Дамидани сур
Расул (с) фармуданд: – То вакте ки некон дар миёни мардумон бошанд. Хак таъоло киёматро коим накунад, аммо чун замона ба охир расаду фасод дар замин зохир гардад, фармонн Хак таъоло ба Исрофил дар расад, ки эй Исрофил (а), сурро бидам!
Исрофил (а) сурро дамад, чазаь ва фазаъ ва хайбату тарс дар замину осмону малакут афтад. Замин ларзидан гирад, чунон ки Хак таъоло аз он хол хабар дода аст.
Ларза дар замин афтад, хар ширдиханда аз шир додан бозмонад, хамаи бордорон ба якбораги, аз он чумла занхо ва хайвонотн хомила, борхояшонро бипартоянд. Одамиён аз хайбати киёмат ва сахтии азоби Худованд хамчун мастон бияфтанд.
Хак таъоло дар Каломи мачиди худ аз он хол хабар медихад:
“Битарсед аз Худои таъоло ба дурустие, ки зилзилаи рузи киёмат чизи бузург аст” ва ин дамидани сури аввал аст, ки ; Исрофил се карат сурро медамад.
Дамидани аввалро нафхаи фазаъ гуянд. Дамидани дуюмро нафхаи саък гуянд. Дамидани сеюмро нафхаи баъс хонанд. Чун нафхаи дуюмро дамад, хамаи чондорон бимиранд ва чун нафхаи сеюмро дамад, хама ба якбораги зинда шаванд ва чун Хак таъоло хохад, ки халоикро зинда гардонад, фармон дихад то абре барояд ва чихил щабонаруз борон борад. Дар он чихил шабонаруз обе меборад аз осмон монанди мании мардон. Чунон ки аз Машрик то ба Магриб хама чо аз он об пур шавад. Он об бо хок якчоя шавад ва боз Хак таъоло сурати халоикро падид орад ва чисму часади хамаро тамом гардонад, чунон ки дар аввал буданд.
Он гох чумлаи арвохро дар шохахои сур дароваранд ва сурро хафт шох бошад. Чун Исрофил сур дардамад, арвохи чумла ба якбораги дар хаво паррон шаванду хар рух ба колаби худ дарояд. Аз фариштагон аввал чахор малаки мукаррабро зинда гардонад. Яъне Чабраил ва Микоил ва Исрофил ва Азроил алайхиму-с-саломро. Аз одамиён аввал хазрати Мухаммади Мустафо салаллоху алайхи ва салламро зинда гардонад.
Он чунон бошад, ки Чабраилро бо хафтод хазор фаришта ба дунё фиристад ва чахор чиз бо онхо бошад: асп, либоси чаннати, камарбанди чаннати ва точ.
Чабраил бо он фариштагон ба дунё фуруд оянд. Бубинанд хама чо хамвор шуда, хеч чой дар дунё аз баланди ва пасти намонда. Чабраил (а) Мадина ва равзаи Расул салаллоху алайхи ва салламро наёбад.
Гуяд: – Бор Худоё, ту донотари, ки равзаи хабиби туро намеёбам.
Фармон расад, ки, эй Чабраил, уро фарёд кун то туро чавоб дихад.
Чабраил (а) уро ба номхо фарёд мекунад: – Ё Хабибуллох, ё Халилуллох, ё Саиди коба кавсайн.
Ба хар ном, ки фарёд кунад, чавоб нашунавад ва чун гуяд: – Ё Шафеи музнибин, яъне эй шафоаткунандаи гунахгорон, хазрати Мухаммада Мустафо салаллоху алайхи ва саллам чавоб дихад.
Чабраил (а) ба сари равзаи тайибаи Хазрати Наби алайхи- с-салом ряду гуяд: – Бархез, эй Расулаллох.
Расул алайщи-с-салом чун овози Чабраил (а) бишунавад, хок аз муй ва руи худ бияфшонад ва гуяд: – Ё Чабраил, имруз чи руз аст?
Чабраил (а) гуяд, ки рузи хасрату надомат аст ва рузи киёмат аст.