Главная / Илм / Эъломияи истиклолияти давлатии Точикистон ва огози бунёди ЧТ

Эъломияи истиклолияти давлатии Точикистон ва огози бунёди ЧТ

Эъломияи истиклолияти давлатии Точикистон ва огози бунёди Чумхурии Точикистон Чумхурии Точикистон дар харитаи сиёсии чахони имруза хамчун давлати сохибихтиёру сохибистиклол ва дорои хамаи аломату рукнхои давлатдори – умумияти забону худуд ва фарханг, халки дорои тамаддуни оламшумул, рамзхои давлати – Суруди милли, Парчами давлати ва Нишони давлати, пойтахт, асъори милли – сомони ва яке аз марказхои тамаддуни чахони дар Машрикзамин арзи хасти дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории хар яки мову шумо мебошад.

Худуди Чумхурии Точикистон аз гарб ба шарк ба масофаи 700 км ва аз шимол ба чануб ба масофаи 350 км тул кашидааст. Дар шимол Точикистон бо Чумхурии Узбекистон ва кисман бо Чумхурии Киргизистон, дар чанубу шарк дар тули 430 км бо Чумхурии Мардумии Чин ва 1030 км бо Чумхурии Исломии Афгонистон хамсархад аст. Масохати Чумхурии Точикистон 143,1 хазор километри квадрати буда, 93 фоизи онро кухсор ва танхо 7 фоизашро водихо ташкил медиханд.

Ахолии Точикистон кариб 7 млн. нафар ва пойтахти он шахри Душанбе мебошад. Забони давлатии Чумхурии Точикистон забони точикист ва беш аз 70 фоизи ахолии кишварро точикон ташкил медиханд.

Шакли идоракунии Точикистон чумхурии президенти буда, сарварии давлатро Эмомали Шарифович Рахмонов ба ухда дорад, ки аз тарафи шахрвандони дорои хукуки интихоботи соли 1999 интихоб гардидааст.

Дар сатхи байналмилали Точикистон хамчун субъекти комилхукук нуфузу эътибори хоса дошта, аз чониби беш аз 130 давлати чахон ба расмият шинохта шудааст.

Чумхурии Точикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттахид буда, дар 15 давлати хоричи сафоратхонахо дорад ва дар худуди кишвар намояндагихои 30 ташкилоти байналхалки, 9 намояндагихои муассисаву ташкилотхои СММ фаъолият доранд.

Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Точикистон имруз як давлати комилан мустакил аст ва роху равиши тараккиёт, самтхои рушди сиёсати дохили ва хоричии худро мустакилона муайян мекунад.

Аввалин санади хукукие, ки истиклолияти Чумхурии Точикистонро эълон кард, Эъломияи истиклолияти Чумхурии Точикистон буд, ки 24-уми августи соли 1990 дар Ичлосияи дуюми Шурои Олии ЧШС Точикистон (даъвати 12-ум) кабул шудааст. Дар моддаи 1-уми Эъломия таърифи мафхуми истиклолияти давлати – «ягонаги ва хукмравоии хокимияти давлати дар тамоми худуди Чумхурии Точикистон ва сохибихтиёрии он дар муносибатхои хоричи» сабт гардид . Ин таърифи истиклолият кадами чиддие ба суи мустакилияти комил буд.

Бо вучуди он, ки дар Эъломия Чумхурии Точикистон дар хайати ИЧШС ва дар доираи салохияти он тасаввур мешуд, бо вучуди ин андешахое баён гардиданд, ки мохиятан ифодакунандаи давлати озоду мустакил буданд. Чунончи, хукуки чумхури ба сарватхои милли, замин ва боигарихои зеризамини, низоми бонки, мустакилона муайян кардани сиёсати молия, карз, нарх ва гайра. Инчунин хама хизбхои сиёси, ташкилотхои чамъияти ва харакатхои оммави баробархукук эълон шуданд. Бори нахуст андешаи тачзияи хокимият ба шохахои конунгузори, ичроия ва суди баён гардид.

Ходисахои мохи августи соли 1991 дар пойтахти хамонвактаи ИЧШС – шахри Москва, рух додани табаддулоти давлати бо номи «ГКЧП» (Комитети давлатии вазъи фавкулодда) ва шикасти он хама чумхурихои хамонвактаи ИЧШС-ро водор намуданд, ки масъалаи истиклолияти худро бо дарназардошти шикасти вокеии ИЧШС аз нав барраси намоянд.

Хамин тарик, Изхороти Шурои Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон» дар Ичлосияи гайринавбатии Шурои Олии ЧТ аз 9-уми сентябри соли 1991 кабул гардида, тавассути ин санад истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон эътироф карда шуд. Баъд аз ин, Шурои Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи эълон шудани истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон» карори махсус кабул кард, яъне изхороти мазкур бо Карори Шурои Олии ЧТ конуни гардонида шуд.

Худи хамон руз, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Конуни ЧТ «Дар хусуси даровардани тагйироту иловахо ба Конститутсияи (Конуни Асосии) ЧумхурииТочикистон» кабул гардида, истиклолияти вокеии Точикистон дар сатхи меъёри конститутсиони расми гардонида шуд.

Мухимтарин меъёрхои хукукии Эъломияи истиклолияти давлатии ЧТ хамчун санади нахустини хукукии давлати тозабунёди Точикистон аз инхо иборат буданд:

– хукмравоии Конститутсия ва конунхои ЧТ дар худуди чумхури;

– моликияти давлатии ЧТ эълон шудани хама корхонаву муассисахои давлати, воситахои асосии истехсоли, муомилоти фондхо ва дигар молу мулк.

Хамин тарик, дар таърихи давлати Точикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 рузи бунёди Чумхурии Точикистон эътироф шудааст. Хар сол дар ин рузи муборак ахли чомеаи Точикистон чашни истиклолро бо шукуху шахомати хоса кайд мекунад ва ин руз тибки конун рузи истирохат эълон шудааст.

Маънии истиклолиятро сарвари давлат мухтарам Э.Ш. Рахмонов хеле дакик шарх додаанд: «Истиклолият шиносномаи хастии давлати комилхукук ва сохибихтиёри точикон дар чомеаи чахонист, ки низоми давлатдори, сиёсати дохилию хоричи, сиёсати иктисоди, ичтимои ва фархангии хешро мустакилона пеш мебарад».

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …