Главная / Гуногун / Дуо барои оилаи навбунёд

Дуо барои оилаи навбунёд

Пайгамбар (с) дар хакки оилаи навбунёд чунин дуо мекарданд:

«Боракаллоху лака ва борака алайка ва чамаъа байнакумо фи хайр. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин».

Тарчума: Худованд ба шумо баракат иноят фармояд ва кори шуморо бобаракат кунад ва пайвандатонро муборак ва боиси хайр гардонад.

*        *        *        *        *

oila

«Аллохумма-чъал хоза-л-акда маймунам-муборакан, ва-чъал-байнахумо улфатав-ва маваддатав-ва кароро. Ва ло тачъал байнахумо нафратав-ва фитнатав-ва фироро. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин».

Тарчума: Парвардгоро, бигардон ин акдро саодатманду муборак ва коим бигардон байни онон ошнои, дусти ва ороми. Ва магардон байни онон нафрат, фитна ва гурехтан.

*****

«Аллохумма аллиф байнахумо камо аллафта байна Одама ва Хавво. Ва аллиф байнахумо камо аллафта байна Юсуфа ва Зулайхо. Ва аллиф байнахумо камо аллафта байна Мухаммадани-л-Мустафо ва Хадичата-л-Кубро. Ва аллиф байнахумо камо аллафта байна Алийини-л-Муртазо ва Фотимата-з-Захро. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин».

Тарчума: Парвардгоро, улфати байни арусу домодро мисли улфати байни Хазрати Одам ва Хавво гардони. Ва улфати байни эшонро мисли улфати Хазрати Юсуф ва Зулайхо гардони. Ва улфати байни эшонро мисли улфати Хазрати Мухаммади Мустафо ва Хадичаи Кубро гардони. Ва улфати байни эшонро мисли улфати Хазрати Алии Муртазо ва Фотимаи Захро гардони. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Умедворам, ки Худованд ин ду завчи чавонро мазиди тавфик иноят фармояд, бо мехру вафову сафову самимият то охири умр байни инхо чамъ бифармояд, дар дунёву охират хамсари хамдигар бошанд то дар бихишти барин. Ва нихоятан авлоди солиму солеху муслеху муфриду донишманду муфид барои худашон ва хонаводаву чамъи чомеаи инсониву уммати исломи ироа ва хадя бидиханд. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

                                  *             *             *             *             *

Худованд ба ин арусу домод остонаи баланди бахту саодатро насибу рузи гардонида, эшонро хизматгузори падару модаронашон созад. Ва падару модари эшонро дуогуйи ин арусу домоди нозанин гардонад. Худованд ба ин навхонадорон фарзандони исломи ато намуда, ба хар як орзуву хавасе, ки дар дилхояшон бошад, восил гардонад. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Илохо, имруз рузи хушбахтии духтарамон, ки Худованди таоло ба туи арусияш мушарраф гардонид ва аз хамин руз cap карда дар хонаи бахташ ба зиндагони ва рузгори нав омодааст. Дуо мекунем, ки келину домод якруву якчо шуда, мехру мухаббати хамдигар дар дилхояшон чои гирифта, дар хизмати хонадони навашон коиммаком гарданд ва шоистаи хонадонашон шуда, бар дуои неки падару модархояшон мушарраф гарданд. Доимо бо тоату ибодат хаётро ба cap бурда, аз фарзандони солеху боодобу окил бонасиб гарданд. Илохо, ин арусу домодро хизмаггузори рохи ислом гардонида, ба касбу кор, ба умру нон, ба молу мулкашон файзу баракат ато намуда, ба мехру мухаббати хамдигар сазовор гардони. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Илохо, ба ин арусу домод остонаи баланди бахту саодати абадиро насибу рузи гардони. Файзу футух хайру баракатро дар хонадонашон ато гардони. Хардуро дар хайру офиятманди, якчояги ва иттифоку якдигарфахми ба камол расони. Ба волидайнашон хизматхои шоиста намуда, ба дуои эшон сазовор шуданро насиб гардони. Тоату ибодат ва ихлосу эътикодашонро ба Худованди Карим зиёда гардони. Хизматхояшон, химматхояшон ва саховату амалхои хайрашонро дастгири охирату соябони киёматашон гардони. Дар оянда барояшон фарзандхои покизаву накукор ва дар рохи ислом хизматгузор ато фармои. Ба касбу корашон, умру нонашон, молу мулкашон файзу баракотро насибу рузи гардони. Хамаи орзу ва матлабу максуде, ки дар дил дошта бошанд, аз лутфи амимат баровардаи хайр гардони. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …