Главная / Гуногун / Дуо барои оилаи навбунёд

Дуо барои оилаи навбунёд

Пайғамбар (с) дар ҳаққи оилаи навбунёд чунин дуо мекарданд:

«Боракаллоҳу лака ва борака алайка ва ҷамаъа байнакумо фӣ хайр. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин».

Тарҷума: Худованд ба шумо баракат иноят фармояд ва кори шуморо бобаракат кунад ва пайвандатонро муборак ва боиси хайр гардонад.

*        *        *        *        *

oila

«Аллоҳумма-ҷъал ҳоза-л-ақда маймунам-муборакан, ва-ҷъал-байнаҳумо улфатав-ва маваддатав-ва қароро. Ва ло таҷъал байнаҳумо нафратав-ва фитнатав-ва фироро. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин».

Тарҷума: Парвардгоро, бигардон ин ақдро саодатманду муборак ва қоим бигардон байни онон ошноӣ, дӯстӣ ва оромӣ. Ва магардон байни онон нафрат, фитна ва гурехтан.

*****

«Аллоҳумма аллиф байнаҳумо камо аллафта байна Одама ва Ҳавво. Ва аллиф байнаҳумо камо аллафта байна Юсуфа ва Зулайхо. Ва аллиф байнаҳумо камо аллафта байна Муҳаммадани-л-Мустафо ва Хадиҷата-л-Кубро. Ва аллиф байнаҳумо камо аллафта байна Алийини-л-Муртазо ва Фотимата-з-Заҳро. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин».

Тарҷума: Парвардгоро, улфати байни арӯсу домодро мисли улфати байни Ҳазрати Одам ва Ҳавво гардонӣ. Ва улфати байни эшонро мисли улфати Ҳазрати Юсуф ва Зулайхо гардонӣ. Ва улфати байни эшонро мисли улфати Ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва Хадиҷаи Кубро гардонӣ. Ва улфати байни эшонро мисли улфати Ҳазрати Алии Муртазо ва Фотимаи Заҳро гардонӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Умедворам, ки Худованд ин ду завҷи ҷавонро мазиди тавфиқ иноят фармояд, бо меҳру вафову сафову самимият то охири умр байни инҳо ҷамъ бифармояд, дар дунёву охират ҳамсари ҳамдигар бошанд то дар биҳишти барин. Ва ниҳоятан авлоди солиму солеҳу муслеҳу муфриду донишманду муфид барои худашон ва хонаводаву ҷамъи ҷомеаи инсониву уммати исломӣ ироа ва ҳадя бидиҳанд. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

                                  *             *             *             *             *

Худованд ба ин арусу домод остонаи баланди бахту саодатро насибу рӯзӣ гардонида, эшонро хизматгузори падару модаронашон созад. Ва падару модари эшонро дуогӯйи ин арӯсу домоди нозанин гардонад. Худованд ба ин навхонадорон фарзандони исломӣ ато намуда, ба ҳар як орзуву ҳавасе, ки дар дилҳояшон бошад, восил гардонад. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Илоҳо, имрӯз рӯзӣ хушбахтии духтарамон, ки Худованди таоло ба тӯи арӯсияш мушарраф гардонид ва аз ҳамин рӯз cap карда дар хонаи бахташ ба зиндагонӣ ва рӯзгори нав омодааст. Дуо мекунем, ки келину домод якруву якҷо шуда, меҳру муҳаббати ҳамдигар дар дилҳояшон ҷоӣ гирифта, дар хизмати хонадони навашон қоиммақом гарданд ва шоистаи хонадонашон шуда, бар дуои неки падару модарҳояшон мушарраф гарданд. Доимо бо тоату ибодат ҳаётро ба cap бурда, аз фарзандони солеҳу боодобу оқил бонасиб гарданд. Илоҳо, ин арӯсу домодро хизмаггузори роҳи ислом гардонида, ба касбу кор, ба умру нон, ба молу мулкашон файзу баракат ато намуда, ба меҳру муҳаббати ҳамдигар сазовор гардонӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Илоҳо, ба ин арӯсу домод остонаи баланди бахту саодати абадиро насибу рӯзӣ гардонӣ. Файзу футуҳ хайру баракатро дар хонадонашон ато гардонӣ. Ҳардуро дар хайру офиятмандӣ, якҷоягӣ ва иттифоқу якдигарфаҳмӣ ба камол расонӣ. Ба волидайнашон хизматҳои шоиста намуда, ба дуои эшон сазовор шуданро насиб гардонӣ. Тоату ибодат ва ихлосу эътиқодашонро ба Худованди Карим зиёда гардонӣ. Хизматхояшон, ҳимматҳояшон ва саховату амалҳои хайрашонро дастгири охирату соябони қиёматашон гардонӣ. Дар оянда барояшон фарзандҳои покизаву накӯкор ва дар роҳи ислом хизматгузор ато фармоӣ. Ба касбу корашон, умру нонашон, молу мулкашон файзу баракотро насибу рӯзӣ гардонӣ. Ҳамаи орзу ва матлабу мақсуде, ки дар дил дошта бошанд, аз лутфи амимат баровардаи хайр гардонӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …