Главная / Ҷамъият / Ёрии равонпизишкӣ

Ёрии равонпизишкӣ

 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ёрии равонпизишкӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №11, мод. 753; соли 2004, №2, мод. 54)

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои Қонун

Қонуни мазкур барои бо ёрии тиббию иҷтимоӣ таъмин намудани шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон, ки гирифтори бемориҳои равонӣ мебошанд, ҷиҳати беҳтар кардани шароити зисту меҳнати онҳо, пешгирии бемориҳои равонӣ ва ҳифзи саломатии рӯҳии аҳолӣ нигаронида шудааст.

Вазифаҳои ин Қонун аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ, муқаррар намудани асосҳо ва тартиби расонидани ёрии равонпизишкӣ, ҳимояи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалҳои хавфноки ин гуна беморон, ҳифзи ҳуқуқи кормандони тибб ва дигар кормандон, ки ёрии равонпизишкӣ мерасонанд, иборат аст. 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

Муассисаҳои бемориҳои равонӣ – беморхонаҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб, диспансерҳо ё марказҳои бемориҳои равонӣ ва рӯҳу асаб, ҳуҷраи табиби бемориҳои рӯҳии марказҳои саломатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки дар ҳамкории зич бо хадамоти ёрии аввалияи тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори бемории руҳӣ ёрии тиббии махсусгардонидашударо мерасонанд;

носолимии (бемории) рӯҳӣ – вайрон шудани фаъолияти муътадили рӯҳӣ, ки дар пастшавии қобилияти ақлӣ ва тағйирёбии возеҳи тафаккур ифода меёбад;

ёрии равонпизишкӣ – пешгирӣ намудани бемориҳои равонӣ, муоинаи солимии рӯҳии шаҳрвандон, назорати диспансерӣ, ташхиси носолимии рӯҳӣ, табобат, нигоҳубин, барқарорсозии тиббӣ ва иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ;

намояндагони қонунӣ – шахсоне, ки ифодакунандаи манфиати мизоҷони гирифтори бемориҳои равонӣ мебошанд: волидон, фарзандон, фарзандхондагон, васиён ё парасторон;

барқарорсозии тиббӣ-иҷтимоӣ – барқарорсозии саломатии беморон бо истифодабарии маҷмӯи чорабиниҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатӣ, барои ҷалби беморон ба меҳнат, ҳамроҳшавӣ ба ҳаёти оилавӣ  ва ҷамъиятӣ;

ғайри қобили амал – аз ҷониби суд эътироф кардани ҳолати аз тарафи шахс дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ё камақлӣ гирифторшудан ғайриимкон будани дарки моҳият ва маънии амалиёти худ ё роҳбари ба он;

васояти шахси гирифтори бемории рӯҳӣ – ташкил ва амалигардонидани ҳимояи шахс ва амволи каси ғайри қобили амал, ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ дар натиҷаи носолимии рӯҳӣ ё камақлӣ аз  ҷониби  давлат. 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии равонпизишкӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии психиатрӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст,  иборат мебошад.

Моддаи 4. Прннсипҳои расонидани ёрии равонпизишкӣ

Ёрии равонпизишкӣ аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, дар асоси принсипҳои раҳму шафқат, башардӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ ба амал бароварда мешавад ва аз ҳуқуқи ҳар инсон оиди ҳифзи саломатӣ, инчунин вазифаҳои асосии табиб, ки расонидани ёрӣ ба бемор ва дар фаъолияти худ пайравӣ намудан ба қарзи табибӣ ва одоби касбӣ мебошад, бармеояд. 

Моддаи 5. Ҳуқуқҳои бемориҳои равонӣ

Бемориҳои равонӣ дорои тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. Ҳуқуқу озодиҳои бемориҳои равонӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқииҶумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда мешаванд.

Ба шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ чунин кафолатҳо дода мешавад:

–  гирифтани маълумот дар бораи ҳуқуқҳои худ;

– муносибати боэҳтиромона ва башардӯстона, ки таҳқири шаъну эътибори  инсонро  истисно мекунад;

– додани розигии пешакӣ ва даст кашидан дар ҳама зинаҳо аз истифодаи онҳо ба сифати объекти озмоиши маводҳо ва усулҳои тиббӣ ва тадқиқотҳои илмӣ;

–  маълумот дар бораи хусусияти бемории рӯҳӣ ва усулҳои табобати он;

– истифодаи восита ва роҳу усулҳои табобат вобаста ба хулосаи ташхис, хислати ранҷурҳои рӯҳӣ ва дастовардҳои илми тибби замонавӣ, ки мақомоти тандурустӣ ичозат додааст;

– гузаронидани табобат дар шароити дармонгоҳӣ ва беморхонагӣ бо истифодаи  усулҳои бошафқатона аз рӯи имкон дар махалли зисти бемор;

– имконияти даст кашидан аз муоина ва табобат, агар шахс ба қабули қарорҳои бошуурона қодир бошад;

– нигоҳ доштан дар муассисаи табобати беморхонагӣ танҳо ба мӯҳлате, ки барои муоина ва табобат зарур  аст;

– расонидани ёрии табобатӣ ва иҷтимои дар шароите, ки ба талаботи санитарию гигиенӣ мувофиқат карда, шаъну эътибори инсониро паст намекунад;

        –  табобати санаторию курортӣ тибқи нишондодҳои тиббӣ;

        – ҳуқуқи даъвати ҳар кадом табиби бемориҳои равонӣ ҷиҳати иштирок дар кори комиссия вобаста ба масъалаҳое, ки ҳамин Қонун танзим мекунад;

        –   гирифтани ёрии иҷтимоӣ ва нафақа аз давлат;

        – ҳуқуқи шахсан ё бо ҳамроҳии дигарон ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо муроҷиат намудан;

      – ёрии адвокат, намояндаи қонунӣ, инчунин шахси дигари ваколатдор тибқи тартиби муқараркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабааи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳангоми ёрии равонпизишкӣ аз ҳама ҳуқуқҳое, ки Қонуни мазкур барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ба шарте, ки дар шартномаҳои байналмилали дигар меъёр наомада бошад, истифода мебаранд.

Мавҷуд будани бемории руҳии доимӣ барои гирифтани имтиёзҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳуқуқ медихад. 

Моддаи 6. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемории  рӯҳӣ

Ғайри қобили амал эътироф кардани шахси гирифтори бемории рӯҳӣ, танҳо аз ҷониби суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Аз ҷониби шахсони дар натиҷаи бемории рӯҳӣ муваққатан ғайри қобили амал эътирофшуда, анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбии вобаста ба манбаи хатари зиёд, бо қарори  комиссияҳои  тиббӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Номгӯи бемориҳои рӯҳиро, ки монеаи амалӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ ва фаъолияти бо хатари зиёд алоқаманд мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Номгӯи зикргардида бо дарназардошти таҷрибаи ҳосилшуда ва дастовардҳои илмӣ давра ба давра (на камтар аз як маротиба дар 5 сол) аз нав баррасӣ мегардад.

Танҳо дар асоси муоинаи табиби бемориҳои равонӣ, таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарор доштан, дар беморхонаи бемориҳои равонӣ ё муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи ичтимоӣ будан, маҳрум намудани ҳуқуқ ва маҳдуд намудани манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ манъ аст. 

Моддаи 7. Ихтиёрӣ будани муроҷиат  барои гирифтани ёрии тиббии рӯҳӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ

Ёрии тиббии рӯҳи ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи дар мавриди ихтиёран муроҷиат намудан ё бо розигии онҳо расонида мешавад.

Ба ноболиғон ва шахсоне, ки ғайри қобили амал эътироф шудаанд, ёрии тиббии рӯҳӣ бо хоҳиш ё розигии намояндагони қонунии онҳо расонида мешавад.

Розигии шахси гирифтори бемории рӯҳӣ ё намояндаи қонунии ӯ барои расонидани намудҳои алохидаи ёрии тиббии рӯҳӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун талаб карда намешавад. 

Моддаи 8. Ӯҳдадории нигоҳ доштани сирри тиббӣ

Ҳайати кормандони тиббие, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар бораи бемориҳои руҳии шаҳрвандон маълумот дода мешавад, ӯҳдадоранд сирри тиббиро нигоҳ доранд.

Маълумот дар бораи ҳолати рӯҳии шаҳрвандон, воқеияти муроҷиат барои ёрии тиббии рӯҳӣ ва табобат дар муассисаи бемориҳои равонӣ танҳо бо дархости хаттии муассисаҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб, мақомоти болоии тандурусти, мақомоти тафтишотӣ ва судӣ маълум карда мешавад.

Барои ба амал баровардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ бо хоҳиши ва бо хоҳиши намояндаи қонунии вай мумкин аст дар бораи ҳолати саломатии рӯҳии шахси мазкур ва дар хусуси расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ ба ӯ маълумот пешниҳод карда шавад. 

Моддаи 9. Ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ

Ташхиси бемории рухи мувофики стандартхо ва таснифхои (классификатсияхои) маъмули байналмиллали мукаррар карда мешавад.

Барои ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемории рухи восита ва усулхои тиббие истифода карда мешаванд, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷозат дода шудаанд.

Восита ва усулҳои тиббӣ танҳо бо мақсадҳои ташхис ва табобат, мувофиқи хусусияти беморӣ истифода гардида, барои ҷазо додан ба шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ ё ба манфиати шахсони дигар  набояд  истифода  карда  шаванд. 

Моддаи 10. Намояндагии манфиатҳои қонунии шахсоне, ки ба онҳо ёрии тиббии рӯҳӣ расонида мешавад

Ҳангоми расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худтибқи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон адвокат ё дигар шахси ваколатдорро даъват намоянд.

Роҳбари муассисае, ки ёрии тиббии рӯҳӣ мерасонад, иштироки адвокатро дар давоми 48 соат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун, таъмин менамояд.

Намояндагони дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи муроҷиат  ҳар вақт ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ шурӯъ намоянд, бо шахсе, ки манфиатҳои ӯро ҳифз менамояд муроҷиат кунанд, маълумоти вобаста ба тадбирҳои тиббӣ ва дигар тадбирҳои нисбат ба ин шахс анҷомёфтаро ба даст оранд. Инчунин адвокат ҳуқуқ дорад, ки бо хуҷҷатҳои тиббӣ шинос шавад.

Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон ва шахсони ғайри қобили  амал эътирофшударо намояндагони қонунии онҳо ба амал мебароранд, ки барои ин мақсадҳо инчунин ҳуқуқ  доранд адвокат ва шахси дигари ваколатдорро бо салоҳдиди худ даъват намоянд.

Барои ноболиғон-волидон, фарзандхондагон, васиён ё парасторони онҳо ва барои шахсони тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ғайри қобили амал эътирофшуда бошад, васиёни онҳо ва ё роҳбарони муассисае, ки ёрии тиббии рӯҳӣ мерасонад, намояндагони қонунии онҳо мебошанд.

Ҳангоми анҷом додани ахдҳои гражданӣ ё дигар амали дорои хусусияти амволӣ, намояндагӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории гражданӣ ва мурофиавии гражданӣ ба амал бароварда мешавад. 

Моддаи 11. Экспертизаи судию тиббии рӯҳӣ ва тибқи таъиноти суд истифода бурдани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

Экспертизаи судию рӯҳӣ доир ба парвандаҳои ҷинояти ва гражданӣ тибқи асос ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавӣ анҷом дода мешавад.

Бо таъиноти суд мачбуран табобат намудани шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ, ки кирдори барои ҷамъият хавфноки дар қонунгузории ҷиноятӣ пешбинигардидаро содир намудаанд, тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ сурат гирифта, ба таври беморхонагӣ дар муассисаҳои бемориҳои равонӣ, табобатию пешгирикунандаи мақомоти тандурустӣ, ба амал бароварда мешавад.

Шахсоне, ки бо қарори суд дар бораи истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ,  дар беморхонаи бемориҳои равонӣ ҷой дода шудаанд, аз ҳуқуқҳои пешбиникардаи моддаи 33 ҳамин Қонун истифода мекунанд.Онҳо дар тамоми давраи дар беморхонаи бемориҳои равонӣ буданашон корношоям дониста шуда, тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба гирифтани кӯмакпулӣ ё нафақа дар асосҳои умумӣ ҳуқуқ доранд.

Суд чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд. 

Моддаи 12. Муоинаи тиббии рӯҳӣ барои ҳалли масъалаи муносиб будан ба хизмати харбӣ

Асос ва тартиби муоинаи дармонгҳӣ ва беморхонавии бемориҳои равонӣ ҳангоми ҳалли масъалаи аз ҷиҳати саломатии рӯҳӣ муносиб будани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, тибқи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби гузаштани хизмати ҳарбиро танзим мекунанд, инчунин бо хамин Қонун муайян карда мешавад. 

Моддаи 13. Розигӣ барои табобат

Табобати шахси гирифтори бемории рӯҳӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қисми сеюми ҳамин модда пешбинӣ намудааст, баъд аз ба тарзи хатти гирифтани розигии ӯ ва ё намояндаи қонунии ӯ, ки он ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои тиббӣ нигоҳ дошта мешавад, гузаронида мешавад.

Табиб вазифадор аст, ки ба шахси гирифтори бемории рӯҳӣ ё намояндаи қонунии ӯ  дар бораи хусусияти бемории рӯҳии вай, мақсад ва усулҳои табобат, аз ҷумла алтернативӣ ва давомнокии табобати тавсияшаванда, хавфи имконпазир, таъсири иловагии номатлуб ва натиҷаҳои дар назар дошташудаи табобат, маълумот пешниҳод намояд.

Табобат мумкин аст бе розигии шахси гирифтори бемории рӯҳӣ ё намояндаи қонунии ӯ танҳо ҳангоми истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо қарори суд, инчунин тибқи асосҳои дар моддаи 28 ҳамин Қонун пешбинигардида, гузаронида шавад.

Нисбат ба шахсоне, ки дар қисми сеюми ҳамин модда нишон дода шудаанд, барои табобати бемориҳои равонӣ истифода намудани усулҳои ҷарроҳи ва дигар усулҳо, ки боиси оқибатҳои бебозгашт мегарданд, инчунин гузаронидани санҷиши воситаҳо ва усулҳои тиббӣ, иҷозат дода намешавад.

Моддаи 14. Даст кашидан аз табобат

Шахси гирифтори бемории рӯҳӣ ё намояндаи қонунии ӯ ҳуқуқ доранд аз табобати пешниҳодшаванда даст кашанд, ё ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми сеюми моддаи 13 ҳамин  Қонун, онро қатъ намоянд.

Ба шахсе, ки табобатро рад кардааст ё ба намояндаи қонунии ӯ бояд оқибатҳои имконпазири дасткаши ё катъ кардани табобат фаҳмонда дода шавад. Даст кашидан аз табобат барои аз беморхона ҷавоб додан асос шуда метавонад.

Дасткашӣ аз табобат бо тарзи хаттӣ, бо имзои шахси гирифтори бемории рӯҳӣ ё намояндаи қонунии вай, табиби бемориҳои равонӣ, бо зикри маълумоти мухтасар дар бораи оқибатҳои имконпазирӣ дасткашӣ аз табобат, ба расмият дароварда мешавад. 

Моддаи 15. Ҳамкории муассисаҳои ёрии тиббии рӯҳӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ

Муассисаҳои рӯҳӣ ва рӯҳӣ асаби мақомоти тандурустӣ, ҳифзи ичтимоӣ, маориф ва дигар идораҳое, ки чунин муассисаҳо доранд, дар якчоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд барои расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ, пешгирии содир намудани кирдори барои худи онҳо ва атрофиён хавфнокбуда ҳамкорӣ намоянд.

Дар сурати даст кашидан аз табобат, тибқи моддаи 14 ҳамин Қонун ин муассисаҳо вазифадоранд фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд. 

Боби II. Таъмини ёрии тиббии рӯҳӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ 

Моддаи 16. Ёрии тиббии рӯҳӣ ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат модиҳад

Аз ҷониби давлат кафолатҳои зайл дода мешавад:

–  ёрии тиббии рӯҳии таъхирнопазир;

– ёрии машваратию ташхисӣ, табобатӣ, пешгирикунанда, барқарорсозии саломатӣ дар шароити беморхона ва берун аз он;

– тамоми намудҳои экспертизаи бемориҳои равонӣ, муайян кардани кардани корношоямии муваққатӣ;

– нафақа, ёрии иҷтимоию маишӣ ва мусоидат оид ба кор таъминкунӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ;

– ҳалли масъалаҳои васоят;

– маслиҳат доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои ёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои бемориҳои равонӣ ва рӯҳу асаб;

– беҳтар кардани шароити иҷтимоию маишии маъюбон ва пиронсолон, ки гирифтори бемориҳои рӯҳианд, ҳамчунин нигоҳубини онҳо;

– таълими маъюбон ва ноболиғони гирифтори бемориҳои равонӣ.

Таъмини ёрии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Бо тамоми намудҳои ёрии тиббии рӯҳӣ ва ҳифзи ичтимои таъмин намудани шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроияи дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) мутобиқи салоҳияти онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 17. Маблағгузории ёрии тиббии рӯҳӣ

Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои ёрии тиббии рӯҳии давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатии барои соҳаи тандурустӣ ҷудошуда ва манбаҳои дигаре, ки истифодаи онҳо хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, анҷом дода мешавад.

 

Боби III. Муассиса ва шахсоне, ки ёрии тиббии рӯҳӣ мерасонанд. Ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони

тиб ва дигар  мутахассисон

 

Моддаи 18. Муассиса ва шахсоне, ки ёрии тиббии рӯҳӣ  мерасонанд

Ёрии тиббии рӯҳиро муассисаҳои бемориҳои равонӣ (рӯҳу асаб) новобаста аз шакли моликияташон дар ҳамкории зич бо хадамоти маҳалии ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ва мақомоти ҳифзи иҷтимои  мерасонанд.

Муассисаҳои давлатӣ, ғайридавлатии бемориҳои равонӣ (рӯҳу асаб) ва табибони хусусии бемориҳои равонӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббии рӯҳиро мерасонанд.

Барои ташхиси бемориҳои равонӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббии рӯҳӣ, табобати ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ табибони таҷрибаи умуми (табибони тиббӣ оилавӣ) дар соҳаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тайёрии  махсус гузаштаанд, ҳуқуқ доранд.

Муқаррар намудани ташхиси бемории рӯҳӣ, қабули қарор ва додани хулоса барои суд, баррасӣ намудани масъалаи расонидани ёрии ғайриихтиёрии тиббии рӯҳӣ ҳуқуқи мустаснои коммисияи равонпизишкӣ мебошад.

 

Моддаи 19. Мустақилияти табиби бемориҳои равонӣ ҳангоми расонидани ёриҳои тиббии рӯҳӣ

Табиби бемориҳои равонӣ ҳангоми муқаррар намудани ташхиси бемор ва иҷрои вазифае, ки бо расонидани ёрии тиббӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ ба пешгирии имкони содир кардани амали барои ҷомеа хавфнок аз ҷониби онҳо вобаста аст, дар қабули қарор мустақил буда, танҳо нишондодҳои тиббӣ, қарзи табибӣ ва қонунро дастури амал қарор медиҳад.

Дар сурати бо фикри аъзои комиссия номувофиқ будани фикри табиби бемориҳои равонӣ вай ҳуқуқ дорад фикрашро хаттӣ баён кунад, ки он ба ҳуҷҷатҳои тиббӣ ҳамроҳ карда мешавад.

 

Моддаи 20. Кафолат ва имтиёзҳои равонпизишкӣ, табибони ихтисосҳои дигар, ҳайати тиббӣ ва дигар ҳайат, ки дар расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ ширкат меварзанд

Равонпизишкӣ, табибони ихтисосҳои дигар ҳайати тиббӣ ва дигар ҳайат, ки дар расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ ширкат меварзанд бо имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ба фаъолият дар шароити махсуси мехнат машғул ҳуқуқ дошта, инчунин дар мавридҳои расонидани зарар ба саломатии онҳо ё фавт ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ бояд таҳти суғуртаи хатмии давлатӣ қарор дода шаванд.

Дар сурати расонидани зарар ба саломатӣ, ки боиси муваққатан гум кардани қобилияти кории шахси дар расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ ширкатварзида шудааст, инчунин ҳангоми фаро расидани маъюбӣ ба ӯ ва дар ҳолати фавти вай бошад ба ворисонаш товони зарар, ҳимояи иҷтимоии кормандони муассисаҳои бемориҳои рӯҳии давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Боби IV. Намудҳои ёрии тиббии рӯҳӣ ва тартиби расонидани он

 

Моддаи 21. Намудҳои ёрии тиббии рӯҳӣ

Ёрии тиббии рӯҳӣ дар намудҳои зерин расонида мешаванд:

–   азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳӣ;

–   ёрии дармонгоҳии тиббии рӯҳӣ;

–   ёрии беморхонавии тиббии рӯҳӣ;

–  ёрии тиббию иҷтимои дар муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи ичтимоӣ.

 

Моддаи 22. Азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳӣ

Азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳӣ аз ҷониби табиби бемориҳои равонӣ муоина намудани шахсе мебошад, ки қаблан ёрии тиббии рӯҳӣ нагирифтааст ё аз назорати доимӣ озод карда шудааст.

Азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳӣ барои муайян кардани мавҷудияти бемории рӯҳӣ ва зарурати расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ гузаронида мешавад.

Азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳӣ ҳамчунин дар ҳолатҳое гузаронида мешавад, ки амали шахс метавонад, ки:

а) боиси расонидани зарари вокеӣ ба саломатии ӯ шавад ё метавонад ба ӯ ва атрофиёнаш зарари ҷиддии маънавӣ ё моддӣ расонад;

б) боиси хавфнокии он барои худ ва атрофиён гардад.

Дар ин ҳолатҳо қарор дар бораи азназаргузаронии тиббии рӯҳии шахс аз ҷониби комиссияи равонпизишкӣ ё суд қабул карда мешавад.

Аз рӯи натиҷаи азназаргузаронии тиббии рӯҳӣ дар бораи ҳолати саломатии рӯҳии шахс хулоса дода мешавад.

 

Моддаи 23. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию   пешгирикунандаи бемориҳо, ки ёриидармонгоҳии тиббӣ ба бемориҳои равонӣ мерасонанд

Муассисахои табобатию пешгирикунандаи беморихои рухие, ки ёрии дармонгоҳии тиббӣ ба бемориҳои равонӣ мерасонанд, ин корҳоро ба амал мебароранд:

     – азназаргузаронии аввалияи тиббии рӯҳӣ;

     – ёрии машваратию ташхисӣ, табобатӣ ва пешгирикунандаи бемориҳои равонӣ;

     – назорати диспансерӣ;

     – ёрии иҷтимоию маишӣ ва ҳуқуқӣ;

     – муайян намудани корношоямии муваққатӣ;

     – иштирок дар ҳалли масъалаҳои васоят ва дар ҳолатҳои зарурӣ анҷом додани ин амал нисбат ба шахсоне, ки ғайри қобили амал эътироф шудаанд;

     – ҳамкорӣ бо беморхонаҳои бемориҳои равонӣ доир ба масъалаҳои дар беморхона хобонидан, ҷавоб додан ва таҳти назорати минбаъда гирифтан, инчунин муттасилӣ дар табобат ва омодагардонии меҳнатии шахсоне, ки гирифтори бемориҳои рӯҳианд;

      – ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори пешгирии кирдори барои ҷомеа хавфноки шахсони рӯҳан бемор;

      – хамкорӣ бо табибони таҷрибаи умумӣ (табибони оилавӣ) дар соҳаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ доир ба масъалаҳои ташхиси бемориҳои равонӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ ҳангоми сар задани ин гуна бемориҳо.

 

Моддаи 24. Намудҳои ёрии дармонгоҳии бемориҳои равонӣ

Ёрии дармонгоҳии бемориҳои равонӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ вобаста ба нишондодҳои тиббӣ дар шакли ёрии маслиҳатию табобати ё назорати диспансерӣ расонида мешавад.

Ёрии маслиҳатию табобатӣ танҳо бо тарзи ихтиёрӣ, ҳангоми муроҷиати мустақилонаи шаҳрвандон бо хоҳиш ё бо розигии онҳо ва нисбат ба ноболиғон бошад, бо хоҳиш ё розигии волидонашон ё намояндагони қонунӣ расонида мешавад.

 

Моддаи 25. Назорати диспансерӣ

Назорати диспансерӣ нисбат ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳии доимӣ ва давомдор муқаррар карда мешавад.

Назорати диспансерии қаблан муқарраргардида дар ҳолатҳои шифо ёфтан ё ба таври назаррас ва устувор беҳтар шудани ҳолати рӯҳӣ катъ мегардад. Пас аз катъ гардидани назорати диспансерӣ ёрии тиббии рӯҳӣ бо хоҳиши бемор дар шакли маслиҳатию табобати расонида шуда, бемор таҳти назорати хадамоти ёрии аввалияи тиббӣ қарор мегирад.

Қарор дар бораи зарурати муқаррар намудан ё катъи назорати диспансерии бемор аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рӯҳии аз тарафи мақомоти дахлдори нигоҳдории тандурустӣ таъингардида, қабул карда мешавад.

Қарори асосноки аъзоёни комиссия бо қайди лозими дар варақаи тиббии бемори дармонгоҳ ба расмият дароварда мешавад. Аз болои қарор дар бораи муқаррар ё катъ кардани назорати диспансерӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 26. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо, ки ёрии беморхонавии тиббии рӯҳӣ мерасонанд

Муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо, ки ёрии беморхонавӣ мерасонанд, ин амалҳоро анҷом медиҳанд:

– табобат ва барқарорсозии иҷтимоию меҳнатии шахсони гирифтори бемориҳои равонӣ;

–  муоинаи клиникии шахсони дар беморхона хобонидашуда барои муайян кардани ҳолати саломатии рӯҳии онҳо ва муқаррар намудани ташхис;

   –   гузаронидани намудҳои гуногуни экспертизаи тиббии рӯҳӣ;

   –   ёрии иҷтимоию маишӣ.

Ёрии беморхонавӣ дар шароити таъминкунандаи амнияти шахси дар беморхона хобонидашуда ва дигар шахсон бо иҷрои бечунучарои қоидаҳои муқарраргардидаи муносибат бо шахсони дар беморхона хобонидашуда, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби ҳайати тиббӣ ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 27. Асосҳо барои хобонидан дар беморхонаи бемориҳои равонӣ

Мавҷуд будани бемории рӯҳӣ, ки муоина ё табобатро тақозо намуда, дар шароити дармонгоҳӣ (берун аз беморхона) гузаронидани онҳо имконнопазиранд, барои дар беморхонаи бемориҳои равонӣ  хобонидани шахс асос шуда метавонад.

Ҷой додани шахс дар беморхонаи бемориҳои равонӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун, ихтиёран – бо хоҳиши ӯ ё бо розигии ӯ анҷом дода мешавад.

Шахсе, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ғайри қобили амал эътироф шудааст, дар беморхонаи бемориҳои равонӣ бо хоҳиш ё розигии намояндаи қонунии ӯ ҷой дода мешавад. Дар ҳолати норози будани яке аз волидон ё ҳангоми ҳузур надоштани онҳо ё дигар намояндаи қонуни ҷой додани ноболиғ дар беморхонаи бемориҳои равонӣ бо қарори мақомоти васоят ва парастори сурат мегирад, ки аз болои он ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Розигии барои дар беморхона хобонидан гирифташуда бо сабт дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ ба расмият дароварда шуда, бо имзои шахс ё намояндаи қонунии ӯ ва табиби бемориҳои равонӣ тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 28. Ба таври таъҷили дар беморхонаи бемориҳои равонӣ хобонидани шахсоне, ки қобилияти дарк намудани қарори бошуурона қабул карданро аз даст додаанд

Шахсе, ки гирифтори бемории возеҳи рӯҳӣ гардида, қобилияти қарори бошуурона қабул карданро аз даст додааст ва бинобар  ҳолати рӯҳӣ барои худ ва атрофиен хавфнок аст, ё шахсе, ки бо табобат ва ёрии тиббии рӯҳӣ фаро нагирифтани он боиси хатар ба саломатии ӯ ва расонидани зарари ҷиддии маънавӣ ва моддӣ ба атрофиен мегардад, бо қарори табиби бемориҳои равонӣ бе розигии бемор ва намояндаи қонунии вай дар беморхонаи бемориҳои равонӣ хобонида мешавад.

Асоснокии дар беморхона хобонидан дар чунин холатҳо бояд аз ҷониби комиссияи табибони  беморихои рӯҳӣ тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 30 ҳамин Қонун тасдиқ карда шавад.

 

Моддаи 29. Тадбирҳои таъминкунандаи бехатари ҳангоми расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ

Ҳангоми ғайриихтиёри хобонидан ва ба беморхонаи бемориҳои равонӣ овардани бемор тадбирҳои зӯран нигоҳдори танҳо дар ҳолатҳо ва муддате истифода мегарданд, ки агар пешгирии расонидани зарари бевосита ва ногузир ба бемор ва дигар шахсон бо усулҳои дигар имконнопазир бошад.

Дар бораи шаклҳо ва вақти истифодаи тадбирҳои маҳдудкунии ҷисмони ё ҷудонигоҳдорӣ, дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ сабти дахлдор карда мешавад.

Кормандони мақомоти корҳои дохили вазифадоранд, ки ба кормандони тиб ҳангоми азназаргургузаронии маҷбурӣ ва хобонидани маҷбурӣ мусоидат карда, бехатарии шароити дастрасии хобонидашудагонро таъмин намоянд. Дар ҳолати таҳдид ба ҳаёту саломатии атрофиён аз ҷониби беморони рӯҳии хобонидашуда ва ҳамчунин ҳангоми зарурияти кофтукоб ва дастгир кардани шахсоне, ки хобонида мешаванд, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд амал намоянд.

 

Моддаи 30. Азназаргузаронии комиссионии шахсони бе розигиашон дар беморхона  хобонидашуда

Шахсоне, ки дар беморхона бо тартиби пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун қабул гардидаанд, дар давоми 72 соат аз ҷониби комиссияи равонпизишкӣ бояд ҳатман мавриди азназаргузарони қарор дода шаванд. Дар ин ҳолат комиссия бояд дар бораи асоснокии дар беморхона хобонидан ё дар хусуси мавҷуд набудани асосҳои кофи барои ин амал қарор қабул намояд. Агар дар беморхона хобонидан берозигӣ беасос дониста шавад ва бистаригардида хоҳиши дар беморхона монданро надошга бошад, ӯ фавран бояд ҷавоб дода шавад. Агар дар беморхона берозигӣ хобонидан  асоснок дониста шавад, хулосаи комиссияи равонпизишкӣ дар бораи ҳалли масъалаи минбаъд нигоҳ доштани шахс дар муассисаи бемориҳои равонӣ дар давоми 24 соат ба суди маҳалли ҷойгиршудаи он фиристода мешавад.

Минбаъд азназаргузаронии комиссиявӣ ҳар моҳ дар ҷараёни ним сол бо мақсади муайянкардани зарурати давом додани табобат дар беморхона гузаронида мешавад.

Пас аз шаш моҳи дар беморхона ҷой додани шахси бемор, хулосаи комиссия дар бораи зарурияти табобати минбаъда дар беморхона бе розигии вай аз ҷониби роҳбари беморхона ба суд, ки бо таъиноти худ метавонад табобати беморхонавиро дароз намояд, фиристода мешавад. Минбаъд дароз намудани мӯҳлати табобати беморхонавӣ ҳар 6 моҳ аз ҷониби суд амали карда мешавад. Тартиби мазкур инчунин нисбат ба шахсоне, ки бо таъиноти суд маҷбуран табобат меёбад, татбиқ мегардад.

 

Моддаи 31. Тартиби баррасӣ ва қарори суд оиди берозигӣ дар беморхона хобонидан

Аризаро оиди асоснокии хобонидани шахс берозигии ӯ дар беморхонаи бемориҳои равонӣ ба суд намояндаи муассисаи бемориҳои рӯҳие, ки дар он шахс хобидааст, медиҳад.

Ба аризаи мазкур, ки дар он мутобиқи нишондоди Қонун асоснокии хобонидан дар муассисаи бемориҳои равонӣ омадааст, хулосаи комиссияи равонпизишкӣ доир ба зарурияти нигоҳ доштани шахс дар беморхонаи бемориҳои равонӣ, илова карда мешавад.

Суд дар давоми на камтар аз се рӯз оиди дар беморхонаи бемориҳои равонӣ минбаъд  нигоҳдоштан ва ё ҷавоб додани шахс бояд қарор қабул намояд.

Дар сурати ғайри имкон будани иштироки шахс вобаста ба ҳолати рӯҳиаш дар баррасии ариза прокурор, намояндаи муассисаи бемориҳои равонӣ ва намояндаи қонунии шахсе, ки нисбати вай масъала ҳал карда мешавад, ҳатман бояд иштирок намоянд.

Барои хобонидан ва ё минбаъд нигоҳ доштаи шахс дар беморхонаи бемориҳои равонӣ қарори суд асос мешавад.

Аз болои қарори суд дар давоми даҳ рӯз шахси дар беморхонаи бемориҳои равонӣ хобонида шуда, намояндаи қонунии вай, роҳбари муассисаи бемориҳои равонӣ ва ё прокурор тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси гарждании мурофиавӣ, метавонанд шикоят намоянд.

 

Моддаи 32. Огоҳсозӣ дар бораи хобонидани шахс дар беморхонаи бемориҳои равонӣ

Ба шахси дар беморхона хобонидашуда, агар ҳолати рӯҳии ӯ имкон диҳад, бояд аз ҷониби маъмурияти беморхонаи бемориҳои рӯҳи асос ва мақсади дар беморхонаи рӯҳӣ ҷой додани ӯ фаҳмонида шавад. Дар давоми 24 соат хешовандон ё намояндаҳои қонунии вай дар бораи ба беморхона хобонидани ӯ бояд расман ва хаттӣ хабардор карда шаванд. Ба шахси дар беморхона хобонидашуда, ба хешовандон ё намояндаи  қонунии ӯ тартиби шикоят кардани қарор дар бораи ҷой додан дар беморхонаи бемориҳои равонӣ фаҳмонда мешавад.

 

Моддаи 33. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсони дар беморхонаи бемориҳои равонӣ

Ҳамаи шахсони барои табобат ё тафтиш дар беморхонаи бемориҳои равонӣ буда дорои ҳуқуқҳои зайл мебошанд, ки аз ҷониби табиби табобаткунанда ва мудири шӯъба танҳо ҳангоми зарурати фавқуллода ба манфиати саломатӣ ё бехатарии худи бемор ё шахсони дигар маҳдуд карда мешаванд:

        – истифода аз рухсатии табобатӣ;

        – мукотиба дар шароите, ки сензураро истисно менамояд;

        – пазироии аёдаткунандагон дар рӯзҳои қабул;

        – гирифтани фиристода ва муросилот;

        – доштан ва ба даст овардани маводи зарурати аввалия.

Шахсони дар беморхона хобонидашуда, ки аз рӯи ҳолати рӯҳии худ ба қабули қарори бошуурона қобилият доранд, ӯхдадоранд қоидаҳои тартиби дохилии барои беморхонаҳои бемориҳои равонӣ муқарраргардидаро риоя намоянд.

 

Моддаи 34. Ҷавоб додан аз беморхонаи бемориҳои равонӣ

Барои аз беморхонаи бемориҳои равонӣ ҷавоб додани шахс ин ҳолатҳо асос мешаванд:

       – шифо ёфтан ё бехтар шудани ҳолати рӯҳӣ, ки табобати минбаъдаи беморхонавиро талаб намекунад;

       –  анҷом ёфтани муоина ё экспертиза, ки сабаби ҷой додан дар беморхона мебошад;

       – хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳии муассисаи табобатию пешгирии бемориҳо ё мақомоти тандурустӣ дар бораи вуҷуд надоштани асосҳо барои маҷбуран хобонидани шахсе, ки ба муқобили ҷой додан дар беморхона эътиррз кардааст;

         – аризаи шахсии бистаригардида ё намояндаи қонунии ӯ дар бораи ҷавоб додан, агар хобонидан дар беморхона ихтиёрӣ сурат гирифта бошад;

       – таъиноти суд.

Ҷавоб додани беморе, ки нисбати ӯ бо қарори суд чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ истифода гардидаанд, танҳо бо қарори суд амалӣ мегардад.

Ҷавоб додани шахси дар беморхона ҷойдодашуда мумкин аст рад карда шавад, агар дар лаҳзаи расидани дархост дар ин бора аз ҷониби комиссияи равонпизишкӣ муқаррар карда шавад, ки бинобар ҳолати рӯҳии худ шахс қобилияти қабули қарори бошуурона надорад, барои худ ва атрофиен бевосита хавфнок аст ё бетабобат мондани ӯ боиси расонидани зиёни ҷиддӣ ба саломатии ӯ, зарари ҷиддии маънавӣ ё моддӣ ба атрофиён мегардад. Дар чунин ҳолатҳо минбаъд нигоҳ доштани шахс дар беморхона бо тартиби пешбининамудаи моддаи 30 ҳамин Қонун анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 35. Ӯҳдадориҳои маъмурият ва ҳайати тиббии беморхонаи бемориҳои равонӣ

Маъмурият ва хайати тиббии беморхонаи беморихои рӯҳӣ ӯҳдадоранд шароитҳоро барои амали кардани ҳуқуқҳои беморон, хешовандон ва намояндагони қонунии онҳо, ки ҳамин Қонун пешбини намудааст, фароҳам созанд, аз ҷумла:

– таъмини беморони беморхонаи бемориҳои равонӣ бо тамоми намудҳои ёрии тиббӣ;

– таъмини шароит ҷиҳати мукотиба, фиристодани муроҷиати беморон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, прокуратура, суд, ҳамчунин ба адвокат;

– хабардор кардани хешовандон ё намояндаи қонунии бемор, ҳангоми набудани онҳо бошад, ба шахси дигар бо интихоби ӯ дар бораи тағйиротҳои ҳолати саломати ва ходисаҳои фавқулоддаи бо ӯ рӯйдода;

– таъмини бехатарии беморони беморхона, назорати таркиби муросилот ва фиристодаҳо;

– муқаррар намудан ва ба беморони эътиқодманд фаҳмонидани қоидаҳое, ки ба манфиати дигар беморони беморхонаи бемориҳои равонӣ ҳангоми иҷрои расму оини дини бояд риоя карда шаванд ва тартиби эътиқоди динии эътиқотмандон ва атеистон;

– иҷро намудани дигар вазифаҳое, ки ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

 

Моддаи 36. Вазифаҳои муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ

Муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон, инчунин кӯдакон, ки гирифтори бемориҳои равонӣ буда, ба дуруст кардани шароити иҷтимоию маишӣ, нигоҳубин, ёрии тиббию ва назорат эҳтиёҷ доранд, ёрии тиббию иҷтимоӣ мерасонанд.

 

Моддан 37. Асосбарои ҷойдоданишахсдармуассисаҳоирӯҳуасабимақомоти ҳифзииҷтимоӣ

Асос барои ҷой додани пиронсолон ё маъюбон аз ҷумла ноболиғон дар муассисаи рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳии муассисаи тандурустӣ дар хусуси гирифтори ба бемории рӯҳӣ мебошад, ки ӯро аз имконияти дар муассисаи махсусгардонидашудаи мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ будан маҳрум мегардонад.

   Ҳамин гуна шахсон дар муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ихтиёран-тибқи аризаи онҳо, ноболиғон тибқи аризаи намояндаи қонунии онҳо ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшуда бо таъиноти суд ҷой дода мешаванд.

 

Моддаи 38. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсоне, ки дар муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи ичтимоӣ ҷой дода шудаанд

     Шахсони дар муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ҷой додашуда дорои ҳуқуқ ва вазифахои шахсоне мебошанд, ки дар беморхонаи бемориҳои рӯҳи қарор доранд.

 

Моддаи 39. Гузаронидан ба дигар муассиса ва ҷавоб додани шахс аз муассисаҳои рӯҳу асаби  мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ

    Асос барои гузаронидани шахс аз муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ба муассисаи шабеҳи шакли умумӣ хулосаи комиссияи равонпизишкӣ вобаста ба набудани нишондоди тиббӣ оиди истиқомати он дар муассисаи махсусгардонидашудаи рӯҳу асаб мебошад.

  Асос барои ҷавоб додан аз муассисаи рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ инҳо мебошад:

– аризаи шахси ҳангоми мавҷуд будани хулосаи комиссияи равонпизишкӣ дар бораи он, ки бо ин ҳолати рӯҳӣ шахс қобилияти мустақилона зиндагӣ карданро дорад;

– аризаи аъзои оила, васӣ ё парастор, ки барои анҷом додани нигоҳубини шахси ҷавобдодашуда ӯҳдадор мешаванд;

– қарори суд.

Боби V. Назорат  ба  фаъолияти расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ

 

Моддаи 40. Назорати расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ

Назорати давлатии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва шахсонеро, ки ёрии тиббии рӯҳӣ мерасонанд, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) анҷом медиҳанд.

Мақомоти давлатии тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, инчунин вазорату идораҳое, ки муассисаҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб доранд, фаъолияти муассисаҳои дар тобеияташон буда ва мақомоти тандурустӣ фаъолияти табибони хусусиро назорат мекунанд.

Аз болои қарорҳо ва ҳаракатҳои муассисаҳои бемориҳои равонӣ ва шахсоне, ки ёрии тиббии рӯҳӣ мерасонанд, ба макомотҳои дар қисмҳои 1 ва 2-и ҳамин модда нишондодашуда, инчунин ба прокуратура ва суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 41. Назорати чамъиятӣ доир ба риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс ҳангоми расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ

Ҳангоми расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии равонпизишкӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти мутобиқи оинномаҳои (низомномаҳои) худ метавонанд бо хоҳиш ё бо розигии шахс назорати ҷамъиятиро, баҳри риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо амали гардонанд.

Тартиби ташриф овардан ба муассисаҳои бемориҳои равонӣ ва рӯҳу асаб бояд дар оинномаи (низомномаи) ин иттиходияҳо инъикос ёфта бошад.

Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъияти вазифадоранд, ки шартҳои ташриф оварданро бо маъмурияти муассисаҳои бемориҳои равонӣ ва рӯҳу асаб мувофиқа карда, бо қоидаҳои амалкунандаи он шинос шаванд ва ӯҳдадории паҳн накардани сирри тиббиро имзо кунанд.

 

Моддаи 42. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани ҳамин Қонун

Барои вайрон кардани ҳамин Қонун ҷавобгарии интизомӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва ҷинояти муқаррар карда мешавад. Асосҳо, тартиби ба ҷавобгарӣ кашидан ва оқибатҳои он тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Шахсоне, ки Қонун ва принсипҳои одоби касбиро вайрон кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 43. Назорати прокурорӣ оиди расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ

Назорати риояи қонуниятро зимни расонидани ёрии тиббии рӯҳӣ прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурори тобеъи он ба амал мебароранд.

 

Моддаи 44. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  2 декабри соли 2002

          №90                      

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

  

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …