Главная / Илм / Дарахти Гор

Дарахти Гор

Гор —  Ин дарахтест, ки баргашро хамчун хуриши хушбуйи таом ва хазмовар дар вакти пухтан ба хурокхо меандозанд. Баргашро ба забони руси лавровый лист меноманд, ки дар дуконхои хуроквори фурухта  мешавад.  Дарахташро дар сарзамини Кавкоз

мепарваранд ва дар дигар мамлакатхои гармистон аз ин ба таври васеъ истифода мебаранд. Сабзонидани ин дар Точикистон хам ривоч дорад. Номи точикии ин дарахт бохиштон аст. Баргаш дарозтар аз барги бед, вале гафстар ва шахшултар аз он аст. Самараш ба андозаи финдик ва хушбуй мебошад.

shoxi-daraxti-gor-lavr

  Мизочаш гарм ва хушк дар дарачаи дувум. Мизочи магзи самараш гармтар аз барг ва пусти он асг. Мизочи равганаш назар ба кисмхои дигари он, хатто аз магзи чормагз хам гармтар мебошад.

  Хислатхои шифобахши он. Хусусиятхои умумиаш: тахлилдиханда, фарахбахш, кувватафзо, равонкунандаи пешоб ва тарёки захрхо мебошад (хусусан самараш).

  Самарашро бо шароб биёшоманд, дарди сари балгами, бодхои бандшуда, саръ (припадка) ва васвосро шифо мебахшад; зехнро тез ва фахму фаросатро афзун мегардонад. Агар инро куфта, дар бини бирезанд, дарди нимсар ва кач шудани руйро шифо мебахшад.

  Равганашро бимоланд, дарди асабхоро таскин медихад, мондаги ва бечо шудани зехнро дафъ мекунад, инчунин даханхои рагхоро мекушояд.

  Самарашро дар равгани гулисурх ва сирко ё дар шароби кухна махин ос карда бичаконанд, дардхои гуногуни гушро, ки аз сарди бошанд, таскин медихад, чарангхои гуногуни даруни гуш ва гарони онро ба ибро меоварад, инчунин ин узвро кави мегардонад. Равганашро батакрор чаконанд хам, чунин хосият дорад.

  Баргашро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад.

  Барг ё самарашро махин куфта, бо асал хамир карда, лесида бихуранд ё бо шароби мусаллас биёшоманд, барои аксари беморихои аз хунуки содиршуда дору мешавад; агар бо сиканчабин биёшоманд, беморихои аз гарми ходисгаштаро дафъ мекунад; сустии рух, ростнафас, омадани моддахои гайри аз шуш, захмхои шуш, сурфаи кухна ва зик-ун-нафасро шифо мебахшад.

  Самарашро бихуранд, бодхои гализро тахлил медихад; инчунин дарди рудахо, кулинч (колит), беморихои чигар ва сипурзро шифо мебахшад. 9 грамм самари хушкашро ос карда бихуранд, дарди рудахоро дархол таскин медихад.

  Хурдани равгани гор дилро бехузур (бечо) мекунад, кай меоварад, вале пешоб ва хайзро равон месозад.

  Баргашро дар об чушонида, он обро бинушанд, беморихои хичак ва бачадонро шифо мебахшад; ва агар ин обро бо асал биёшоманд, барои беморихои аз сарди баамаломада дору мешавад ва бо сиканчабин бинушанд, иллатхои аз гарми ходисгаштаро ба ибро меоварад.

  Баргашро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд ё дар он об то ноф даромада нишинанд, беморихои гурда, хичак ва бачадонро шифо мебахшад.

  3,5 грамм пусти самари онро куфта бихуранд, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезбнад ва бачаи занони хомиларо дар шикамашон мекушад. Инчунин самарашро батакрор бихуранд, низ сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Ин самари онро занони хомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онхо меафтонад.

  Равганашро бимоланд, кашокаш ва аъзошикании табхоро дафь мекунад.

  Самарашро куфта, бо шароб биёшоманд, барои газидани мор, каждум ва дигар чонварони захрнок дору мешавад. Агар инро куфта гузошта банданд, газидани занбурхои гуногун (аз чумла занбури асал) ва хамчунин чонваронро сихат мебахшад.

  Самарашро куфта, бо нон ё бо орди чав хамир сохта гузошта банданд, дардхои луккосиро таскин медихад ва варамхои гармро мегардонад.

  Самараш ва равганашро бихуранд ва ё равганашро бимоланд, дардхои бугумхо, дарди камар ва гайраро таскин медихад ва шифо мебахшад.

  Самараш ва баргашро куфта, бо шароб сиришта бимоланд, доги сафеди пуст, догхои кунчидак ва дигар догхоро аз пуст дафъ мекунад.

  Вале хангоми ба дарун истеъмол намудани самараш ва равганаш меъдаро суст мекунад. Инчунин дилро бехузур (бечо) месозад, кай меоварад ва ба узвхои даруни сина хам зиён дорад. Давои хамаи ин зарархояш катиро хурдан аст.

  Микдори як бор хурдан аз самар ва барги гор дар як руз 2,25 грамм аст. 9 грамми онро бихуранд, дарунро меравонад. Агар махсулоти гор ёфт нашавад, ба чояш бодоми талх ва чамилакро истеъмол намоянд, раво мебошад.

  Яке аз хислатхои гор чунин аст, ки агар баргашро дар об чуш дода, он обро дар хона биношанд, магас ва хамин навъ чонварони зарарнок аз он чо мегурезанд. Инчунин баргхояшро пахн кунанд хам, хамин гуна таъсир дорад.

  Муаллифи китоби «Филоха» гуфтааст, ки «Чун барги онро бо даст бичинанд, ба тавре ки ба замин наафтад ва онро бар паси гуши худ гузоранд, хар кадар шароб, ки бинушанд, маст намегарданд. Чун дар чое, ки кудак бихобаду дар хоб битарсад, ин баргро бигузоранд, тифл дигар наметарсад».

  Аз чубаш асо сохта, бар он такя кунанд, чашмро тез мегардонад, чавонмардиро меафзояд. Мегуянд, ки агар бо он худро шустушу кунанд, таъсири сехрро дафъ мекунад. Чун рузи чоршанбе пеш аз баромадани офтоб онро сухта, дудашро бигиранд, касе, ки аз мардиаш махрум гапгга бошад, куввати аслиаш аз нав баркарор мешавад, кодир мегардад.

  Дастури гирифтани равгани гор чунин аст. Донаки онро нимкуфта дар об мечушонанд ва то хунук шуданаш мегузоранд. Он чй дар руйи об истад, чудо карда мегиранд — хамин равгани гор аст. Ё барг ва самари онро дар об мечушонанд, то он ки кувваташ ба об гузарад. Баъд он обро соф карда, аз болояш дучанди он равгани зайтун рехта, бо оташи мулоим то тамом шудани об мечушонанд. Вакте ки аз чуш монд, маълум аст, ки равган тайёр шудааст ва об батамом бухор гашта рафтааст. Вале эхтиёт кунанд, ки равган дог нашавад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …