Главная / Чамъият / ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМИ ВА ИЛМИ-ТЕХНИКИ

ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМИ ВА ИЛМИ-ТЕХНИКИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМИ ВА ИЛМИ-ТЕХНИКИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2010, №1, мод. )

Конуни мазкур муносибатхоро вобаста ба гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники ба танзим дароварда, объектхои мухими чамъиятиро, ки зарурат ба экспертизаи илми ва илми-техники доранд, муайян мекунад, хукук ва ухдадорихои асосии фармоишгарон ва ичрокунандагони экспертизаи илми ва илми-техникиро мукаррар менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ  

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– экспертизаи илми ва илми-техники – намуди фаъолияти илми-тахкикоти оид ба гузарондани тахкикот, тахлил ва арзёбии илмии объектхои экспертиза, тайёр намудан ва ба расмият даровардани хулосаи эксперти нисбати ин объектхо, ки барои кабул намудани карорхои мухими чамъияти заруранд;

– эксперт – шахси вокеи, ки дар ташкилоти махсус ё мустакилона фаъолият намуда, оид ба ичрои вазифахои гузоштаи экспертизаи илми ва илми-техники тахассуси баланд ва тачрибаи касби дорад;

-хулосаи экспертизаи илми ва илми-техники – хуччати омоданамудаи ичрокунандаи экспертиза, ки оид ба объекти экспертиза хулосахои асосиро дар бар мегирад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи  экспертизаи илми ва илми-техники

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи экспертизаи илми ва илми-техники ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, хамчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазифахои экспертизаи илми ва илми-техники

Вазифахои асосии экспертизаи илми ва илми-техники аз инхо иборатанд:

– тахкики вокеии мачмуии объектхои экспертиза;

-санчиши мувофикати объектхои экспертиза ба талабот ва меъёрхои конунгузории Чумхурии Точикистон;

-арзёбии мувофикати объектхои экспертиза ба сатхи имрузаи донишхои илми, техники ва технологи, самтхои афзалиятноки инкишофи илми-техники, принсипхои сиёсати давлати оид ба илму техника, талаботи бехатарии экологи ва манфиатхои иктисоди;

-тахлили самаранокии истифодаи имкониятхои мавчудаи илми-техники, арзёбии натичаи корхои илми-тахкикоти, коркардхои тачрибави-конструктори ва технологи;

– пешгуии окибатхои илми-техники, ичтимои-иктисоди ва экологии татбики барномахо, лоихахо ва пешниходхое, ки объекти экспертиза мебошанд;

-тахияи хулосахои асосноки эксперти оид ба хамаи масъалахои омухташаванда (аз чумла тавсияхои маблаггузоришаванда);

-чалби чомеаи илми ба халли масъалахои ташкили тахкикоти илми ва афзун гардонидани самараи корхои эксперти.

Моддаи 4. Принсипхои экспертизаи илми ва илми-техники

Принсипхои асосии экспертизаи илми ва илми-техники аз инхо иборатанд:

– салохиятноки ва сатхи баланди касбии шахсони вокеи ва хукукие, ки экспертиза мегузаронанд;

-муносибати илми, тахкики пурра, хамачониба ва вокеии объектхои экспертиза, таъмини асоснокии натичахои экспертиза;

– мустакилият ва химояи хукуки иштироккунандагони раванди эксперти хангоми аз тарафи онхо ичро намудани фаъолияти касби;

– тамоюл ба сатхи чахонии инкишофи илм ва техника, меъёрхо ва коидахои бехатарии технологи ва экологи, талаботи стандартхо ва созишномахои байналмилали;

– ташкили бонизоми корхои эксперти ва таъмини меъёри ва илмию методии онхо;

– ба назар гирифтани афкори чамъияти оид ба масъалаи мавриди экспертиза карордошта;

– чавобгари барои дурусти, пурраги ва асоснокии тавсияхои экспертиза;

– шаффофияти экспертиза.

Моддаи 5. Намудхои экспертизаи илми ва илми-техники

1.Экспертизаи илми ва илми-техники метавонад аз руи мохият давлати, чамъияти ва махсус ва аз руи тартиби гузарондан ибтидои, такрори, иловаги ва комиссиони бошад.

2.Шартхо ва тартиби гузаронидани намудхои гуногуни экспертизаи илми ва илми-техникиро Конуни мазкур мукаррар менамояд.

Моддаи 6. Объектхои экспертизаи илми ва илми-техники

  1. Объектхои экспертизаи илми ва илми-техники иборатанд аз:

– лоихахо, барномахо, технологияхо, пешниходхои сатху мазмуни гуногун, ки аз руи онхо тахлили асосноки илми анчом дода шуда, дар бобати мувофики максад будани кабул, татбик, истифода ва вусъати баъдии онхо хулоса дода мешавад;

– намунахои техника (аз чумла харби), объектхои саноати, иншоот, падидахои табии, технологияхое, ки доир ба онхо гирифтани хулосахои илман асосноки эксперти талаб карда мешавад.

  1. Ба экспертизаи хатмии илми ва илми-техники инхо шомиланд:

– барномахои давлати ва миллии илми, илми-техники ва технологи;

– лоихахои барномахои байнидавлатии илми ва илми-техники дар сохаи хамкории илми ва илми-техники;

– барномахои сохави ва байнисохави дар фаъолияти илми, илми-техники ва технологи;

– барномахои илми-техникии дорои ахамияти ичтимои, лоихахои инноватсиони ва инвеститсионии сатху таъйиноти гуногун, инчунин натичахои татбики ин барномахо ва лоихахо;

– тахкикоти диссертатсиони, пешниходхои ратсионализатори, ихтироот;

– лоихахои санадхои меъёрии хукуки оид ба танзими фаъолият дар сохаи илм ва илму техника;

– асосномахои техники-иктисодии барномахо, лоиха ва карорхо доир ба сохтан, навсози, бархамдихи, боздоштан, нигохдории мачмаахои истехсоливу технологи ва системахои техники, ки бо иштирок ё назорати давлат сохта мешаванд;

– асосномахои илми ва илми-техникии карорхое, ки ба пешгири ва бартараф намудани окибатхои вазъияти фавкулодда ва фалокатхои техногени алокаманданд;

– корхое, ки ба дарёфти чоизахои давлати дар сохаи илм ва техника пешбари шудаанд.

  1. Бо ташаббуси ташкилотхо ва муассисахое, ки халли масъалахои дахлдор ба салохияти онхо марбутанд, инхо экспертиза карда мешаванд:

– лоихахои чудогонаи илми-техники ва технологи, хамчунин махсулоти илми-техники;

– корхои илми-тахкикотии (дорои чанбахои бунёди ва амали) самтхои гуногун;

– корхои тачрибави-конструктори ва мачмуи корхое, ки дар асоси супоришхои техники бо максади коркарди хуччатхои дахлдор ичро  мешаванд;

– корхои илмии дар шакли дастнависхо, маърузахо, монографияхо ё дастурхои махсус омодашуда;

– асосномахои техники-иктисоди, накшахои консептуали,  тичорати ва лоихахои инвеститсиони;

– равандхои татбики натичахои тахкикот ва коркардхои илми, навъхои дигари фаъолияти илми, илми-техники ва технологи;

– объектхои дигари фаъолияти илми ва илми-техникие, ки нисбати онхо зарурати гузаронидани экспертиза пеш меояд.

 

Моддаи 7. Субъектхои экспертизаи илми ва илми-техники

1.Субъектхоиэкспертизаи илми ва илми-техники фармоишгарон ва ичрокунандагони экспертиза ва хамчунин дигар иштироккунандагони фаъолияти экспертизаи илми ва илми-техники мебошанд.

2.Фармоишгарони экспертизаи илми ва илми-техники макомоти давлати, ташкилотхои чамъияти ва байналмилали, шахсони вокеи ва хукуки, ки ба гузаронидани ин экспертиза манфиатдоранд, буда метавонанд.

  1. Фармоишгарон мавзуъ ва мазмуни экспертизаро муайян мекунанд, супоришхои гузарондани онро тартиб медиханд, маблаггузории корхои зарури, пардохти хидмати ташкил­кунандагони экспертиза ва кори экспертхоро таъмин ва хулосахои экспертии пешниходшударо барраси менамоянд.
  2. Ичрокунандагони экспертизаи илми ва илми-техники ташкилотхои эксперти ва шахсони вокеи – экспертхое мебошанд, ки оид ба мавзуи экспертиза тахассуси лозими ва тачрибаи касби доранд.
  3. Экспертхо дар ташкилотхои эксперти ё мустакилона кор карда, дар экспертиза бевосита иштирок менамоянд, объекти ба онхо пешниходшударо меомузанд ва арзёби мекунанд, оид ба гузаронидани тахлили дуруст ва пурраи объект, асоснокии тавсияхо ва мувофикати онхо ба талаботи фармоишгари экспертиза масъулият доранд.
  4. Дар симои як шахс якчо кардани вазифахои эксперт ва муаллифи коркарди арзёбишаванда ва ё шахси барои химояи у манфиатдор ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 8.  Сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияи фаъолияти эксперти

  1. Шахсони вокеие, ки ба таври доими ё касби фаъолияти экспертиро ичро менамоянд ва шахсони хукукие, ки дар оинномаашон чунин фаъолият пешбини шудааст, бояд аз сертификатсияи хатмии давлати гузаранд ва сертификатеро, ки тахассуси дорандаи онро дар масъалахои гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники тасдик менамояд, дарёфт намоянд.
  2. Барои шахсони вокеи ва хукукие, ки шаходатномаи давлатии тахассуси доранд, сертификатхо метавонанд бо хуччатхои дигар иваз карда шаванд. Шакли хуччатхое, ки сертификатро иваз мекунанд ва ба ичрои фаъолияти эксперти (пешниходи хизматрасонии эксперти) бе дарёфти сертификат хукук медиханд, аз чониби макоме, ки Хукумати Чумхурии Точикистон онро ваколатдор намудааст, муайян карда мешавад.
  3. Ташкилотхои (муассисахои) илмии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияхои сохавие, ки фаъолияти худро аз хисоби маблагхои бучети давлати амали мекунанд, муассисахои тахсилоти олии касбие, ки Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон онхоро аз аттестатсия гузаронидааст, муассисахои пешбари илми-тахкикоти ва муассисахои лоихакашии вазорату идорахо метавонанд фаъолияти экспертиро бе сертификатсияи иловаги дар асоси низомномахои кабулшуда, ки дар онхо чунин фаъолият пешбини шудааст, ичро намоянд.
  4. Мувофикати имкониятхои ичрокунандаи экспертизаи илми ва илми-техники ба талаботи меъёри барои таъмини шартхои гузарондани экспертиза ва сифати натичахои он хангоми аккредитатсияи онхо дар макомот ва ташкилотхое, ки ба гузарондани экспертизаи хатмии илми ва илми-техники ваколатдоранд, тасдик карда мешавад.
  5. Ба эксперте, ки ба тартиби мукарраршуда аттестатсия ва аккредитатсияро гузаштааст, макоми эксперти категорияи муайян дода мешавад.
  6. Тартиби гузаронидани сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии ташкилотхои эксперти ва экспертхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  7. Аккредитатсияи шахрвандони хоричи, шахсони бешахрванд ба сифати эксперт бо назардошти талаботи Конуни мазкур, шартномахо ва созишномахои байналмилали сурат мегирад.
  8. Рад кардани сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияи ичрокунандаи экспертизаи илми ва илми-техники метавонад бо тартиби суди эътироз карда шавад.

 

БОБИ 2. ХУКУК ВА уХДАДОРИХОИ СУБЪЕКТХОИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМИ ВА

ИЛМИ-ТЕХНИКИ

 

Моддаи 9. Хукук ва ухдадорихои фармоишгари экспертизаи илми ва илми-техники

  1. Фармоишгариэкспертизаи илми ва илми-техники хукук дорад:

– дар бораи зарурати гузаронидани экспертизаи ибтидои, такрори, иловаги ё комиссионии илми ва илми-техники карор кабул кунад, агар Конуни мазкур тартиби хатмии гузаронидани чунин эспертизаро мукаррар накарда бошад;

– ташкилоти экспертии (эксперти) экспертизаи илми ва илми-техникиро интихоб намояд, дар бораи гузаронидани он машварат гирад;

– бо ташкилотхои экспертии (экспертхои) экспертизаи илми ва илми-техники бо риояи талаботи Конуни мазкур шартнома бандад;

– дар гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники иштирок намояд, агар Конуни мазкур ё шартномаи гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники талаботи дигарро пешбини накарда бошад;

– бо хулосахои мархилави ва нихоии экспертизаи илми ва илми-техники шинос шавад;

– бо ризоияти ташкилоти эксперти (эксперт) ба объекти экспертиза дар рафти экспертиза тагйирот ворид намояд;

– дар бораи рафти экспертиза бо тартиби мукарраршуда иттилоъ гирад, ба ташкилоти эксперти (эксперт) дар бораи мохияти экспертизаи илми ва илми-техники тавзехот, эродхо, пешниходхои хатти ё дахони пешниход намояд;

– ихтиёрдории сохибмулкро ба натичаи экспертиза риоя намояд, агар Конуни мазкур ё шартномаи пудратибарои гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники талаботи дигарро пешбини накарда бошад.

  1. Фармоишгари экспертизаи илми ва илми-техники ухдадор аст:

– ба ташкилоти экспертии (эксперти) экспертизаи илми ва илми-техники дар гузарондани тахлили хамачониба, вокеи, мачмуи ва илман асосноки объектхои экспертиза, омода кардани арзёбии новобастаи эксперти мусоидат намояд;

– ба ташкилоти эксперти (эксперт) барои гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники оид ба объектхои экспертиза дар мухлати мукаррарнамудаи шартнома мавод, иттилоот, хисобхо, нишондодхо, маълумоти иловагии лозимиро дихад;

– дар фаъолияти худ хулосаи экспертизаи илми ва илми-техникиро истифода барад ва дар мавридхои дар Конуни мазкур пешбинишуда объекти экспертиза ва маводи марбут ба онро ба экспертизаи такрори ё иловаги пешниход намояд;

– шартхои махфиятро хангоми ташкили экспертизаи илми ва илми-техники, аз чумла пинхон нигох доштани ному насаби экспертхоро риоя намояд;

– музди кори ташкилоти эксперти (эксперт)-ро тибки шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники пардохт намояд;

– ба ташкилоти эксперти (эксперт) товони зарари маънави ва моддиро, ки хангоми гузаронидани экспертиза бо амали нодурусти худ расонидааст, чуброн намояд.

  1. Фармоишгар бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои вайрон кардани шартхои шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники ва кабули карорхои беасоси вобаста ба тасдик кардан ё накардани натичахои экспертиза масъул мебошад.

 

Моддаи 10. Хукукхо ва ухдадорихои ичрокунандаи экспертизаи илми ва илми-техники

  1. Ичрокунандаи экспертизаи илми ва илми-техники (ташкилоти эксперти, эксперт) хукук дорад:

– оид ба хамаи масъалахое, ки ба мавзуъ ва методологияи гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники дахл доранд, озодона андеша баён намояд;

– дар тахкик, тахлил ва арзёбии объектхои  экспертизаи илми ва илми-техники дар хамаи мархилахо иштирок намояд;

– мавод, хисобхо ва асосномахои иловагии заруриро барои омода кардани хулосахои вокеи дархост намояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ё шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники оид ба объекти экспертиза маълумоти боэътимодро дарёфт намояд;

– ба махзани маълумот, манбаъхои дигари иттилооти илми–техники оид ба масъалахои марбут ба мавзуи экспертиза озодона дастраси дошта бошад.

  1. Конунгузории Чумхурии Точикистон ё шартнома барои гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники метавонанд хукукхои дигарро ба ичрокунандаи экспертиза (ташкилоти эксперти, эксперт) пешбини намоянд.
  2. Ичрокунандаи экспертизаи илми ва илми-техники (ташкилоти эксперти, эксперт) ухдадор аст:

– ба фармоишгари экспертиза хуччатхоеро, ки гузаштани сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияро тасдик менамоянд ё хуччатхои дигарро, ки тачриба ва сатхи илми-техникии ташкилоти эксперти ва дарачаи тахассуси экспертхои барои гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники чалбшударо тасдик мекунанд, нишон дихад;

– шартхои махфияти маълумоти аз фармоишгари экспертиза гирифташуда ва дар маводи экспертиза чойдоштаро, ки конун ва шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техники пешбини намудаанд, риоя кунад;

– дар мавридхои зарури дар назди фармоишгар масъалаи ба экспертиза ба таври илова чалб намудани мутахассисони сохахои ба хам наздик ё махсуси илм, техника ва истехсолотро пеш гузорад.

  1. Эксперт – иштирокчии экспертизаи илми ва илми-техники барои натичахои он, аз чумла барои дер аз мухлат, бесифат ва гайриконуни гузарондани экспертиза, ичро накардани ухдадорихои шартномави, бе ичозат ошкор намудани маълумоти хидмати, гирифтани инъомхои пуливу модди аз шахсони вокеию хукукии манфиатдор чавобгарии шахси дорад.
  2. Эксперт хангоми гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники дар интихоби усулхои гузарондани экспертиза мустакил аст ва оид ба объектхои экспертиза бо такя ба натичахои тахкикоти мувофики донишхои махсуси худ гузарондааш хулоса медихад.
  3. Расондани таъсир ба эксперт аз чониби намояндаи фармоишгар ё шахсони дигари ба гузарондани экспертиза манфитдор манъ аст.
  4. Шахсоне, ки дар расондани таъсир ба эксперт гунахкоранад, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ ГУЗАРОНДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМИ ВА ИЛМИ-ТЕХНИКИ

Моддаи 11. Асосхо барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники

  1. Экспертизаи илми ва илми-техники аз руи талаботи конун ё бо ташаббуси фармоишгари экспертизаи илми ва илми-техники гузаронда мешавад.
  2. Байни фармоишгар ва ичрокунандаи экспертизаи илми ва илми-техники барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники шартнома баста мешавад.
  3. Экспертизаи илми ва илми-техники дар асоси озмун амали карда намешавад.

 

Моддаи 12. Таъйини экспертизаи илми ва илми-техники

Экспертизаи илми ва илми-техники дар асоси карори гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники таъйин мегардад. Карор дар бораи гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники бояд дорои маълумоти зерин бошад:

– сана ва макони кабули карор;

– асоси таъйини экспертиза;

– супоришхои барои экспертиза гузошташуда;

– объектхо ва маводхои барои экспертиза пешниходшуда;

– шартхои махсуси муносибат бо объектхои тахкикоти эксперти, агар онхо зарур бошанд;

– номи ташкилоти эксперти (маълумот дар бораи эксперт), ки гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники ба онхо супорида шудааст;

– маълумоти дигар.

Моддаи 13. Шартнома барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники

1.Дар шартнома барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники муайян карда мешаванд:

– тарафхои шартнома;

– мавзуъ ва объекти экспертиза;

– шартхои гузарондани экспертиза;

– хукуку ухдадорихои тарафхо;

– мухлати гузарондани экспертиза;

– тартиби маблаггузори;

– шартхое, ки ба тагйир ё катъи муносибатхои шартномави таъсир мерасонанд;

– масъулияти тарафхо барои ичро накардан ё номатлуб ичро кардани шартхои шартнома;

– шартхои дигари барои тарафхо мухим.

  1. Дар шартнома барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники шартхои иловагии зеринро зикр намудан мумкин аст:

– хукуки моликият ба натичахои нихои, мархилави ва иловагии экспертиза;

– ухдадории фармоишгар дар бораи пешниход намудани иттилооти махсус оид ба объект ва мавзуи экспертиза ;

– шартхо ва низоми дастраси ба маводи маълумотдихи ва иттилооти, махзани маълумот ва манбаъхои дигари иттилоот, ки сирри давлати, тичорати ё ахбори дигари махфи доранд;

– шартхо ва тартиби чалби мутахассисон барои иштирок дар фаъолияти алохидаи раванди эксперти;

– шартхои дигари иловаги.

  1. Кисми хатмии шартнома дар бораи гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники супориш барои гузарондани экспертиза мебошад, ки дар он бояд мавзуи экспертиза ва меъёрхои арзёбии объекти экспертиза муайян гардида бошанд.
  2. Шартнома барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники мумкин аст дар намуди шартномаи пудрати барои ичрои корхои илми-тахкикоти баста шавад.
  3. Намуд ва шакли мушаххаси шартномаро барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники бо бахисобгирии шароити мушаххаси гузарондани экспертиза ва мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон фармоишгар муайян мекунад.

 

            Моддаи 14. Хусусиятхои гузарондани экспертизаи давлати, чамъияти ва махсуси илми ва илми-техники

1.Экспертизаи давлати бо карори макомот ва ташкилотхои давлати, ки ба ташкили гузарондани экспертизаи давлатии илми ва илми-техники ваколатдоранд, анчом дода мешавад.

2.Хангоми гузарондани экспертизаи давлатии илми ва илми-техники иштирокчиёни раванди эксперти ба Конуни мазкур, санадхои меъёрии хукуки, ки тартиби гузарондани экспертизаи давлатиро ба танзим медароранд, такя мекунанд.

3.Шахсони мансабдор, макомот ва ташкилотхои давлати хукук доранд, ки дар асоси хулосаи экспертизаи илми ва илми-техники  карор кабул намоянд, агар экспертизаи илми ва илми-техники бо риояи талаботи санадхои меъёрии хукуки, ки тартиби гузарондани  экспертизаи давлатиро  танзим менамоянд, анчом дода шуда бошад.

4.Экспертизаи чамъияти бо ташаббуси чомеаи илми, ташкилотхои чамъияти ва шахрвандоне гузаронда мешавад, ки фармоишгари экспертизаи чамъиятии илми ва илми-техники мебошанд.

5.Экспертизаи чамъияти  мумкин аст дар хар гуна сохаи фаъолияти илми ва илми-техники оид ба объектхое, ки  таваччух ва назорати чамъиятиро талаб мекунанд, гузаронда шавад. Натичахои экспертизаи чамъияти мумкин аст нашр ва ё бо тартиби мукарраргардида ба макомот ва ташкилотхои дахлдор пешниход карда шаванд. Макомот ва ташкилотхои давлати хангоми кабули карорхои барои чамъият мухим бояд тавсияхои экспертизаи чамъиятиро ба назар гиранд.

6.Экспертизаи махсуси илми ва илми-техники бо ташаббуси шахсони вокеи ва хукуки – фармоишгарони экспертиза, ки ба гирифтани хулосахои эксперти доир ба объектхои мушаххаси экспертизаи илми ва илми-техники дар иртибот ба карор оид ба истифодаи онхо дар фаъолияти амали манфиатдоранд, гузаронда мешавад.

7.Экспертизаи чамъияти ва махсуси илми ва илми-техники аз тарафи ташкилотхои дорои шаклхои гуногуни моликият ва тобеияти идорави, ки дар оинномаи онхо фаъолияти эксперти пешбини шудааст, хамчунин аз тарафи шахсони вокеи-экспертхо, ки шухрати касби ва тачрибаи гузаронидани экспертизаи илми ва илми-техникиро дар сохаи мушаххаси донишхои илми ва илми-техники доранд, гузаронда мешаванд.

 

Моддаи 15. Хусусиятхои гузаронидани экспертизаи ибтидои, такрори ва иловагии илми ва илми-техники

  1. Экспертизаи илми ва илми-техникии ибтидои бо максади амали гардондани тадбирхои вобаста ба тайёр кардани хулосахои асоснок доир ба объектхои тахкикшаванда (арзёбишаванда) гузаронда мешавад.
  2. Экспертизаи илми ва илми-техникии такрори мумкин аст дар мавриди ошкор шудани вайронкорихо дар талабот ва коидахои гузарондани экспертизаи ибтидои ва ё бо талаби фармоишгар дар мавриди мавчуд будани эродхои асоснок нисбат ба хулосаи экспертизаи ибтидои гузаронда шавад.
  3. Гузарондани экспертизаи такрори ба дигар ичрокунандаи экспертиза супорида мешавад.
  4. Экспертизаи илми ва илми-техникии иловаги дар объектхое гузаронда мешавад, ки  нисбат ба онхо фармоишгар холатхои нави илми ва илми-техникиро ошкор сохтааст.
  5. Гузарондани экспертизаи илми ва илми-техникии иловаги ба хамон ичрокунанда ва ё дигар ичрокунандаи экспертиза супорида мешавад.

 

Моддаи 16. Экспертизаи илми ва илми-техникии комиссиони

  1. Экспертизаи илми ва илми-техникии комиссиони экспертизае мебошад, ки аз тарафи якчанд ичрокунандаи экспертизаи як тахассуси эксперти ва ё якчанд ичрокунандагони экспертизаи тахассусхои гуногуни эксперти, ки аз руи мавзуъ, объект ё усули амалиёти эксперти наздиканд, гузаронда мешавад.
  2. Хусусияти комиссионии экспертизаи илми ва илми-техники аз тарафи фармоишгари экспертиза ва ё рохбари ташкилоте, ки гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники ба ухдаи у вогузор шудааст, муайян карда мешавад.
  3. Ташкил ва ичрои экспертизаи комиссиони ба ухдаи рохбари ташкилот ва ё ба рохбарони якчанд ташкилотхое, ки ба гузарондани экспертизаи комиссиони ухдадор гардидаанд, вогузор карда мешавад.
  4. Комиссияи экспертхо максад, пайдарпайи ва хачми тахкикоти пешбинишударо вобаста ба зарурияти халли масъалахои дар назди онхо гузошташуда мувофика мекунад. Дар хайати комиссияи экспертхо, ки гузарондани экспертиза ба он супорида шудааст, хар як эксперт алохида ва мустакилона тахкикот мебарад, натичахоеро, ки шахсан ва экспертхои дигар ба даст овардаанд, арзёби мекунад ва доир ба масъалахои гузошташуда дар доираи донишхои махсуси худ хулоса мебарорад. Яке аз экспертхои комиссияи мазкур метавонад накши  рохбар-ташкилотчии экспертизаро ичро кунад.
  5. Хулосаи экспертизаи комиссиони аз тарафи хамаи ичрокунандагони экспертиза имзо карда мешавад.

 

           Моддаи 17. Таъмини вокеият, хамачонибаги ва пуррагии  экспертизаи илми ва илми-техники

Вокеият, хамачонибаги ва пуррагии экспертизаи илми ва илми-техники бо тарики зайл таъмин мегардад:

– интихоби озоди ташкилотхои эксперти ва экспертхое, ки барои ичрои экспертиза даъват мешаванд;

– бо шартхои гузарондани сертификатсия ва аккредитатсияи ташкилотхои эксперти ва экспертхо дар сохаи экспертизаи илми ва илми-техники;

– аслият ва пуррагии иттилооте, ки барои гузарондани экспертиза пешниход шудааст;

– салохияти ичрокунандаи экспертиза, ки дар сохаи муайяни дониш сохиби тачриба ва тахассуси зарури барои ичрои супориши мушаххаси эксперти мебошад;

– хукуки эксперт барои талаб кардани пешниходи иттилоот ва маълумоти иловаги дар мавриди нопурра будан ва ё ихтилоф доштани маълумоти ибтидои, хамчунин хукуки эксперт ба радкунии асосноки додани хулоса;

– ухдадории эксперт барои додани хулосаи хатти доир ба мохияти супориши эксперти бо тафсири муфассали раванд ва натичахои экспертиза;

– чавобгарии эксперт барои муносибати сатхи нисбат ба супориши додашуда;

– хукуки фармоишгари экспертиза барои арзёбии натичахои хулосахои экспертиза аз руи мохият;

– хукуки фармоишгари экспертиза барои таъйин намудани экспертизаи иловаги ва ё такрори тибки холатхои пешбиникардаи конун;

– хукуки пешбиникардаи конун ба шахсоне, ки ба натичахои экспертизаи конунан хифзшуда манфиатдоранд, барои талаб кардани таъйини экспертизаи иловаги ё такрори ва дархост барои рад кардани экспертхо.

 

Моддаи 18. Иштироки шахсони сеюм дар гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники

1.Дар экспертизаи илми ва илми-техники шахсоне иштирок  карда метавонанд, ки дар конунгузори ё шартнома дар бораи гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники пешбини гардидаанд.

2.Шахсони дар гузарондани экспертиза иштироккунанда хукук надоранд, ки ба рафти чараёни экспертиза дахолат кунанд, вале метавонанд хукукхоеро истифода баранд, ки онхо аз конунгузории Чумхурии Точикистон ва ё шартнома барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники бармеоянд.

  1. Иштироки шахсони бегона дар мавридхои зерин ичозат дода намешавад:

– хангоми тартиб додани хулосаи экспертиза;

– дар чаласаи экспертхо  ва хангоми чамъбаст кардани хулосахо, агар экспертизаи комиссиони ва ё мачмуи гузаронда шавад;

– агар иштироки онхо раванди экспертизаро халалдор кунад.

  1. Агар шахси иштироккунанда дар гузарондани экспертиза ба раванди эксперти халал расонад, хар эксперт хукук дорад, ки амалиёти экспертиро боздорад ва дар ин бора бетаъхир ба фармоишгари экспертиза хабар дихад.
  2. Фармоишгари экспертиза дар ин маврид бояд дархости экспертро конеъ гардонад ва ё бо тартиби мукарраргардида экспертро иваз намояд.

 

Моддаи 19. Хулосаи экспертизаи илми ва илми-техники

  1. Хулосаи экспертизаи илми ва илми-техники хуччате мебошад, ки аз тарафи ичрокунандаи экспертиза омода карда мешавад ва хулосахои асосиро доир ба объекти экспертиза дар бар мегирад.
  2. Ба хулосаи экспертиза мумкин аст андешахои махсуси асоснок­шудаи экспертхое, ки ба кабули хулоса рози намебошанд, замима карда шавад.
  3. Хулосаи экспертизаи илми ва илми-техникиро, ки аз тарафи ичрокунандаи экспертиза омода гардидааст, бе ризоияти хаттии у  тагйир додан мумкин нест.
  4. Хулосаи экспертиза, ки аз тарафи ичрокунандаи экспертиза омода шудааст, ба намояндаи ваколатдори фармоишгари экспертизаи илми ва илми-техники пешниход карда мешавад.
  5. Фармоишгари экспертиза асоснокии хулосаи экспертиро арзёби накарда, риояи талаботи супориш ва шартномаро барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники тафтиш менамояд ва дар сурати ичро шудани ин талабот,  хулосаи экспертиро тасдик мекунад.
  6. Рад кардани тасдики хулосаи эксперти бо сабабхои норизоги ба мазмуни хулосаи эксперти ичозат дода намешавад ва бо тартиби суди ба он эътироз овардан мумкин аст.
  7. Хулосаи экспертизаи илми ва илми-техники аз руи мавзуъ ва объекти гузаронидани он метавонад мусбат ва ё манфи бошад, ки дар ин бора дар кисми карордоди хулоса бояд тасвияи дахлдор ворид карда шавад.
  8. Агар карори фармоишгари экспертизаи илми ва илми-техники ба хулосаи экспертизаи илми ва илми-техники мухолиф бошад, нусхаи аслии хулосаи экспертизаи илми ва илми-техники якчоя бо нусхаи аслии карори зикршуда бояд аз тарафи фармоишгар ва ичрокунандаи экспертиза нигох дошта шавад.
  9. Хулосаи экспертизаи илми ва илми-техники (ё кисми асосии он) мумкин аст бо риояи талаботи Конуни мазкур нашр карда шавад.
  10. Хулосаи эксперти моликияти фармоишгари экспертизаи илми ва илми-техники мебошад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартнома барои гузарондани экспертиза тартиби дигар пешбини нагардида бошад.
  11. Хулосаи эксперти ва натичахои дигаре, ки дар рафти гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники ба даст омадаанд, ба натичахои фаъолияти илми-техники тааллук доранд.
  12. Хулосаи экспертизаи давлатии илми ва илми-техники ва экспертизаи махсуси илми ва илми-техники барои фармоишгари он хуччати хатми мебошад ва хангоми тахияи карор, ки барои асоснок кардани он экспертизаи мазкур гузаронда шудааст, ба эътибор гирифта мешавад.
  13. Хулосаи экспертизаи чамъиятии илми ва илми-техники хусусияти тавсияви дорад ва хангоми кабул кардани карорхои дахлдор аз тарафи фармоишгарон дар баробари хулосахои экспертизаи давлатии илми ва илми-техники ба эътибор гирифта мешавад.
  14. Агар экспертизаи чамъиятии илми ва илми-техникиро ташкилоте гузаронда бошад, ки барои фаъолияти эксперти сертификати давлати дорад, он гох хулосаи он аз руи ахамият ба хулосаи экспертизаи давлати баробар дониста мешавад.

 

  Моддаи 20. Холатхои вайрон кардани коидахои экспертизаи илми  ва илми-техники

  1. Холатхои зерин вайрон кардани коидахои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники хисоб мешаванд:

– ба экспертиза пешниход накардани асноди (иттилооти) зарури;

– такаллубкори дар мавод, маълумот ва ракамхое, ки ба экспертиза пешниход шудаанд, хамчунин маълумот дар бораи натичахои гузарондани он;

– мачбур кардани эксперт ба тахияи хулосаи гайривокеии экспертиза;

– ба вучуд  овардани монеъахо дар гузарондани экспертиза;

– канорагири аз пешниходи маводу маълумот ва нишондодхои зарури ба макомоти махсуси ваколатдори давлати дар сохаи экспертиза, ташкилотхои эксперти ва экспертхо;

– беасос будани хулосахои экспертиза;

– такаллубкори дар хулосахои экспертиза;

– аз фармоишгари экспертиза пинхон доштани асосхои рад кардани эксперт;

– такаллубкори дар иттилоот ва маълумот дар бораи натичахои экспертизаи гузаронидашуда;

– дахолати бавосита ё бевоситаи гайриконуни ба раванди эксперти ба максади расонидани таъсир ба натичахои экспертиза;

– аз тарафи субъектхои экспертиза вайрон кардани хукуки муаллифи ва хукуки моликият нисбат ба объекти экспертиза ё натичахои он;

– риоя накардани шартхои махфияти иттилооте, ки аз тарафи эксперт дар чараёни кори у ба даст омадааст.

2.Вайрон кардани коидахои экспертизаи илми ва илми-техники боиси беэътибор донистани экспертиза ва хулосаи экспертизаи илми ва илми-техники мегардад.

 

Моддаи 21. Таъминоти иктисоди ва моддиву техникии экспертизаи  илми ва илми-техники

1.Экспертизаи илми ва илми-техники аз хисоби маблагхои фармоишгар гузаронда мешавад, агар хангоми  бастани шартнома барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

2.Экспертизаи илми ва илми-техники дар асоси хисоббаробаркунии байни фармоишгар ва ичрокунандаи экспертизаи илми ва илми-техники анчом дода намешавад.

3.Маблагхои бучети барои гузарондани экспертизаи давлатии илми ва илми-техники ба маблаггузории корхои илми-тахкикоти ва тачрибави-конструктори дохил мешаванд.

4.Экспертизае, ки бо супориши макомоти давлати, ташкилоти (муассисаи) давлатии дар таъминоти бучет карордошта гузаронда мешавад, мумкин аст аз хисоби маблагхои бучетии ба ин ташкилот чудогардида маблаггузори карда шавад.

5.Ба ухдадорихои фармоишгар тибки шартнома барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники таъмини моддиву техникии гузарондани экспертиза, таъмин бо бино, тачхизот, наклиёт, воситахои алока ва монанди инхо дохил шуда метавонад.

 

 

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 22. Муносибатхои байналмилали дар сохаи ташкил ва гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники

1.Муносибатхои байналмилали доир ба гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники дар асоси шартномахо ва созишномахои байналмилали бо назардошти анъанахое, ки дар фаъолияти экспертии байналмилали мукаррар шудаанд, танзим карда мешаванд.

2.Фармоишгарон хак доранд барои гузарондани экспертизаи илми ва илми-техники намояндагони ташкилотхои байналмилалии эксперти ва экспертхои хоричиро, ки дар фаъолияти эксперти ихтисоси мувофик доранд, даъват намоянд.

3.Ташкилотхои эксперти ва экспертхо метавонанд ба созмонхои байналмилалии эксперти дохил шаванд, хамчунин бо супориши созмонхои байналмилали, давлатхо, шахсони хукуки ва шахрвандони хоричи экспертизаи илми ва илми-техники гузаронанд.

 

           Моддаи 23. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

        Моддаи 24. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии  Точикистон         Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 12 январи соли 2010,

№593

1

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …