Главная / Илм / ДОРУХОИ ВАСЕЪКУНАНДАИ РАГ

ДОРУХОИ ВАСЕЪКУНАНДАИ РАГ

dibazolДОРУХОИ ВАСЕЪКУНАНДАИ РАГ, моддахое, ки ташаннучи ногахонии рагхои хунро пешгири ё бартараф месозанд. Истеъмоли Д. мумкин аст фишори шараёнро паст кунанд. Ин дорухо барои табобати бемории гипертония ва диг. амрозе, ки пайваста бо ташаннучи рагхо чараён мегиранд, таъин карда мешаванд. Баъзе Д. ба рагхои узвхо, мас., дил таъсири хос мерасонанд. Аз ин ру онхоро дар мавриди табобати зики дил, сактаи дил ва диг. беморихо кор мефармоянд.
Д. аз руи тарзи таъсир миотропи ва нейротропи мешаванд. Дорухои миотропи (мас., дибазол, сулфати магний) бевосита ба мушакхои девораи раг таъсир намуда, тонуси онхоро паст мекунанд. Дорухои нейротропи, мас., клофелин (гемитон), резерпин ва г. ба танзими асаби тонуси рагхо дар асабияи маркази ва системаи асабхои канори таъсир расонда, рагхоро васеъ месозанд.
Д. аз руи суръати фарораси ва давомоти таъсир фарк доранд. Чунончи, дорухое, ки барои бемории гипертония истифода мешаванд (клофелин, резерпин ва г.), нисбатан зиёдтар (чанд соат) таъсир мерасонанд; дар айни хол суръати фарорасии таъсири онхо, одатан, чандон зиёд нест. Дорухое, ки барои рафъи ташаннучи рагхои дил истифода мешаванд, бояд зуд ва дар муддати чанд сония таъсир расонанд, чунки окибати хуручи зики дил хеле чидди аст. Нитроглитсерин чунин хосият дорад.
Д.-ро факат бо тавсияи духтур истеъмол бояд кард, зеро сабабхои ташаннучи рагхо гуногун мебошанд ва окибати табобати беасос бо ин дорухо хеле чиддист.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …