Главная / Ҷамъият / Дамидани сур

Дамидани сур

Дамидани сур

Расул (с) фармуданд: – То вақте ки некон дар миёни мардумон бошанд. Ҳақ таъоло қиёматро қоим накунад, аммо чун замона ба охир расаду фасод дар замин зоҳир гардад, фармонн Ҳақ таъоло ба Исрофил дар расад, ки эй Исрофил (а), сурро бидам!

Исрофил (а) сурро дамад, чазаь ва фазаъ ва ҳайбату тарс дар замину осмону малакут афтад. Замин ларзидан гирад, чунон ки Ҳақ таъоло аз он ҳол хабар дода аст.

Ларза дар замин афтад, ҳар ширдиҳанда аз шир додан бозмонад, ҳамаи бордорон ба якборагӣ, аз он ҷумла занҳо ва ҳайвонотн ҳомила, борҳояшонро бипартоянд. Одамиён аз ҳайбати қиёмат ва сахтии азоби Худованд ҳамчун мастон  бияфтанд.

Ҳак таъоло дар Каломи маҷиди худ аз он ҳол хабар  медиҳад:

“Битарсед аз Худои таъоло ба дурустие, ки зилзилаи рӯзи қиёмат чизи бузург аст” ва ин дамидани сури аввал аст, ки ; Исрофил се карат сурро медамад.

Дамидани аввалро нафҳаи фазаъ гӯянд. Дамидани дуюмро нафҳаи саъқ гӯянд. Дамидани сеюмро нафҳаи баъс хонанд. Чун нафҳаи дуюмро дамад, ҳамаи ҷондорон бимиранд ва чун нафҳаи сеюмро дамад, ҳама ба якборагӣ зинда шаванд ва чун Ҳақ таъоло хоҳад, ки халоикро зинда гардонад, фармон диҳад то абре барояд ва чиҳил щабонарӯз борон борад. Дар он чиҳил шабонарӯз обе меборад аз осмон монанди мании мардон. Чунон ки аз Машриқ  то ба Мағриб ҳама ҷо аз он об пур шавад. Он об бо хок якҷоя шавад ва боз Ҳақ таъоло сӯрати халоикро падид орад ва ҷисму ҷасади ҳамаро тамом гардонад, чунон ки дар аввал буданд.

Он гоҳ ҷумлаи арвоҳро дар шохаҳои сур дароваранд ва сурро ҳафт шох бошад. Чун Исрофил сур дардамад, арвоҳи ҷумла ба якборагӣ дар ҳаво паррон шаванду ҳар рӯҳ ба қолаби  худ дарояд. Аз фариштагон аввал чаҳор малаки муқаррабро зинда гардонад. Яъне Ҷабраил ва Микоил ва Исрофил ва Азроил алайҳиму-с-саломро. Аз одамиён аввал ҳазрати Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва салламро зинда гардонад.

Он чунон бошад, ки Ҷабраилро бо ҳафтод ҳазор фаришта ба дунё фиристад ва чаҳор чиз бо онҳо бошад: асп, либоси ҷаннатӣ, қамарбанди ҷаннатӣ ва тоҷ.

Ҷабраил бо он фариштагон ба дунё фуруд оянд. Бубинанд ҳама ҷо ҳамвор шуда, ҳеҷ ҷой дар дунё аз баландӣ ва пастӣ намонда. Ҷабраил (а) Мадина ва равзаи Расул салаллоҳу алайҳи ва салламро наёбад.

Гӯяд: – Бор Худоё, ту донотарӣ, ки равзаи ҳабиби туро намеёбам.

Фармон расад, ки, эй Ҷабраил, ӯро фарёд кун то туро ҷавоб диҳад.

Ҷабраил (а) ӯро ба номҳо фарёд мекунад: – Ё Ҳабибуллох, ё Халилуллоҳ, ё Саиди қоба кавсайн.

Ба ҳар ном, ки фарёд кунад, ҷавоб нашунавад ва чун гӯяд: – Ё Шафеи музнибин, яъне эй шафоаткунандаи гунаҳгорон, хазрати Муҳаммада Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоб диҳад.

Ҷабраил (а) ба сари равзаи тайибаи Ҳазрати Набӣ алайҳи- с-салом ряду гӯяд: – Бархез, эй Расулаллох.

Расул алайщи-с-салом чун овози Ҷабраил (а) бишунавад, хок аз мӯй ва рӯи худ бияфшонад ва гӯяд: – Ё Ҷабраил, имрӯз чи рӯз аст?

Ҷабраил (а) гӯяд, ки рӯзи ҳасрату надомат аст ва рӯзи қиёмат аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …