Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни закот

Дар баёни закот

Дар баёни закот

Дигар аз фароизи Худованди мутаол бар мусулмонон пардохтани закот аст. Дар аҳамияти закот ҳамин бас аст, ки дар Қуръони маҷид пас аз намоз омада ва нишонаи имону сабаби растагорӣ шумурда шудааст.

Касоне, ки пулу моли бисёр дошта бошанд, ба миқдори муайян садақа доданашон лозим аст, чунончи аз пул он микдор, ки ба ҳисоби тилло ба бист мисқол расад. Аз бист мисқол тилло ним мисқол пардохта мешавад. Аз сабаби он ки қимати пул пасту баланд мешавад, хама вақт қимати он ба арзиши тилло хисоб карда мешавад.

Бист мисқол тилло тақрибан ба 85 грамм баробар аст. Ним мисколи он такрибан 1\2 граммро ташкил медиҳад.

Нисоби ҳайвонот бошад, аз гов – аз си адад якто, аз бузу гӯсфанд, ҷамъ аз чиҳил адад якто, аз шутур бошад, дар панҷ шугур як гӯсфанд медиҳад.

Ҳазрати пайғамбар (с) фармуданд, ки эй мардумон, адо кунед закоти молҳои худро, бидонед ва огоҳ бошед, ки хар касе тарк кунад ва надиҳад закотро ӯро намоз нест, ӯро рӯза нест, ӯро ҳаҷ нест, ӯро ҷиҳод нест ва имони ӯ комил нест, яъне ҳеҷ ибодаташ қабули даргоҳи Илоҳӣ намешавад.

Худои таборак ва таъоло туфта аст: он касоне, ки зару сим ҷамъ мекунанд ва нафақа намекунанд онро дар роҳи Худованд, яъне закоти он ба мустаҳиқон намерасонанд, башорат деҳ эшонро ба азоби дарднок.

Бидонед, касе молаш ба закот расад ва закоти ӯро надиҳад, он молу пул дар рӯзи қиёмат ба монанди море мешаванд, ки дар гардани ӯ печида ӯро заҳр зада азоб мекунад.

 

Зар ҷамъ кунӣ, барои се бегона:

Шӯйи зану домоду арӯси писарат.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …