Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни закот

Дар баёни закот

Дар баёни закот

Дигар аз фароизи Худованди мутаол бар мусулмонон пардохтани закот аст. Дар ахамияти закот хамин бас аст, ки дар Куръони мачид пас аз намоз омада ва нишонаи имону сабаби растагори шумурда шудааст.

Касоне, ки пулу моли бисёр дошта бошанд, ба микдори муайян садака доданашон лозим аст, чунончи аз пул он микдор, ки ба хисоби тилло ба бист мискол расад. Аз бист мискол тилло ним мискол пардохта мешавад. Аз сабаби он ки кимати пул пасту баланд мешавад, хама вакт кимати он ба арзиши тилло хисоб карда мешавад.

Бист мискол тилло такрибан ба 85 грамм баробар аст. Ним мисколи он такрибан 1\2 граммро ташкил медихад.

Нисоби хайвонот бошад, аз гов – аз си адад якто, аз бузу гусфанд, чамъ аз чихил адад якто, аз шутур бошад, дар панч шугур як гусфанд медихад.

Хазрати пайгамбар (с) фармуданд, ки эй мардумон, адо кунед закоти молхои худро, бидонед ва огох бошед, ки хар касе тарк кунад ва надихад закотро уро намоз нест, уро руза нест, уро хач нест, уро чиход нест ва имони у комил нест, яъне хеч ибодаташ кабули даргохи Илохи намешавад.

Худои таборак ва таъоло туфта аст: он касоне, ки зару сим чамъ мекунанд ва нафака намекунанд онро дар рохи Худованд, яъне закоти он ба мустахикон намерасонанд, башорат дех эшонро ба азоби дарднок.

Бидонед, касе молаш ба закот расад ва закоти уро надихад, он молу пул дар рузи киёмат ба монанди море мешаванд, ки дар гардани у печида уро захр зада азоб мекунад.

 

Зар чамъ куни, барои се бегона:

Шуйи зану домоду аруси писарат.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

modar

Шеърхои бехтарин дар васфи Модар

Мухаббати модар Писар, рав, кадри модар дон, ки доим Кашад ранчи писар бечора модар. Бирав, …