Главная / Илм / Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва оғози бунёди ҶТ

Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва оғози бунёди ҶТ

Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва оғози бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрўза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ – умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ – Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, асъори миллӣ – сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.

Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарб ба шарқ ба масофаи 700 км ва аз шимол ба ҷануб ба масофаи 350 км тўл кашидааст. Дар шимол Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ўзбекистон ва қисман бо Ҷумҳурии Қирғизистон, дар ҷанубу шарқ дар тўли 430 км бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 1030 км бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳазор километри квадратӣ буда, 93 фоизи онро кўҳсор ва танҳо 7 фоизашро водиҳо ташкил медиҳанд.

Аҳолии Тоҷикистон қариб 7 млн. нафар ва пойтахти он шаҳри Душанбе мебошад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист ва беш аз 70 фоизи аҳолии кишварро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Шакли идоракунии Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ буда, сарварии давлатро Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба ўҳда дорад, ки аз тарафи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ соли 1999 интихоб гардидааст.

Дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ нуфузу эътибори хоса дошта, аз ҷониби беш аз 130 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид буда, дар 15 давлати хориҷӣ сафоратхонаҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои 30 ташкилоти байналхалқӣ, 9 намояндагиҳои муассисаву ташкилотҳои СММ фаъолият доранд.

Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Тоҷикистон имрўз як давлати комилан мустақил аст ва роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.

Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул шудааст. Дар моддаи 1-уми Эъломия таърифи мафҳуми истиқлолияти давлатӣ – «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» сабт гардид . Ин таърифи истиқлолият қадами ҷиддие ба сўи мустақилияти комил буд.

Бо вуҷуди он, ки дар Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва дар доираи салоҳияти он тасаввур мешуд, бо вуҷуди ин андешаҳое баён гардиданд, ки моҳиятан ифодакунандаи давлати озоду мустақил буданд. Чунончи, ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба сарватҳои миллӣ, замин ва боигариҳои зеризаминӣ, низоми бонкӣ, мустақилона муайян кардани сиёсати молия, қарз, нарх ва ғайра. Инчунин ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ баробарҳуқуқ эълон шуданд. Бори нахуст андешаи таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ баён гардид.

Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 дар пойтахти ҳамонвақтаи ИҶШС – шаҳри Москва, рух додани табаддулоти давлатӣ бо номи «ГКЧП» (Комитети давлатии вазъи фавқулодда) ва шикасти он ҳама ҷумҳуриҳои ҳамонвақтаи ИҶШС-ро водор намуданд, ки масъалаи истиқлолияти худро бо дарназардошти шикасти воқеии ИҶШС аз нав баррасӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, Изҳороти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии ҶТ аз 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд. Баъд аз ин, Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори махсус қабул кард, яъне изҳороти мазкур бо Қарори Шўрои Олии ҶТ қонунӣ гардонида шуд.

Худи ҳамон рўз, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Қонуни ҶТ «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) ҶумҳурииТоҷикистон» қабул гардида, истиқлолияти воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд.

Муҳимтарин меъёрҳои ҳуқуқии Эъломияи истиқлолияти давлатии ҶТ ҳамчун санади нахустини ҳуқуқии давлати тозабунёди Тоҷикистон аз инҳо иборат буданд:

– ҳукмравоии Конститутсия ва қонунҳои ҶТ дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

– моликияти давлатии ҶТ эълон шудани ҳама корхонаву муассисаҳои давлатӣ, воситаҳои асосии истеҳсолӣ, муомилоти фондҳо ва дигар молу мулк.

Ҳамин тариқ, дар таърихи давлати Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 рўзи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Ҳар сол дар ин рўзи муборак аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҷашни истиқлолро бо шукўҳу шаҳомати хоса қайд мекунад ва ин рўз тибқи қонун рўзи истироҳат эълон шудааст.

Маънии истиқлолиятро сарвари давлат мўҳтарам Э.Ш. Раҳмонов хеле дақиқ шарҳ додаанд: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …