Главная / Илм / ЭХТИЁТКУНИИ ЧАШМОН ВА ИСТЕЪМОЛИ ВИТАМИНХО

ЭХТИЁТКУНИИ ЧАШМОН ВА ИСТЕЪМОЛИ ВИТАМИНХО

Пас аз дуруст ташкил намудани чои кории худ, барои кам кардани шиддатхои фикри ва чисмони бояд коидахои зерини речаи кориро риоя намуд:

  •  Пас аз хар як соати кори 5-10 дакика ё пас аз ду соати кори 15-20 дакика танаффус намудан.
  •  Вакти танаффусро барои истирохати фаъол ва гимнастикаи чашмон истифода бурдан – аз кресло нахеста пуштмонакро ба таври амуди овардан, чашмонро калон кушодан ва ба пеш нигох кардан.
  •  Аз чой хестан ва гимнастикаи чашмонро давом додан: ба тарафхои гуногун зуд-зуд нигох кардан, чашмонро харакати даврашакл додан, пушидан, чашмаки задан, молиши сабуки чашм кардан ва гайрахо.

komputer

Агар хангоми коркуни шумо хис кунед, ки чашмонатон сахт дард мекунанд ва дар оина бинед, ки онхо сурх шудаанд, он гох аз як катра доруи чашм – «Visine» истифода баред. Барои хастагии умумиро бартараф кардан бошад, машкхои мукаррарии чисмониро ичро намоед. Хохед, ки ин коидахо натичахои дилхохи худро диханд, дар вакти муайяншуда ба таври ратсионали хурок истеъмол намоед. Организми шахсони дар назди компютер доимокоркунанда ба витаминхо ва микроэлементхо эхтиёчи зиёдтар доранд. Дар бораи баъзе аз витаминхо маълумот медихем:

  •  Витамини А (ретинол) ба баркароршавии функсияхои чашмон мусоидат намуда, кобилияти биниши рангхоро зиёдтар менамояд. Ин витамин дар махсулотхои аз хайвоноту паррандагон истехсолкардашуда хеле зиёд аст. Чигари хайвоноту мохихои
  • бахри, тухм, шир, равгани маска ва панир дар худ ба микдори зиёд витамини А доранд. Дар махсулотхои аз растанихо тайёркардашуда, витамини А дар шакли каротин мавчуд аст. Истеъмоли сабзи, зардолу, карам, лубиёи сабз ва гайрахо ба кабули витамини А сабаб мегарданд. Агар ба чои махсулотхои витаминдор нимвитаминхои тайёр истеъмол карда шавад, он гох меъёри шабонарузи 1,5 мг аст.
  •  Витамини В2 (рибофлавин) низ ба биниши чашмон таъсири мусбат расонида, дар синтези гемоглобин иштирок менамояд. Хангоми нарасидани ин витамин чашмон зуд монда ва сурх мешаванд ва аз онхо гайриихтиёр ашк мерезад. Витамини В2 дар хамиртуруш, чормагз, гушт ва махсулотхои галладонагиву лубиёги хеле зиёд аст. Меъёри истеъмолии витамини В2 ба 2,5 мг баробар аст.
  •  Витамини С (кислотаи аскорбин) дар равандхои мубодилаи моддаи организм, углеводхо, баркароршавии хучайрахо ва гайрахо иштирок менамояд. Нарасидани витамини С организмро бекувват гардонида, онро ба омилхои номусоиди мухити атроф хеле хасос мегардонад. Витамини С дар мармичони сиёх, хуч ва петрушка хеле зиёд аст. Меъёри шабонарузии истеъмоли ин витамин 70-100 мг аст.

Хонандагони азиз! Хотиррасон менамоем, ки дар истифодаи витамин ва нимвитаминхо эхтиёткор будан зарур аст. Меъёри истеъмол ва речаи кабулкунии онхоро катъиян риоя намудан лозим аст.

 Саволхо:

  1. Пас аз як соати кории назди экран чи кадар бояд дам гирифт? Пас аз ду соат – чи?
  2. Гимнастикаи чашм гуфта чиро мефахмед?
  3. Витамини А кадом хосиятхоро дорост?
  4. Организмро бо витамини А чи тавр таъмин кардан мумкин аст?
  5. Витаминхои В2 ва С-ро дар як шабонаруз чи кадар истеъмол кардан мумкин аст?

 Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Хосиятхои витаминхои А, В2 ва С-ро дар дафтаратон нависед ва кайд кунед, ки онхо дар таркиби кадом махсулотхо зиёданд.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …