Главная / Илм / Дарахти Ғор

Дарахти Ғор

Ғор —  Ин дарахтест, ки баргашро ҳамчун хӯриши хушбӯйи таом ва ҳазмовар дар вақти пухтан ба хӯрокҳо меандозанд. Баргашро ба забони русӣ лавровый лист меноманд, ки дар дӯконҳои хӯрокворӣ фурӯхта  мешавад.  Дарахташро дар сарзамини Қавқоз

мепарваранд ва дар дигар мамлакатҳои гармистон аз ин ба таври васеъ истифода мебаранд. Сабзонидани ин дар Тоҷикистон ҳам ривоч дорад. Номи тоҷикии ин дарахт боҳиштон аст. Баргаш дарозтар аз барги бед, вале ғафстар ва шахшӯлтар аз он аст. Самараш ба андозаи финдиқ ва хушбӯй мебошад.

shoxi-daraxti-gor-lavr

  Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи дувум. Мизоҷи мағзи самараш гармтар аз барг ва пӯсти он асг. Мизоҷи равғанаш назар ба қисмҳои дигари он, ҳатто аз мағзи чормағз ҳам гармтар мебошад.

  Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш: таҳлилдиҳанда, фараҳбахш, қувватафзо, равонкунандаи пешоб ва тарёқи заҳрҳо мебошад (хусусан самараш).

  Самарашро бо шароб биёшоманд, дарди сари балғамӣ, бодҳои бандшуда, саръ (припадка) ва васвосро шифо мебахшад; зеҳнро тез ва фаҳму фаросатро афзун мегардонад. Агар инро кӯфта, дар бинӣ бирезанд, дарди нимсар ва каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад.

  Равғанашро бимоланд, дарди асабҳоро таскин медиҳад, мондагӣ ва беҷо шудани зеҳнро дафъ мекунад, инчунин даҳанҳои рагҳоро мекушояд.

  Самарашро дар равғани гулисурх ва сирко ё дар шароби кӯҳна маҳин ос карда бичаконанд, дардҳои гуногуни гӯшро, ки аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад, ҷарангҳои гуногуни даруни гӯш ва гарони онро ба ибро меоварад, инчунин ин узвро қавӣ мегардонад. Равғанашро батакрор чаконанд ҳам, чунин хосият дорад.

  Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

  Барг ё самарашро маҳин кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд ё бо шароби мусаллас биёшоманд, барои аксари бемориҳои аз хунукӣ содиршуда дору мешавад; агар бо сиканҷабин биёшоманд, бемориҳои аз гармӣ ҳодисгаштаро дафъ мекунад; сустии рӯҳ, ростнафас, омадани моддаҳои ғайрӣ аз шуш, захмҳои шуш, сурфаи кӯҳна ва зиқ-ун-нафасро шифо мебахшад.

  Самарашро бихӯранд, бодҳои гализро таҳлил медиҳад; инчунин дарди рӯдаҳо, кулинч (колит), бемориҳои ҷигар ва сипурзро шифо мебахшад. 9 грамм самари хушкашро ос карда бихӯранд, дарди рӯдаҳоро дарҳол таскин медиҳад.

  Хӯрдани равғани гор дилро беҳузур (беҷо) мекунад, қай меоварад, вале пешоб ва ҳайзро равон месозад.

  Баргашро дар об чӯшонида, он обро бинӯшанд, бемориҳои хичак ва бачадонро шифо мебахшад; ва агар ин обро бо асал биёшоманд, барои бемориҳои аз сардӣ баамаломада дору мешавад ва бо сиканҷабин бинӯшанд, иллатҳои аз гармӣ ҳодисгаштаро ба ибро меоварад.

  Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд ё дар он об то ноф даромада нишинанд, бемориҳои гурда, хичак ва бачадонро шифо мебахшад.

  3,5 грамм пӯсти самари онро кӯфта бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезбнад ва бачаи занони ҳомиларо дар шикамашон мекушад. Инчунин самарашро батакрор бихӯранд, низ сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Ин самари онро занони ҳомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онҳо меафтонад.

  Равғанашро бимоланд, кашокаш ва аъзошикании табҳоро дафь мекунад.

  Самарашро кӯфта, бо шароб биёшоманд, барои газидани мор, каждум ва дигар ҷонварони заҳрнок дору мешавад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, газидани занбӯрҳои гуногун (аз ҷумла занбӯри асал) ва ҳамчунин ҷонваронро сиҳат мебахшад.

  Самарашро кӯфта, бо нон ё бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, дардҳои луккосиро таскин медиҳад ва варамҳои гармро мегардонад.

  Самараш ва равғанашро бихӯранд ва ё равғанашро бимоланд, дардҳои буғумҳо, дарди камар ва ғайраро таскин медиҳад ва шифо мебахшад.

  Самараш ва баргашро кӯфта, бо шароб сиришта бимоланд, доғи сафеди пӯст, доғҳои кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ мекунад.

  Вале ҳангоми ба дарун истеъмол намудани самараш ва равғанаш меъдаро суст мекунад. Инчунин дилро беҳузур (беҷо) месозад, қай меоварад ва ба узвҳои даруни сина ҳам зиён дорад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш катиро хӯрдан аст.

  Миқдори як бор хӯрдан аз самар ва барги ғор дар як рӯз 2,25 грамм аст. 9 грамми онро бихӯранд, дарунро меравонад. Агар маҳсулоти ғор ёфт нашавад, ба ҷояш бодоми талх ва ҷамилакро истеъмол намоянд, раво мебошад.

  Яке аз хислатҳои ғор чунин аст, ки агар баргашро дар об ҷӯш дода, он обро дар хона биношанд, магас ва ҳамин навъ ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд. Инчунин баргҳояшро паҳн кунанд ҳам, ҳамин гуна таъсир дорад.

  Муаллифи китоби «Филоҳа» гуфтааст, ки «Чун барги онро бо даст бичинанд, ба тавре ки ба замин наафтад ва онро бар паси гӯши худ гузоранд, ҳар қадар шароб, ки бинӯшанд, маст намегарданд. Чун дар ҷое, ки кӯдак бихобаду дар хоб битарсад, ин баргро бигузоранд, тифл дигар наметарсад».

  Аз чӯбаш асо сохта, бар он такя кунанд, чашмро тез мегардонад, ҷавонмардиро меафзояд. Мегӯянд, ки агар бо он худро шустушӯ кунанд, таъсири сеҳрро дафъ мекунад. Чун рӯзи чоршанбе пеш аз баромадани офтоб онро сӯхта, дудашро бигиранд, касе, ки аз мардиаш маҳрум гапгга бошад, қуввати аслиаш аз нав барқарор мешавад, қодир мегардад.

  Дастури гирифтани равғани ғор чунин аст. Донаки онро нимкӯфта дар об меҷӯшонанд ва то хунук шуданаш мегузоранд. Он чй дар рӯйи об истад, ҷудо карда мегиранд — ҳамин равғани ғор аст. Ё барг ва самари онро дар об меҷӯшонанд, то он ки қувваташ ба об гузарад. Баъд он обро соф карда, аз болояш дучанди он равғани зайтун рехта, бо оташи мулоим то тамом шудани об меҷӯшонанд. Вақте ки аз ҷӯш монд, маълум аст, ки равган тайёр шудааст ва об батамом бухор гашта рафтааст. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нашавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …