давомдор мукаррар карда мешавад.

Назорати диспансерии каблан мукарраргардида дар холатхои шифо ёфтан ё ба таври назаррас ва устувор бехтар шудани холати рухи катъ мегардад. Пас аз катъ гардидани назорати диспансери ёрии тиббии рухи бо хохиши бемор дар шакли маслихатию табобати расонида шуда, бемор тахти назорати хадамоти ёрии аввалияи тибби карор мегирад.

Карор дар бораи зарурати мукаррар намудан ё катъи назорати диспансерии бемор аз чониби комиссияи табибони беморихои рухии аз тарафи макомоти дахлдори нигохдории тандурусти таъингардида, кабул карда мешавад.

Карори асосноки аъзоёни комиссия бо кайди лозими дар варакаи тиббии бемори дармонгох ба расмият дароварда мешавад. Аз болои карор дар бораи мукаррар ё катъ кардани назорати диспансери тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 26. Вазифахои муассисахои табобатию пешгирии беморихо, ки ёрии беморхонавии тиббии рухи мерасонанд

Муассисахои табобатию пешгирии беморихо, ки ёрии беморхонави мерасонанд, ин амалхоро анчом медиханд:

– табобат ва баркарорсозии ичтимоию мехнатии шахсони гирифтори беморихои равони;

–  муоинаи клиникии шахсони дар беморхона хобонидашуда барои муайян кардани холати саломатии рухии онхо ва мукаррар намудани ташхис;

   –   гузаронидани намудхои гуногуни экспертизаи тиббии рухи;

   –   ёрии ичтимоию маиши.

Ёрии беморхонави дар шароити таъминкунандаи амнияти шахси дар беморхона хобонидашуда ва дигар шахсон бо ичрои бечунучарои коидахои мукарраргардидаи муносибат бо шахсони дар беморхона хобонидашуда, риояи хукук ва манфиатхои конунии онхо аз чониби хайати тибби ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 27. Асосхо барои хобонидан дар беморхонаи беморихои равони

Мавчуд будани бемории рухи, ки муоина ё табобатро такозо намуда, дар шароити дармонгохи (берун аз беморхона) гузаронидани онхо имконнопазиранд, барои дар беморхонаи беморихои равони  хобонидани шахс асос шуда метавонад.

Чой додани шахс дар беморхонаи беморихои равони, ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи 28 хамин Конун, ихтиёран – бо хохиши у ё бо розигии у анчом дода мешавад.

Шахсе, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи конун гайри кобили амал эътироф шудааст, дар беморхонаи беморихои равони бо хохиш ё розигии намояндаи конунии у чой дода мешавад. Дар холати норози будани яке аз волидон ё хангоми хузур надоштани онхо ё дигар намояндаи конуни чой додани ноболиг дар беморхонаи беморихои равони бо карори макомоти васоят ва парастори сурат мегирад, ки аз болои он ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Розигии барои дар беморхона хобонидан гирифташуда бо сабт дар хуччатхои тибби ба расмият дароварда шуда, бо имзои шахс ё намояндаи конунии у ва табиби беморихои равони тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 28. Ба таври таъчили дар беморхонаи беморихои равони хобонидани шахсоне, ки кобилияти дарк намудани карори бошуурона кабул карданро аз даст додаанд

Шахсе, ки гирифтори бемории возехи рухи гардида, кобилияти карори бошуурона кабул карданро аз даст додааст ва бинобар  холати рухи барои худ ва атрофиен хавфнок аст, ё шахсе, ки бо табобат ва ёрии тиббии рухи фаро нагирифтани он боиси хатар ба саломатии у ва расонидани зарари чиддии маънави ва модди ба атрофиен мегардад, бо карори табиби беморихои равони бе розигии бемор ва намояндаи конунии вай дар беморхонаи беморихои равони хобонида мешавад.

Асоснокии дар беморхона хобонидан дар чунин холатхо бояд аз чониби комиссияи табибони  беморихои рухи тибки тартиби пешбининамудаи моддаи 30 хамин Конун тасдик карда шавад.

 

Моддаи 29. Тадбирхои таъминкунандаи бехатари хангоми расонидани ёрии тиббии рухи

Хангоми гайриихтиёри хобонидан ва ба беморхонаи беморихои равони овардани бемор тадбирхои зуран нигохдори танхо дар холатхо ва муддате истифода мегарданд, ки агар пешгирии расонидани зарари бевосита ва ногузир ба бемор ва дигар шахсон бо усулхои дигар имконнопазир бошад.

Дар бораи шаклхо ва вакти истифодаи тадбирхои махдудкунии чисмони ё чудонигохдори, дар хуччатхои тибби сабти дахлдор карда мешавад.

Кормандони макомоти корхои дохили вазифадоранд, ки ба кормандони тиб хангоми азназаргургузаронии мачбури ва хобонидани мачбури мусоидат карда, бехатарии шароити дастрасии хобонидашудагонро таъмин намоянд. Дар холати тахдид ба хаёту саломатии атрофиён аз чониби беморони рухии хобонидашуда ва хамчунин хангоми зарурияти кофтукоб ва дастгир кардани шахсоне, ки хобонида мешаванд, кормандони макомоти корхои дохили бо тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бояд амал намоянд.

 

Моддаи 30. Азназаргузаронии комиссионии шахсони бе розигиашон дар беморхона  хобонидашуда

Шахсоне, ки дар беморхона бо тартиби пешбининамудаи моддаи 28 хамин Конун кабул гардидаанд, дар давоми 72 соат аз чониби комиссияи равонпизишки бояд хатман мавриди азназаргузарони карор дода шаванд. Дар ин холат комиссия бояд дар бораи асоснокии дар беморхона хобонидан ё дар хусуси мавчуд набудани асосхои кофи барои ин амал карор кабул намояд. Агар дар беморхона хобонидан берозиги беасос дониста шавад ва бистаригардида хохиши дар беморхона монданро надошга бошад, у фавран бояд чавоб дода шавад. Агар дар беморхона берозиги хобонидан  асоснок дониста шавад, хулосаи комиссияи равонпизишки дар бораи халли масъалаи минбаъд нигох доштани шахс дар муассисаи беморихои равони дар давоми 24 соат ба суди махалли чойгиршудаи он фиристода мешавад.

Минбаъд азназаргузаронии комиссияви хар мох дар чараёни ним сол бо максади муайянкардани зарурати давом додани табобат дар беморхона гузаронида мешавад.

Пас аз шаш мохи дар беморхона чой додани шахси бемор, хулосаи комиссия дар бораи зарурияти табобати минбаъда дар беморхона бе розигии вай аз чониби рохбари беморхона ба суд, ки бо таъиноти худ метавонад табобати беморхонавиро дароз намояд, фиристода мешавад. Минбаъд дароз намудани мухлати табобати беморхонави хар 6 мох аз чониби суд амали карда мешавад. Тартиби мазкур инчунин нисбат ба шахсоне, ки бо таъиноти суд мачбуран табобат меёбад, татбик мегардад.

 

Моддаи 31. Тартиби барраси ва карори суд оиди берозиги дар беморхона хобонидан

Аризаро оиди асоснокии хобонидани шахс берозигии у дар беморхонаи беморихои равони ба суд намояндаи муассисаи беморихои рухие, ки дар он шахс хобидааст, медихад.

Ба аризаи мазкур, ки дар он мутобики нишондоди Конун асоснокии хобонидан дар муассисаи беморихои равони омадааст, хулосаи комиссияи равонпизишки доир ба зарурияти нигох доштани шахс дар беморхонаи беморихои равони, илова карда мешавад.

Суд дар давоми на камтар аз се руз оиди дар беморхонаи беморихои равони минбаъд  нигохдоштан ва ё чавоб додани шахс бояд карор кабул намояд.

Дар сурати гайри имкон будани иштироки шахс вобаста ба холати рухиаш дар баррасии ариза прокурор, намояндаи муассисаи беморихои равони ва намояндаи конунии шахсе, ки нисбати вай масъала хал карда мешавад, хатман бояд иштирок намоянд.

Барои хобонидан ва ё минбаъд нигох доштаи шахс дар беморхонаи беморихои равони карори суд асос мешавад.

Аз болои карори суд дар давоми дах руз шахси дар беморхонаи беморихои равони хобонида шуда, намояндаи конунии вай, рохбари муассисаи беморихои равони ва ё прокурор тибки тартиби мукарраркардаи Кодекси гарждании мурофиави, метавонанд шикоят намоянд.

 

Моддаи 32. Огохсози дар бораи хобонидани шахс дар беморхонаи беморихои равони

Ба шахси дар беморхона хобонидашуда, агар холати рухии у имкон дихад, бояд аз чониби маъмурияти беморхонаи беморихои рухи асос ва максади дар беморхонаи рухи чой додани у фахмонида шавад. Дар давоми 24 соат хешовандон ё намояндахои конунии вай дар бораи ба беморхона хобонидани у бояд расман ва хатти хабардор карда шаванд. Ба шахси дар беморхона хобонидашуда, ба хешовандон ё намояндаи  конунии у тартиби шикоят кардани карор дар бораи чой додан дар беморхонаи беморихои равони фахмонда мешавад.

 

Моддаи 33. Хукук ва вазифахои шахсони дар беморхонаи беморихои равони

Хамаи шахсони барои табобат ё тафтиш дар беморхонаи беморихои равони буда дорои хукукхои зайл мебошанд, ки аз чониби табиби табобаткунанда ва мудири шуъба танхо хангоми зарурати фавкуллода ба манфиати саломати ё бехатарии худи бемор ё шахсони дигар махдуд карда мешаванд:

        – истифода аз рухсатии табобати;

        – мукотиба дар шароите, ки сензураро истисно менамояд;

        – пазироии аёдаткунандагон дар рузхои кабул;

        – гирифтани фиристода ва муросилот;

        – доштан ва ба даст овардани маводи зарурати аввалия.

Шахсони дар беморхона хобонидашуда, ки аз руи холати рухии худ ба кабули карори бошуурона кобилият доранд, ухдадоранд коидахои тартиби дохилии барои беморхонахои беморихои равони мукарраргардидаро риоя намоянд.

 

Моддаи 34. Чавоб додан аз беморхонаи беморихои равони

Барои аз беморхонаи беморихои равони чавоб додани шахс ин холатхо асос мешаванд:

       – шифо ёфтан ё бехтар шудани холати рухи, ки табобати минбаъдаи беморхонавиро талаб намекунад;

       –  анчом ёфтани муоина ё экспертиза, ки сабаби чой додан дар беморхона мебошад;

       – хулосаи комиссияи табибони беморихои рухии муассисаи табобатию пешгирии беморихо ё макомоти тандурусти дар бораи вучуд надоштани асосхо барои мачбуран хобонидани шахсе, ки ба мукобили чой додан дар беморхона эътиррз кардааст;

         – аризаи шахсии бистаригардида ё намояндаи конунии у дар бораи чавоб додан, агар хобонидан дар беморхона ихтиёри сурат гирифта бошад;

       – таъиноти суд.

Чавоб додани беморе, ки нисбати у бо карори суд чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби истифода гардидаанд, танхо бо карори суд амали мегардад.

Чавоб додани шахси дар беморхона чойдодашуда мумкин аст рад карда шавад, агар дар лахзаи расидани дархост дар ин бора аз чониби комиссияи равонпизишки мукаррар карда шавад, ки бинобар холати рухии худ шахс кобилияти кабули карори бошуурона надорад, барои худ ва атрофиен бевосита хавфнок аст ё бетабобат мондани у боиси расонидани зиёни чидди ба саломатии у, зарари чиддии маънави ё модди ба атрофиён мегардад. Дар чунин холатхо минбаъд нигох доштани шахс дар беморхона бо тартиби пешбининамудаи моддаи 30 хамин Конун анчом дода мешавад.

 

Моддаи 35. Ухдадорихои маъмурият ва хайати тиббии беморхонаи беморихои равони

Маъмурият ва хайати тиббии беморхонаи беморихои рухи ухдадоранд шароитхоро барои амали кардани хукукхои беморон, хешовандон ва намояндагони конунии онхо, ки хамин Конун пешбини намудааст, фарохам созанд, аз чумла:

– таъмини беморони беморхонаи беморихои равони бо тамоми намудхои ёрии тибби;

– таъмини шароит чихати мукотиба, фиристодани мурочиати беморон ба макомоти хокимияти давлати, прокуратура, суд, хамчунин ба адвокат;

– хабардор кардани хешовандон ё намояндаи конунии бемор, хангоми набудани онхо бошад, ба шахси дигар бо интихоби у дар бораи тагйиротхои холати саломати ва ходисахои фавкулоддаи бо у руйдода;

– таъмини бехатарии беморони беморхона, назорати таркиби муросилот ва фиристодахо;

– мукаррар намудан ва ба беморони эътикодманд фахмонидани коидахое, ки ба манфиати дигар беморони беморхонаи беморихои равони хангоми ичрои расму оини дини бояд риоя карда шаванд ва тартиби эътикоди динии эътикотмандон ва атеистон;

– ичро намудани дигар вазифахое, ки хамин Конун ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд.

 

Моддаи 36. Вазифахои муассисахои руху асаби макомоти хифзи ичтимои

Муассисахои руху асаби макомоти хифзи ичтимои ба пиронсолон ва маъюбон, инчунин кудакон, ки гирифтори беморихои равони буда, ба дуруст кардани шароити ичтимоию маиши, нигохубин, ёрии тиббию ва назорат эхтиёч доранд, ёрии тиббию ичтимои мерасонанд.

 

Моддан 37. Асосбарои чойдоданишахсдармуассисахоирухуасабимакомоти хифзиичтимои

Асос барои чой додани пиронсолон ё маъюбон аз чумла ноболигон дар муассисаи руху асаби макомоти хифзи ичтимои хулосаи комиссияи табибони беморихои рухии муассисаи тандурусти дар хусуси гирифтори ба бемории рухи мебошад, ки уро аз имконияти дар муассисаи махсусгардонидашудаи макомоти хифзи ичтимои будан махрум мегардонад.

   Хамин гуна шахсон дар муассисахои руху асаби макомоти хифзи ичтимои ихтиёран-тибки аризаи онхо, ноболигон тибки аризаи намояндаи конунии онхо ва шахсони гайри кобили амал эътирофшуда бо таъиноти суд чой дода мешаванд.

 

Моддаи 38. Хукук ва вазифахои шахсоне, ки дар муассисахои руху асаби макомоти хифзи ичтимои чой дода шудаанд

     Шахсони дар муассисахои руху асаби макомоти хифзи ичтимои чой додашуда дорои хукук ва вазифахои шахсоне мебошанд, ки дар беморхонаи беморихои рухи карор доранд.

 

Моддаи 39. Гузаронидан ба дигар муассиса ва чавоб додани шахс аз муассисахои руху асаби  макомоти хифзи ичтимои

    Асос барои гузаронидани шахс аз муассисахои руху асаби макомоти хифзи ичтимои ба муассисаи шабехи шакли умуми хулосаи комиссияи равонпизишки вобаста ба набудани нишондоди тибби оиди истикомати он дар муассисаи махсусгардонидашудаи руху асаб мебошад.

  Асос барои чавоб додан аз муассисаи руху асаби макомоти хифзи ичтимои инхо мебошад:

– аризаи шахси хангоми мавчуд будани хулосаи комиссияи равонпизишки дар бораи он, ки бо ин холати рухи шахс кобилияти мустакилона зиндаги карданро дорад;

– аризаи аъзои оила, васи ё парастор, ки барои анчом додани нигохубини шахси чавобдодашуда ухдадор мешаванд;

– карори суд.

Боби V. Назорат  ба  фаъолияти расонидани ёрии тиббии рухи

 

Моддаи 40. Назорати расонидани ёрии тиббии рухи

Назорати давлатии фаъолияти ташкилоту муассисахо ва шахсонеро, ки ёрии тиббии рухи мерасонанд, макомоти хокимияти ичроия дар махалхо (хукуматхо) анчом медиханд.

Макомоти давлатии тандурусти, хифзи ичтимои, маориф, инчунин вазорату идорахое, ки муассисахои рухи ва руху асаб доранд, фаъолияти муассисахои дар тобеияташон буда ва макомоти тандурусти фаъолияти табибони хусусиро назорат мекунанд.

Аз болои карорхо ва харакатхои муассисахои беморихои равони ва шахсоне, ки ёрии тиббии рухи мерасонанд, ба макомотхои дар кисмхои 1 ва 2-и хамин модда нишондодашуда, инчунин ба прокуратура ва суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 41. Назорати чамъияти доир ба риоя намудани хукук ва манфиатхои конунии шахс хангоми расонидани ёрии тиббии рухи

Хангоми расонидани ёрии тиббии рухи, иттиходияхои чамъиятии равонпизишки, дигар иттиходияхои чамъияти мутобики оинномахои (низомномахои) худ метавонанд бо хохиш ё бо розигии шахс назорати чамъиятиро, бахри риоя намудани хукук ва манфиатхои конунии онхо амали гардонанд.

Тартиби ташриф овардан ба муассисахои беморихои равони ва руху асаб бояд дар оинномаи (низомномаи) ин иттиходияхо инъикос ёфта бошад.

Намояндагони иттиходияхои чамъияти вазифадоранд, ки шартхои ташриф оварданро бо маъмурияти муассисахои беморихои равони ва руху асаб мувофика карда, бо коидахои амалкунандаи он шинос шаванд ва ухдадории пахн накардани сирри тиббиро имзо кунанд.

 

Моддаи 42. Чавобгари барои вайрон кардани хамин Конун

Барои вайрон кардани хамин Конун чавобгарии интизоми, граждани, маъмури ва чинояти мукаррар карда мешавад. Асосхо, тартиби ба чавобгари кашидан ва окибатхои он тибки конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон танзим мегардад.

Шахсоне, ки Конун ва принсипхои одоби касбиро вайрон кардаанд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 43. Назорати прокурори оиди расонидани ёрии тиббии рухи

Назорати риояи конуниятро зимни расонидани ёрии тиббии рухи прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурори тобеъи он ба амал мебароранд.

 

Моддаи 44. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.

 

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                                Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  2 декабри соли 2002

          №90                      

Бо Кодекси тандурустии ЧТ аз 30.05.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОКИТ ДОНИСТА ШУД

  

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …