Главная / Илм / ЭҲТИЁТКУНИИ ЧАШМОН ВА ИСТЕЪМОЛИ ВИТАМИНҲО

ЭҲТИЁТКУНИИ ЧАШМОН ВА ИСТЕЪМОЛИ ВИТАМИНҲО

Пас аз дуруст ташкил намудани ҷои кории худ, барои кам кардани шиддатҳои фикрӣ ва ҷисмонӣ бояд қоидаҳои зерини реҷаи кориро риоя намуд:

  •  Пас аз ҳар як соати корӣ 5-10 дақиқа ё пас аз ду соати корӣ 15-20 дақиқа танаффус намудан.
  •  Вақти танаффусро барои истироҳати фаъол ва гимнастикаи чашмон истифода бурдан – аз кресло нахеста пўштмонакро ба таври амудӣ овардан, чашмонро калон кушодан ва ба пеш нигоҳ кардан.
  •  Аз ҷой хестан ва гимнастикаи чашмонро давом додан: ба тарафҳои гуногун зуд-зуд нигоҳ кардан, чашмонро ҳаракати даврашакл додан, пўшидан, чашмакӣ задан, молиши сабуки чашм кардан ва ғайраҳо.

komputer

Агар ҳангоми коркунӣ шумо ҳис кунед, ки чашмонатон сахт дард мекунанд ва дар оина бинед, ки онҳо сурх шудаанд, он гоҳ аз як қатра доруи чашм – «Visine» истифода баред. Барои хастагии умумиро бартараф кардан бошад, машқҳои муқаррарии ҷисмониро иҷро намоед. Хоҳед, ки ин қоидаҳо натиҷаҳои дилхоҳи худро диҳанд, дар вақти муайяншуда ба таври ратсионалӣ хўрок истеъмол намоед. Организми шахсони дар назди компютер доимокоркунанда ба витаминҳо ва микроэлементҳо эҳтиёҷи зиёдтар доранд. Дар бораи баъзе аз витаминҳо маълумот медиҳем:

  •  Витамини А (ретинол) ба барқароршавии функсияҳои чашмон мусоидат намуда, қобилияти биниши рангҳоро зиёдтар менамояд. Ин витамин дар маҳсулотҳои аз ҳайвоноту паррандагон истеҳсолкардашуда хеле зиёд аст. Ҷигари ҳайвоноту моҳиҳои
  • баҳрӣ, тухм, шир, равғани маска ва панир дар худ ба миқдори зиёд витамини А доранд. Дар маҳсулотҳои аз растаниҳо тайёркардашуда, витамини А дар шакли каротин мавҷуд аст. Истеъмоли сабзӣ, зардолу, карам, лубиёи сабз ва ғайраҳо ба қабули витамини А сабаб мегарданд. Агар ба ҷои маҳсулотҳои витаминдор нимвитаминҳои тайёр истеъмол карда шавад, он гоҳ меъёри шабонарўзӣ 1,5 мг аст.
  •  Витамини В2 (рибофлавин) низ ба биниши чашмон таъсири мусбат расонида, дар синтези гемоглобин иштирок менамояд. Ҳангоми нарасидани ин витамин чашмон зуд монда ва сурх мешаванд ва аз онҳо ғайриихтиёр ашк мерезад. Витамини В2 дар хамиртуруш, чормағз, гўшт ва маҳсулотҳои ғалладонагиву лўбиёгӣ хеле зиёд аст. Меъёри истеъмолии витамини В2 ба 2,5 мг баробар аст.
  •  Витамини С (кислотаи аскорбин) дар равандҳои мубодилаи моддаи организм, углеводҳо, барқароршавии ҳуҷайраҳо ва ғайраҳо иштирок менамояд. Нарасидани витамини С организмро беқувват гардонида, онро ба омилҳои номусоиди муҳити атроф хеле ҳасос мегардонад. Витамини С дар мармиҷони сиёҳ, хўч ва петрушка хеле зиёд аст. Меъёри шабонарўзии истеъмоли ин витамин 70-100 мг аст.

Хонандагони азиз! Хотиррасон менамоем, ки дар истифодаи витамин ва нимвитаминҳо эҳтиёткор будан зарур аст. Меъёри истеъмол ва реҷаи қабулкунии онҳоро қатъиян риоя намудан лозим аст.

 Саволҳо:

  1. Пас аз як соати кории назди экран чӣ қадар бояд дам гирифт? Пас аз ду соат – чӣ?
  2. Гимнастикаи чашм гуфта чиро мефаҳмед?
  3. Витамини А кадом хосиятҳоро дорост?
  4. Организмро бо витамини А чӣ тавр таъмин кардан мумкин аст?
  5. Витаминҳои В2 ва С-ро дар як шабонарўз чӣ қадар истеъмол кардан мумкин аст?

 Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Хосиятҳои витаминҳои А, В2 ва С-ро дар дафтаратон нависед ва қайд кунед, ки онҳо дар таркиби кадом маҳсулотҳо зиёданд.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …