Главная / Гуногун / Давлати Гуриён

Давлати Гуриён

Гуриён – сулолаи суннимазхаби точикони Афгонистони хозира, аз Хонадони Шонасбониён (Гуриён) аст. Сарсулолаи хонадон Сури ибни Мухаммад, сарвари кабилаи вилояти Мандеши кишвари Гур) буд. Шонасбониён (Гуриён) шохони давлати Гуриён – давлати дуюми таърихии точикон дар Хуросон буданд. Давлати Гуриён солхои 1150 – 1215 арзи хасти намудааст ва пойтахташ шахри Гур буд, ки алхол ин шахр дар маркази чугрофии Афгонистони хозира карор дорад.

Гуриён

Сари кудрат омадани Гуриён

Охири асри ХI дар Гур айёми баркароршавии муносибати феодали буд. Дар нимаи дувуми асри ХI ва нимаи аввали асри ХII доираи хокимияти маликхои вилояти Мандеш хеле вусъат пайдо намуда, ба тамоми Гур пахн гардид. Дар миёнахои асри ХIIдавлати феодалии Гуриён таъсис ёфт. Хокимони Гур баъзе вактхо исман ба шинохтани хокимияти олии Газнавиён мачбур шуда бошанд хам, вале дар зарфи чандин дахсолахо бар зидди ин сулола мубориза бурдаанд. Нихоят, онхо заиф шудани давлати газнавиро фурсати мусоид дарёфта, истиклолияти худро аз нав ба даст оварданд ва дар ахди хукмронии Кутбиддин Махмуди Гури ба rувваи бузурге сохиб гардиданд.

Ин буд, ки Бахромшох (яке аз охирин султонони газнави) аз афзудани иктидори Гуриён ва шухрат ёфтани Кутбиддин Махмуди Гури тарсида, вайро бо рохи фиреб ба Газна биёвард ва ба хабс гирифта, пас аз чанде захр дода халок намуд. Бо вучуди ин, дигарбора тасарруф кардани давлати Гур ба Бахромшох муяссар нагардид. Бахромшохи Газнави дар чанд мухорибаи шадиде, ки байни у ва бародарони Кутбиддин ба амал омаданд, якзайл шикаст хурд.

Бокимондахои Мадрасаи «Шохи Машхад» (Барои реферат ё кори курси)

Асосгузори давлати Гуриён Алоуддин Хусейн(Чахонсуз) соли 1150 ба Бахромшохи Газнави шикасти халкунанда расонида шахри Газнаро забт намуд ва оташ зад (аз инчо лакаби Алоуддин Хусейн- Чахонсуз пайдо щудааст). Вале муборизаи Газнавиён ва Гуриён бо ин хама ба итмом нарасид. Дар соли 1186–87 бародарзодаи Алоуддин Хусейн – Гиёсиддин Мухаммади Гури дар яке аз чангхо охирин хонадони газнави, Хокими Лохур – Хисравмаликро асир карда, ба пойтахти давлати Гур – Фирузкух фиристод. Бо хамин салтанати Газнавиён тамоман аз миён бардошта шуд. Гуриён хокимияти Газнавиёнро бархам дода, хукмрони давлати бузурге гардиданд, ки дере нагузашта худуди он дар натичаи футухоти минбаъдаи онхо хеле вусъат пайдо намуд. Маркази ин давлат хамоно Гур буд.

Нашъу намои давлати Гуриён

Султононхои Гур кувваи зиёдеро ташкил мекарданд. Дар ихтиёри онхо кушуни пуршуморе буд, ки дастахои низомии кабилахоро низ дар бар мегирифт. Гайр аз ин, онхоро ашрофи феодалии точик дар кухистони Бадахшон ва хавзаи дарёи Аму пуштибони менамуданд. Дар охири асри ХII махалхои чанубии Точикистон) ва Узбекистони кунунй, аз чумла, нохияи Вахш, Чагониён, Шугнон ва Вахон ба хайъати давлати Гурихо дохил карда шуданд. Солхои 1152–1206 дурахшонтарин давраи таърихи мамлакати Гурихо хисоб мешавад.

Пешрафти бузурги иктисоди ва мадании давлати Гурихо низ ба хамин давра алокаманд аст. Лекин азбаски мамлакати Гурихо нисбат ба дигар махалхои Осиёи Миёна хеле акибмонда буд, ин пешравй дер давом накард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …